Дар берун аз Ватан бахт вуҷуд надорад, бигузор, ҳар кас дар сарзамин худ реша давонад.
И. ТУРГЕНЕВ
*
Худатро ба Ватан ҳар қадар наздик гирӣ, онро ҳамон қадар бештар дӯст медорӣ.
А. БЛОК
*
Дар қалби ҳар инсон қиёфаи халқи худаш зиндагӣ мекунад.
Г. ФРЕЙТАГ
*
Ҳар кас кишвари худро дӯст надорад, ҳеч чизро дӯст дошта наметавонад.
Ҷ. БАЙРОН
*
Ҳар кас аз Ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад.
Я. ГАЛАН
*
Ватани худро доғдор кардан маънои фурӯхтани онро дорад.
В. ГЮГО
*
Ҷинояте ҳаст, онро наметавон бахшид, он хиёнат ба Ватан аст.
П. БАУСТ
Аз Хазинаи маърифат
Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ