Аз Афлотун пурсиданд:
- Кадом кори инсон бароят ҳайратовар менамояд?
Афлотун ҷавоб дод:
- Кӯдакҳо ғамгин аз он мешаванд, ки зуд бузург намешаванд.
Ҳол он ки даврони кӯдакиро баъди бузургсолӣ ёд мекунанд.
- Барои ҷамъ кардани сарват, саломатиро аз даст медиҳанд.
Барои дубора барқарор кардани саломатӣ, сарвати ҷамъшударо сарф мекунанд, аммо бо вуҷуди ин, саломатии қаблиро дастрас намекунанд.
- Барои фардо дар гирдоби андеша медароянд ва имрӯзашонро фаромӯш мекунанд.




