Ҷашни ваҳдати миллӣ муборак бод!

Пеш аз ҳама таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин маъракаҳои бузурги фарҳангӣ, хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандўстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдўсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин карда мешавад.

Дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург конфронсу симпозиумҳо, барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки тавассути онҳо мардум, алалхусус наслҳои ҷавону наврас аз таърих ва саргузашт, дастовардҳо ва бурду бохти мардуми шарифи кишварамон дар замони Истиқлол огоҳ шуда, зарурияти ҳифзи  иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро амиқ дарк карда, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Умуман,метавон гуфт, ки яке аз ормонҳои азалӣ ва ҷамъиятии мардуми мутамаддину  бунёдкори Тоҷикистон ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид кардаанд, “ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад». 

Тарғиби пайвастаи ғояҳои ваҳдати миллӣ боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва  боз ҳам мустаҳкам гаштани пояҳои давлатдории миллии мо мегардад. Дар замони Истиқлол ба шарофати саъю кўшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Татбиқи пайгиронаи ин ғояи созандаву ормонӣ барои рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрўзу фардои ҷомеа ва кишвари маҳбубамон заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Дар ҳошияи ин андешаи ноби Сарвари мамлакат зикр кардан мехостам, ки дар ҳакиқат, ғояи ормонии ваҳдати миллӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон аз қадимтарин давраҳои пайдоиши тамаддуни ориёӣ вуҷуд дошта, на танҳо дар осори диниву фалсафӣ, балки дар ривоятҳо, қиссаву достонҳо, суруду таронаҳо, панду ҳикматҳо ва дигар намунаҳои осори шифоҳии ниёгон дар шаклҳои гуногун тасвир ва ифода ёфтааст.

Гуфтан мумкин, ки мардуми мутамаддину матақаддими тоҷик  худ дар тўли дарозои пайваста дар орзуи ҳаёти хушу хуррам умр ба сар мебурд ва ҳусни тафоҳуму бародарии аҳли башарро чун яке аз роҳҳои асосии расидан ба зиндагонии осудаҳолона меҳисобид. Аз ин рў, олимону мутафаккирони классикии мо дар осори безаволи илмиву адабии худ  дўстию ҳамбастагӣ ва иттиҳоду ягонагиро ҳамчун рисолати асоситарини инсоният дар рўи замин тафсир намуда, дар ин мавзўъ суханоне гуфтаанд, ки имрўз дар байни мардум ба ҳукми зарбулмасалу мақол маъруфият пайдо намуда, иштиҳор ёфтаанд. Азҷумлаи анъанаҳои неки фарҳангии олимону мутафаккирон ва адибони классикии мо – тасвирҳои фалсафию бадеии ҷомеаи ормонӣ ё худ “мадинаи фозила” мебошанд, ки имрўз низ арзиши иҷтимоиву тарбиявии худро аз даст надодаанд ва барои такмили ғояи ваҳдати миллӣ мисли як сарчашма ё дастурамали беғараз хизмат карда метавонанд.

Давр фарҷоми сухан таъкид кардан зарур аст, ки ғояи Ваҳдати миллӣ, ки аз сарчашмаҳои ноби фарҳанги қадимаю тамаддунсози тоҷикон маншаъ гирифтаанд, ҳамчун маҳсули бебаҳои таҷрибаи инсонӣ дар роҳи инсондўстию инсонпарварӣ, имрўз мо - ворисон ва барандагони ин мероси сўи шоҳроҳи саодату созандагӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамоянд

  

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                                                      Наботов М.А.                                                       

Яндекс.Метрика