Ҷавонони азиз, аз тоҷик буданатон ифтихор кунед!

Тарс ин худ монеа дар пешрафт ва манбаи нобудист. Ҳарос дар дил чун гомест ба сӯи торикӣ. Пас бе тарсу ҳарос ба зиндагии осоиштаву ободона бипардозед, аз илмҳои замон бархӯрдор шавед, кӯшиш кунед, ки ба замона ҳамқадам бошед. Давлат ва ҳукумат чун соя ҳамрадиф бо Шумост ва ҳар лаҳза омодааст то ба Шумо дасти ёрӣ дароз намояд. Ҷангӣ шаҳрвандӣ моро ба даҳсолаҳо ақиб партофт. Аз ин сабаб мо бояд беш аз пеш талош варзем, обод кунем ва бунёд кунем.
Кулли сокинони кишвар ба Шумо ҳамчун нерӯи ояндасози давлату миллати худ эътимод доранд ва аз Шумо натиҷаҳои назаррасро хоҳонанд. Шукӯҳ, шаҳомат, таърих, фарҳанг, шӯҳрат, анъана, расму ойин, дин ва муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо чун ҳалқаи занҷир пайваст аст, ки ҷудо намешавад. Маҳз Шумоед, ки арзишҳои ин ҳамаро пойдору устувор нигоҳ медоред. Хонед, биомӯзед, мутолиа кунед ва доим аз тоҷик будан ифтихор дошта бошед.

Саҳифаи ФБ:
Пайравони Пешвои миллат

Яндекс.Метрика