Мақола

Бо некўкорӣ ва парҳезгорӣ мададгори якдигар бошем!

Дар дунёи имрўза тафовут (фарқҳо)-и мухталифе дар миёни афроди ҷомеа ба назар мерасад ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногунии сатҳи зиндагию вазъияти иқтисодии онҳо мебошад. Баъзе афроди ҷомеа сарватманд, баъзе фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ ҳаёт ба сар мебарад. Дар таълимоти исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда, баҳри кумаку мадади ниёзмандон  чораҳои зарурие ба назар гирифта шудааст.
 

БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД !

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯз маҳсуб ёфтааст. Ва тавре ба назар мерасад, таҳти таъсири омилҳои мухталиф имкон дорад, ки густариш ёбад дар байни ҷавонону наврасон. Ва низ мушоҳида мешавад, ки беш аз пеш ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ва кӯтоҳназар майл доранд ба ҷониби гурӯҳҳои тундгаро..

Нақши илм дар таъмини тафаккури созандаи ҷомеа (дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон ин пайванд намудани имл бо истеҳсолот аст. Ичунин ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мубрамияти дониши илмӣ дар он зоҳир мешавад, ки воқеиятҳоеро, ки одамон дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хеш бархӯрд мекунанд, тавсиф ва шарҳ диҳад. Мулоқоти навбатии Пешвои миллат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи ниҳоии он баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ - риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад.

Он чи ҷамъ созад парешонии моён ваҳдат аст !

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми сарбаланд ва ваҳдатофар дар саросари кишвар ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки нидо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз сулҳу субот дарак медиҳад. Ваҳдати миллӣ дар рӯзгорамон, дар ватани азизамон тантана мекунад.

Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад

Тайи чанд рузи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти суҳбати ду тан воизи кишвари ҳамсоя паҳн гардида истодааст, ки касро ба андеша мебарад. Аввал ин, ки ин воиз кӣ бошад. Дуюм ин, ки ба ў кӣ салоҳият додааст, ба корҳои давлатдории кишвари мустақил дахолат намояд. Шояд ў аз ҷаҳолату нодонӣ намедонад, ки кишвари мо як гушаи афғонистони ҷангзада нест. Андешаи сеюм ин аст ва чунин ба назар мерасад, ки воизи ҳарзагўй гуё муфтии соири кишварҳои Осиёи Миёна бошад ва нисбати давлатҳои минтақа ҳукм мекунад.

Нақши воизони афғонтабор дар лоиҳаи истихборотӣ

Санаи 4-уми июни соли равон дар шабакаҳои иҷтимоии “ Фейсбук” баромади 2 - нафар воизони Афғонтабор бо номҳои Фирӯз Аҳмадӣ ва Абдулқадири Ҳомӣ дар бораи либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ, баромад карданд.
 
Дар суханрониҳояшон онҳо ҷомеаи мусулмононоро ба ҷиҳод зидди қарори қабулнамудаи Роҳбари Тоҷикистон даъват намуда, Президенти кишварро таҳқир меноманд. Зимни баромад таъкид менамоянд, ки гуё бародарону хоҳарони мусулмонони Тоҷикистон муроҷиат намуда бошанд.

Марҳилаи навбатии озмоиши миллати тоҷик

Имрўз миллати тоҷик бори дигар дучори андешаю ғояҳои ваҳшиёнаи хоинони дохилию хориҷии миллат гардидааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қишрҳои иртиҷоии кишвар бо мақсади бунёди хилофати исломӣ ба гардани миллати фарҳангпешаи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карда буданд. Хисороти моддию ҷонии он ҷанг то имрўз фаромўш нашудааст.

Дастурҳои Пешвои миллат масъулияти аҳли баномусу меҳанпарасти илмро дучанд қавӣ мегардонад!

Дар таърихи 30.05.2024с Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар як вохӯрии барои ҷомеа хеле муҳим ва бамаврид гузаронд. Таваҷҷуҳи пайваста ҷиддӣ ва дурандешонаи Пешвои миллат ба илму маориф ба ҳеҷ кас пӯшида нест.

Страницы

Яндекс.Метрика