Бадеҳист, ки вақте сухан дар бораи ҷомеа меравад, дар зеҳни хонанда баҳси доманадоре ба вуҷуд меояд, ки ҷомеа яъне сохти ҷомеа, ҷомеа ба кадом самт меравад ё дар ҷомеа чи мегузарад, мушкилоти ҷомеа дар чист?.
Меъёрҳои ахлоқӣ, ки дар ҷомеа ҳамчун қонуни нонавишта қабул шудаанд ва дар баробари падидаи иҷтимоӣ буданашон мисли дигар падидаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли тағйиру такомул мебошанд, ва ҳамчун меъёр муносибатҳои иҷтимоиро идора мекунанд, мавқеъи хоссеро дар ҷомеа касб кардаанд.
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолааш, ки бо номи «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ» овардааст: ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ мебошад, ки рафтору муносибати аъзоёни онро ба низом медарорад».
Вобаста ба масъалаи мазкур муаллифи мақола назарияи муҳиммеро пешниҳод менамояд, ки ба ақидаи ман моҳияти амиқи методологӣ дорад ва диққати аҳли илмро ба худ ҷалб менамояд. Муаллиф менависад: «дар фиқҳи Абӯҳанифа хирад, адл, камоли инсон тавсиф гашта, зулм мояи нуқси ахлоқ дониста шудааст, яъне манъи зулму ситам, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон мақоми хосса пайдо кардааст. Дар он баён шудааст, ки ҳусни адл ва қубҳи зулм сарчашмаи фитрӣ доранд ва аз масоили виҷдонӣ мебошанд».
Назари Иммануэл Кант (1724-1804) - ро дар баррасиву шинохти ахлоқ, ки аз усули метафизики истифода менамояд ва хилофи ақидаи Арасту дар бораи ахлоқ аст, пешкаши хонанда мегардонем.
Арасту ақида дошт, онҳое, ки рафтору кирдор ва маниши ахлоқӣ доранд, он аст, ки аз кирдору рафтори хеш лаззат мебаранд. Кант дар ин бора мегуяд, агар шумо нисбат ба бародар ва ҳамсояи худ меҳрубон ҳастед, далелаш он аст, ки шумо онҳоро дӯст медоред, на ин ки рафтори неки шумо нисбат ба бародар ва ҳамсояатон холи аз арзишҳои ахлоқӣ аст.
Амалу рафтори инсон дорои арзиши ахлоқӣ аст, ки усулу мавозини ахлоқӣ анҷоми онро лозим мешуморад, на ин, ки инсон барои гирфтани подош ё раҳоӣ аз муҷозот ба анчоми он амал бипардозад.
Кант аз ин баҳс натича мегирад, ки маниши ахлоқӣ як падидаи дарунзотӣ аст ва омилҳои хориҷӣ дар он ҳеҷ таъсире надоранд.
Рафтори ахлоқӣ пайваста инсонро водор ба таҳаммули ранҷ мекунаду чун инсон аз ба кор бурдани амали ахлоқӣ наметавонад дар ин дунё подош бигирад, ночор бояд дар дунёи пас аз марг интизори гирифтани подош барои рафтору кирдори ахлоқии худ бошад.
Табиист, ки дар дунёи пас аз марг ба ғайр аз Худованд мавҷуди дигаре наметавонад ба корҳои ахлоқиву некие, ки башар дар зиндагии худ дар ин дунё анчом додааст, подош диҳад. Аз ин ру, ахлоқ бо вуҷуди Худо пайванди устувор дорад. Кант аз баҳси илмӣ, ки ахлоқро дар воқеъ болои метафизика қарор медиҳад натиҷа мегирад, ки покдоманӣ дар сурате мумкин хоҳад буд, ки Худо вуҷуд дошта ва инсон вуҷуди Худоро ба расмият бишносад. Ба ин тартиб, Кант арзишҳои ахлоқиро лозимаи ҳақиқат ва вуҷуди Худоро шарти мусаллами покдоманиву арзишҳои ахлоқӣ ба шумор меоварад.
Нубуғи Кант то он ҷо, ки лузуми вуҷуди Худоро бо андешаи дурусткирдории афроди башар, бидуни интизори дарёфти подош ёдовари аз муҷозот пайванд медиҳад, қобили тамҷид ва ситош аст, зеро Кант дар навоврии ин назария хостааст зеҳни афроди башарро аз тазоҳуроти берунӣ ба андешагариҳои дарунӣ раҳнаму шуда ва ба афроди башар бифаҳмонад, ки анчоми пораи ташрифоти берунӣ мисли зоҳири худро бо мушахассоти вижае монанди каллаву саллаву тасбеҳ дар даст гирифтан далели Худошиносиву ва мазҳабӣ будан нест, балки инсоне, ки ба вуҷуди Худо бовар дошта, худро мазҳабӣ медонад, бояд нахуст аз лиҳози андешагароӣ худро Худошинос ва мазҳабӣ намуда, сипас чигунагии андешагарои мазҳбиашро дар рафтораш ба кор барад.
Кунҷкови он шудем, ки бубинем ислом ва меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ дар мавриди ахлоқ чи назаре доранд.
Каломи Худованд яъне Қуръони карим дар бораи ахлоқи Пайғамбар чунин овардааст; «Ва турост ҳулке азим» (сураи Қалам, ояти 4).
Ва бубинем Пайғамбар (с) ахлоқро чи гуна васф кардааст;
Дар ривояте аз Абу Довуд (р) омадааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Шахси боимон ба воситаи ахлоқи нек метавонад ба мартабаи онҳое бирасад, ки рўз то бегоҳ рўза дошта, шаб то ба рӯз намоз мегузоранд.
Имом Тирмизӣ (р) ин ҳадисро аз Расули Акрам ривоят кардааст: « Дар тарозӯи аъмол рӯзи қиёмат ҳеҷ чизе барои муъмин вазнинтар аз ахлоқи хуб нест ва Худованд беҳаёву, бадзабону ғайбатгарро бад мебинад».
Аз Расули Худо (с) пурсидаанд: Кадом чизҳо мардумро биҳиштӣ месозанд? Фармуданд: - Аз Худо тарсидану ахлоқи хуб доштан.
Дар ривояти Дайламӣ омадааст: «Ахлоқи хуб нимае аз дин аст».
Ибни Адӣ (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Ахлоқи нек гуноҳро инчунин мезудояд, ки офтоб яхро об мекунад».
Дар чунин шароит яъне дар замони ҷаҳонишавӣ ва тараққиёти теникаву технология омезиши ахлоқу рафтори қишрҳои гуногуни ҷомеа ва давлатҳо дар дақиқаҳо сурат мегирад ва бо ҳамдигар дар тасодум қарор мегиранд, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ хеле кори сахт ва душвор аст ва танҳо миллатҳое аз ин тасодум наҷот меёбанд, ки пойбанди ахлоқи миллии хеш мебошанд.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М. А.