Мақола

Моҳият ва ҳадафҳои экстремизм, терроризм ва бархўрди тамаддунҳо дар замони ҳозира

Мафҳумҳои зиёдравӣ, таассуб, радикализм, ин зинаҳои инкишофи экстремизм (ифротгароӣ) калимаи лотинии extremus буда, маънояш тундравӣ, аз андоза гузаштан мебошад ва ифодагари пайравию ҷонибдорӣ аз амалу ақидаҳои тундравӣ, тундгароӣ мебошад. Шахсеро, ки дар фаъолияти худ аз амалҳои тундравию тундгароӣ ҷонибдорӣ менамояд, экстремист номидан хато нест. Ашхоси ҷонибдори амалҳои ифротгароёна асосан ягон намуди мусолиҳа, гуфтушунид, мувофиқаро қабул надоранд.

«Мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби гуфтугўи тамаддунҳо ва фарҳангҳо»

Абўҳанифа Нўъмон Ибни Собит, Имоми Аъзам (699-767) фақеҳ ва муҳаддис, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ дар оилаи тоҷири сарватманд таваллуд ёфта, дар синни 22- солагӣ шогирди яке аз фақеҳони машҳури ироқӣ Ҳаммод ибни Абўсулаймон гардидааст. Дар давоми 18 - сол, яъне то вафоти устодаш таълим гирифта, 10-сол баъди реҳлати устод маҳфили ўро ҳамчун фақеҳи бонуфузтарини Кўфа ва Басра сарварӣ намудааст. 

" Чист истиқлол - ҳиммат доштан"

Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас нерӯи истиқлол.
Кашад қад сӯи фардо, қомати дилҷӯйи истиқлол.
Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест.
Ҳазорон ташнаро сероб созад, ҷӯйи истиқлол.
Худоро, шукр мегӯям, ки ман соҳибватан ҳастам.
Надорам серие, то зиндаам аз рӯйи истиқлол!

Назари параллелӣ ба мушкилии сиёсисозии дин ҳамчун омили хатарзо

«Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад. Бинобар ин, мо ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, ба рушди онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ муносибат мекунем».                         

Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, маҳсули сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

14 -15 сентябри соли ҷорӣ Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

ТАЪЛИМОТИ БРОНИСЛАВ МАЛИНОВСКИЙ ДАР БОРАИ МОҲИЯТ ВА ВАЗИФАИ ФАРҲАНГ

Бронислав Малиновский (1884-1942) як намояндаи пешбари антропологияи иҷтимоӣ (этнология, қавмшиносӣ)-и бритониёӣ  аст, ки дар Полша (Лаҳистон) таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Ба гумон аст, ки ягон каси дигар, ба истиснои Ҷ. Фрейзер, Ф. Боас ва А. Рэдклифф-Браун ба инкишофи назария ва амалияи этнография ва этнологияи умумиљаҳонӣ мисли ӯ чунин таъсири калон расонда бошад.

ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ. Ва ё сухане чанд дар мавриди нақши Пешвои миллат ва рушди устувори Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ

Чи тавсифе беҳтар дар сифоти истиқлолу озодӣ аз ин тазаккури муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», посдору муаррифи анъанаҳои неки давлатдории мардуми тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда метавонад: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат

ДАР БАЁНИ ШАХСИ БАХИЛ

Як рӯз Расули Акрам (с) тавофи Каъба мекарданд. Диданд, ки шахсе даст дар ҳалқаи дари Каъба зада мегуфт: «Худовандо, ба иззати ин хона гуноҳи маро биёмурз».
Расул (с) аз ӯ пурсиданд:
-Гуноҳи ту чист?
гуфт: -Гуноҳи ман чунон бузург аст, ки васф карда намешавад.
Паёмбар гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузург аст ё замин?
-Гуфт: гуноҳи ман.
-Боз гуфтанд: гуноҳи ту азимтар аст ё арш?
-Гуфт: гуноҳи ман.
Боз гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузургтар аст ё Ҳақ Таъоло?
-Гуфт: Ҳақ Таъоло.

Страницы

Яндекс.Метрика