Мақола

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАҲКИМ ВА ГУСТАРИШИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазири ҳуқуқӣ мебошад, ки соли 2009 қабул шудааст. Принсипи конститутсионӣ-ҳуқуқии озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дарҷ ва инъикос ёфтааст, шарти асосии ташаккул ва танзими соҳаи маънавии ҳаёти ҷомеа, эҳё ва рушди арзишҳо ва анъанаҳои ахлоқию фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон, татбиқи принсипи таҳаммулпазирӣ дар муносибати байни пайравони дину мазҳабҳо ва мафкураҳои гуногун мебошад.

Ҳадафҳои ҳизбу ҳаракатҳои идеологӣ-сиёсии исломӣ дар давлатдории миллӣ.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо истифодаи муғризонаи дини мубини Ислом ва таҳрифи оёти қуръонӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба эътиқоди динии аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфӣ расонида, ақидаҳои ифротгароёнаи динии хешро таъсиргузор созанд.

САРЧАШМАҲОИ ЗОҲИРШАВИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ-СИЁСӢ ВА ЭҶОДИ ҲИССИ ИСЛОМСИТЕЗӢ, ТАФРИҚАИ МАЗҲАБӢ ДАР БАЙНИ УММАТИ МУСУЛМОН

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат зимни баромади худ чунин қайд карданд:
«Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.

ВАТАНДӮСТӢ - МУҚАДДИМАИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

“То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки мо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Тағйиру иловаҳо ба қонун тақозои замон

Зарурати ба низом даровардани баргузории ҷашну маросимҳои мардумӣ хеле барвақт, баъди ба даст омадани Истиқлоли сиёсии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади пешгирии фақру нодорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум масъалагузорӣ грдида буд.

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ЭҲТИЁҶ БА ЗӮРОВАРӢ НАДОРАД

Муҳимтарин вазифаи волидайн таълим ва тарбияи фарзандон ба ҳисоб меравад. Дар тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани насли нерӯманду солим модар нақши меҳвариро иҷро менамояд. Зеро тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи онҳо аҳамияти бузург дошта, бисёре аз изтироботи фикрӣ, таҳаввулоти ҳаёт аз дуруст тарбия намудани онҳо вобастагӣ дорад. Ҳамчунин, фарзандон нисбати падару модари худ ҳуқуқу уҳдадориҳо доранд. Падар набояд дар тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ намояд ва аз кору рафтори онҳо бехабар бошад.

Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод

Имрӯз, 25.07.2024 дар ноҳияи Нуробод Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш дар мавзуи " Хурофотпарастӣ ва роҳҳои паст кардани шиддати он дар Тоҷикистон" баргузор гардид.

Страницы

Яндекс.Метрика