Мақола

Форсҳо (тоҷикҳо) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд.

Онҳо инкишофро ба вуҷуд овардаанд, табаддулоте кардаанд, ки хусусияти таърихӣ дошт.

Дар ин сарзамин бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт...

Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад...

Рӯзе наслҳои оянда онҳоро напиндоранд, дар он ҳол Суғд ва ду наҳри азими Осиёи Миёна - Ому ва Сирро, ки онҷо Форсҳо зист мекунанд, далели ҳамешагист...

Аз китоби "Фалсафаи таърих"-и Георг Фридрих Гегел — файласуфи олмонӣ (1770 - 1831)

Қурбонӣ ва аҳмияти он дар ислом

Дар дини мубини ислом қурбонӣ – ин пайравӣ намудани суннати забҳи маъруфу машҳури ҳазрати Иброҳим (а) буда , холис барои ризои илоҳӣ ва бо номи Худованди бузург анҷом дода мешавад. Худованди карим , вақте ки ба Паёмбари худ ҳазрати Муҳамад(с) неъмати бузург, яъне «Ҳавзи кавсар»-ро ато кард, ба тарафи иду некӣ ҳидоят дод , ки яке намоз ва дигарӣ қурбонӣ аст.
Чунончи мефармояд:
إنا اعطيناك الكوثر1 فصل لربك وانحر2 إن شانك هو الأبتر3

ҲИКМАТИ ҚУРБОНӢ ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ

Решаи қурбонӣ аз замони фарзандони Одам алайҳис салом, Ҳобил ва Қобил буда, паёмбарони илоҳӣ низ баъд аз ӯ ин корро анҷом медоданд ва он дар байни аксари миллатҳои дунё дар давраҳои гуногуни таърихӣ арзи вуҷуд кардааст. Аммо замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шуд, ин суннати паёмбарон ба оини хурофотӣ ва ғалат омехта шуда буд. Шеваи мардуми араб дар замони ҷоҳилият чунин буд, ки пас аз забҳи қурбонӣ Каъбаро ба хуни он олуда мекарданд ва қисмате аз гушти қурбониро бар хонаи Каъба меовехтанд, то Худованд онро қабул кунад.

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ

Оромгоҳи Хоҷа Алоудини Аттор, Муҳаммад ибни Муҳаммад ал-Бухорӣ (? -1399) — ориф ва сӯфии форс-тоҷик, яке аз пешвоёни тариқати нақшбандия, муриди Баҳовиддини Нақшбанд -дар ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарёи Узбекистон мебошад. Муҳаммад ибни Муҳаммад Алоуддини Бухорӣ аслан аз Хоразм мебошад.

Озодии баён ва истиқлол

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 

МАҚБАРАИ ҲАКИМ ТИРМИЗӢ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст. Ҳаким Тирмизӣ қоидаи мантиқии ягонагии ирфонӣ-диалектикаи «зоҳир ва ботин»-ро таҳия намуд. Ӯ таълим медод, ки ба қоидаи зоҳирии ибодат беэътино будан ва танҳо бо қоидаи ботинӣ машғул будан ҷаҳолат аст.

Фазилати моҳи зулҳиҷа

Паёмбар (с) фармуданд: “Ҳеҷ рӯзи сол дар шарафу бузургӣ ба даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа баробар нест. Амалҳои солеҳ дар ин даҳа назди Худованд чунон маҳбубияти хосса доранд, ки дар дигар рӯзҳои сол чунин нест. Ҳеҷ амали солеҳе бо амалҳои ин даҳа баробар шуда наметавонад, ҷуз амалҳое, ки дар моҳи рамазон анҷом дода мешавад..” (Ривояти Имом Бухорӣ)

Амалҳое, ки дар ин даҳҳа бояд онро бештар анҷом дод:

1.Тавба намудан аз гуноҳон.

2. Рӯза доштан.

3. Бештар накӯӣ кардан бар волидайн.

4. Эҳсон ба хешону пайвандон.

5. Пардохт намудани закоти мол.

Нигоҳи нав ба масъалаи шинохти Худо дар заминаи як ҳадис

Страницы

Яндекс.Метрика