Ҷанбаҳои дунявӣ дар таълимоти Исои Масеҳ

Барои хонанда хеле тааҷҷубовар аст, ки дар рафтору гуфтори яке аз пайғамбарони дини ислом, Исои Масеҳ ҷанбаҳои дунявии зиёд мушоҳида мешаванд. Аммо зимни шиносоӣ бо асари гаронбаҳои руҳонии асримиёнагии масеҳӣ Марсили Падуянӣ - «Ҳомии сулҳ» ба ҳақиқати  гуфтаҳои боло боварии комил ҳосил мешавад.

Он чи зимни омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Марсили Падуянӣ, хусусан асари қиматбаҳои ӯ «Ҳомии сулҳ»  аз ҳама бештар пеши назар ҷилвагар мегардад, ин рӯҳонӣ будани ӯ ва ҳамзамон аз андешаҳои муҳими хусусияти дунявӣ собитқадамона дифоъ намудану зарурати онҳоро барои ҷомеа собит кардани ешон мебошад. Омӯзиши пайгиронаи раванди андешаҳои мутафаккир барои дарёфти сарчашмаҳои назариявии таълимоти башардӯстонаи ӯ зарурате пеш намегузорад. Истифодаи васеи осори файласуфон, хусусан Арасту аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки маҳз таълимоти фалсафӣ боиси пешрафт дар афкор ва ҷаҳонбинии мутафаккир гардидаанд. Яъне, таълимоти фалсафӣ мутафаккирро водор намудааст, ки ба таври диалектикӣ андешаронӣ намояду бо вуҷуди рӯҳонӣ будан афкори комилан ақлонӣ ва хусусияти дунявӣ доштаро шоҳсутуни таълимоти хеш қарор диҳад.

Худи шарҳи мафҳуми қонун дар шакли манфиатовар будани он барои давлат ва одилона роҳандозӣ намудани муносибатҳо дар қаламрави давлат ва бо ҳамин маъно дастрас ва мавриди татбиқ қарор ёфтани онро эҳсос намудани ҳар шаҳрванд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки барои мутафаккир манофеи дунявии инсон мақоми баланд дорад.

Мутафаккир таълимоти Арастуро дар ин маврид маҳаки таълимоти хеш қарор дода, дар пайравӣ ба ӯ таъкид месозад, сарчашмаи қонун худи халқ ва ё аксарияти он ба ҳисоб меравад. Ҳамин аксарият дар маҷлиси умумӣ бояд мундариҷаи қонунро муайян намуда, зери таҳдиди ҷазо муайян созанд, ки барои инсон кадом навъи рафтор ҷоиз асту кадомаш не. Яъне, ӯ бо вуҷуди рӯҳонӣ будани худ на таълимоти китоби муқаддас ва ё дастуроти пешвоёни дин, балки иродаи тамоми халқ ва ё аксарияти онро барои танзими муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон меъёр қарор додааст, ки ин мавқеъ ва андешаи ӯ барои олами ислом ва пешвоёни динии он шомили аҳамияти бузурги ҳам назаривӣ ва ҳам амалӣ мебошад. Илова ба ин, зимни қабули қонун ӯ ҳама гуна маросиму анъанаи диниро орӣ аз зарурат ба қалам медиҳад,  ки ин мавқеи ӯ низ аз нигоҳи дунявӣ ва прогрессивӣ ҳатто дар умқи қуруни вусто дарак медиҳад.  Зимни танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ё ба қавли дигар, зимни қабули қонунҳо орӣ аз зарурат донистани мавқеъ ё нақши анъанаву маросимҳои динӣ маънои моҳиятан маҳдуд намудани мақом ва нақши рӯхониёни динро дар ҷомеа дорад.

Хусусияти дунявии таълимоти ӯро ҳамин андешаи ӯ бештар ҷилвагар месозад,  ки вобаста ба талаботи замону авзои ба амал омада қонунҳо ва ҳамаи он чизе, ки тавассути овоздиҳӣ қабул мегарданд, бояд мувофиқи ҳуқуқи ибтидоии қонунбарор  мавриди ислоҳу такмил қарор гиранд. Ин ақидаи ӯ низ, аз як тараф, маънои аз назари эътибор соқит намудани таълимоти догматикии динро ифода намуда, аз тарафи дигар, вобаста ба сурат гирифтани тағйиротҳои мухталиф дар ҷомеа пайваста ба инобат гирифтани талаботҳои рӯзафзуни аҳли ҷомеаро дар назар дорад, ки бидуни тардид иқдоми муҳимест дар интишори афкор ва низоми дунявӣ дар ҷомеаи асримиёнагӣ. Эҳтимол чунин нигоҳи прогрессивии мутафаккир сабаб гардидааст, ки интишори асари пурқимати ӯ мамнуъ эълон гардида, худи ӯ зери таъқиб қарор гирифта будааст.  

Чизи дигаре, ки ҷанбаи дунявии таълимоти ӯро сероб мегардонад, аз он иборат аст, ки мутафаккир дар бораи интишор ва муқаррар намудани қонунҳо андешаронӣ намуда,  барҳақ таъкид менамояд, ки ҳеҷ чиз ба муқаррар намудани накӯаҳволии умум бояд монеа нагардад ва ҳеҷ кас ба сабаби ихтилоф ва ё эътирози беақлонаи худ нисбат ба он бояд беэътиноӣ нанамояд. Бинобар ин, қайд месозад мутафаккир, танҳо маҷмӯи шаҳрвандон ё аксарият ҳақ доранд, ки қонунҳоро муқаррар намуда, интишор намоянд. Ӯ низ дар пайравӣ ба Арасту таъкид месозад, ки беҳтарин қонун ҳамон қонунест, ки барои накӯаҳволии умум нигаронида шуда  бошад. Ба ақидаи муаллиф, ба як нафар ва ё гурӯҳи хурд ҳаққи эҷоди қонун бояд дода нашавад, зеро дар ин ҳолат ё қонунҳои золимона ва ё қонунҳои ифодакунандаи манфиатҳои гурӯҳи хурд интишор мегарданд. Илова ба ин, зимни эҷоди қонун одамони маҳрум аз ақли солим, ба хусус бадхашмону ҷоҳилон низ бояд аз ҳокимияти қонунбарор дар канор бошанд. 

Ҳамин тариқ, дар хусуси он ки «Кӣ бояд қонун эҷод намояд? (як шахс, гурӯҳи хурд ва ё аксарият)» андешаронӣ намуда, дар охир М.Падуянӣ бори дигар таъкид менамояд, ки маҳз ба оммаи халқ ва ё аксарияти он ҳаққи эҷоди қонун ва тасдиқи он бо таъиноти маҷбурии риояи он тааллуқ дорад. 

  

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика