Ҳусну қубҳи хондани намоз ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ

Зимни мутолиаи мақола бояд ба як нукта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, ки дар сарчашмаҳои асосии таълимоти дини ислом – Қуръон ва аҳодиси пайғамбар дар хусуси бо кадом забон ба таври ҳатмӣ хондани намоз чизе гуфта нашудааст. Тибқи шариат вақте Худову расули ў забони ибодатро мушаххасан таъин накардаанд, пас, интихоби забони ибодат бояд озод бошад. Зеро, чуноне Қуръон таълим медиҳад, Худо ҳамадон аст, яъне тамоми забонҳо бояд ба Ў фаҳмо бошад. Вақте зимни ҳалли масъалаи мазкур донишманди маъруфи дин мавқеъгирӣ менамояд, яъне аз пеши худ забони ибодатро муайян менамояд, мавқеи ў наметавонад меъёри куллӣ бошад, зеро мавқеъ ё андешаи ў маҳсули муҳити муайяни таърихӣ-фарҳангист. Аз нигоҳи мо ҳадаф бояд меъёри куллӣ бошад, зеро маҳз ҳадафи ибодат  муайянкунанда ва ҳидояткунанда ба сўйи ибодат аст, на андешаи донишманди бузург. Бинобар ин, забони ибодат, дар мавриди мо забони намоз масъалаи хеле мубрам ва ҳалталаб маҳсуб меёбад ва нигоҳу мавқеи воқеъбинонаро тақозо менамояд.  
Сониян, дар робита ба забони ибодат бояд таъкид намуд, ки забони ибодат бо ҳадафи ибодат робитаи ногусастанӣ дорад. Зеро забон дар ибодат василаи ифшои ҳадаф аст. Ба забони нофаҳмо чӣ тавр ҳадаф метавонад  муайян ва амалӣ гардад. Махсусан, дар ҳолате, ки ҳадаф нек бошад, нақши забони ифшои ҳадаф хеле муҳим мебошад. 
Дар оғоз ёдовар мешавем, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам аҳодис дар нисбати мақом ва аҳамияти намоз андешаҳои ҷолиб ба мушоҳида мерасанд. Дар Қуръон дар сураи Анкабут, ояти 45 гуфта мешавад, ки «Намоз аз аъмоли фаҳш ва нописандида боз медорад». Имом Аҳмад (2/447) аз Абу Ҳурайра ривоят мекунад, ки шахсе ба назди пайғомбар омад ва гуфт, ки фалонӣ шаб намоз мехонад, рўзона бо дуздӣ машғул мешавад. Пайғамбар гуфт: Намоз ўро аз ин кор бозмедорад. Ибни Касир зимни шарҳи ояти зикршуда таъкид менамояд, ки намоз ду ҳадаф дорад: боздоштан аз аъмоли номатлуб ва зикри Аллоҳ, ки аз вазифаи аввал бузургтар аст. Бархе аз муҳаққиқон дар намоз се сифатро таъкид менамоянд: ихлос, тарс ва зикри Аллоҳ. Ихлос, яъне сидқан хондани намоз шахсро ба иҷрои амали хуб амр медиҳад; хашия, яъне тарс шахсро аз содир намудани аъмоли номатлуб бозмедорад ва зикри Аллоҳ – Қуръон аст, ки ба амали писандида амр мекунаду аз аъмоли нописандида бозмедорад. Ҳар намозе, ки дар он ин се сифат набошад, вай намоз нест. 
Муфассири муосири Қуръон Абдураҳмон ибни Саъдӣ зикри Аллоҳро муҳимтар меҳисобад. Зикри Аллоҳ, ба андешаи ў, бо дилу ҷон, бо даҳон ва бадан бояд сурат гирад, ки қисми муҳимтарини намоз маҳсуб меёбанд.  
Ҳамин тариқ, аз мазмуни андешаи донишмандони дини ислом доир ба вазифа ва сифатҳои намоз бармеояд, ки адои намоз бояд тавре сурат гирад, ки намозгузор ё ибодаткунанда аз мазмуни ибодат ё намоз бояд огоҳ бошад. Яъне, намоз на кўр-кўрона, балки бар пояи маърифат ҳадафмандона бояд сурат гирад. Ба қавли дигар, намоз ҳам таъиноти иҷтимоӣ дорад ва ҳам ибодатӣ, яъне рафтору кирдор ва табиати инсонро беҳӣ мебахшад ва ҳамзамон имкон медиҳад, ки тавассути зикри объекти эътиқод ибодат бо тамоми ҳастӣ ба ҷо оварда шавад.  
Акнун вобаста ба матлаби баёншуда саволе бармеояд, ки ҳадафҳои баёншуда то ба кадом андоза нишонрас мебошанд ва агар нишонрас нестанд, пас, чаро?
Ҷавоби саволро муддате ба таъхир гузошта ба воқеият рў меорем. Таҳлили рафтору кирдори байниҳамдигарии мусулмонон аз лиҳози ахлоқӣ хеле мушкилзо ва ҳалталаб буд, ҳаст ва мутаассифона ҳамин тавр боқӣ мемонад. Соли 2021 маҳз ба сабаби маъмулӣ гардидани ривояте доир ба ахлоқи ношоистаи мусулмонон ин ҷониб бо номи «Шахсияти Муҳаммад ва мусулмонии мо» мақолаи хурде навишта, дар сомонаи Маркази исломшиносӣ ҷойгир карда будам. Дар мақола, аз ҷумла чунин андешаҳо ҷой доштанд: «Дар воқеъ вақте муносибати як ғайримусулмонро бо як мусулмон ва муносибатҳои байниҳамдигарии мусулмононро бо ҳам муқоиса менамоем, тафовутро аз замин то осмон мебинем. Дурўғгўӣ, фиребгарӣ, мардумозорӣ, коргурезӣ, муносибати дилсардона ба молу мулки ҷамъиятӣ, меҳнати бесифат, дуздӣ, хиёнат ба аҳд, хиёнат ба арзишҳои миллӣ ва ғайра чунон маъмул гардидааст, ки агар гўем, ки чунин тарзи муносибат мағзи «фарҳанг»-и  мусулмони имрўзаро ташкил менамояд, эҳтимол иштибоҳ ҳам накунем. Ҳамаи онҳое, ки амалҳои фавқуззикрро содир менамоянд, худро мусулмон номида, намозхон ҳастанд ва чун пайравӣ ба суннати пайғамбар боз риш ҳам мемонанд». 
Бори дигар такрор менамоям, ки сабаби навиштани мақола як ривояти хеле дар фазои маънавии кишвар васеъ ва дар шаклҳои гуногунпаҳншудае буд, ки тибқи он вақте як ғайримусулмон дар муҳоҷирати меҳнатӣ музди меҳнати мусулмононро намедиҳаду мусулмонон ба бародари ў шикоят мекунанд, ғайримусулмон ба бародараш мегўяд, ки ту ҳам мусулмонӣ? Яъне, бо ин савол бародари ғайримусулмон таъкид кардан мехоҳад, ки ҳаққи дигар шахсро хўрдан, фиреб кардан ва ғайра танҳо ба мусулмонҳо хос аст. 
Фикр мекунам барои собит намудани ҳақиқати баёншуда муқоиса намудани муносибати мусулмонон бо ғайримусулмонҳои Ғарб дар самти  вафо ба аҳд, ростгўӣ, муносибат ба меҳнат, ба молу мулки ҷамъиятӣ ва ғайра шарт нест. Овозаҳо ва ривоятҳои сохтаю бофта ва маъмулигардида баъд аз сафари муҳоҷирати мусулмонон ба он кишварҳо, чун сарфа кардани бензин, пинҳон намудани халтаи шакар ва ғ. худ бозгўи ҳоланд. Ҳолати мазкур ҳатто имрўз дар кишварамон низ пайваста дучор мегардад. Мардум аксаран ҳама намозхон ҳастанд. Агар шахсе шубҳа кунад, рўзҳои ҷумъа ба яке аз масҷидҳои шаҳр рў оварад. 
Акнун саволе пайдо мешавад, ки магар Қуръон ба иштибоҳ роҳ дода гуфтаааст, ки «Намоз аз аъмоли нописандида бозмедорад» ё Қуръон иштибоҳ накардаасту намоз ба ҳадафаш нарасидааст, яъне чуноне донишманди исломие таъкид намуда буд, намоз гузорида нашудааст. Рукнҳои намоз гўё дар шакли физикӣ адо шудаанд, аммо худи намоз вазифаашро иҷро накардааст. Барои чӣ? Ба хотири он ки, ба андешаи ин ҷониб, ин намоз ибодат нею, тақлиди дигарон буд. Чӣ гуна вай метавонад ибодат бошад, вақте ибодаткунанда чӣ мегўяд, худаш намедонад.
Ҳолати дигаре, ки дар ин ҷода намозхониҳои анъанавии моро, яъне хондани намозро ба забони арабӣ мавриди мазҳака қарор медиҳад, ин на танҳо нафаҳмидани мазмуни оятҳои хондашаванда, балки дуруст талаффуз накардани баъзе аз ҳарфҳои арабист, ки маънии оятро куллан тағйир медиҳанд. Масалан, дар сураи Анъом, ояти 96 дар охири оят зимни талаффузи калимаи «азиз» ба ҷои ҳарфи «айн» (талаффузи «а» бо гулў) «а»-и оддӣ талаффуз кунем, ба ҷои маънои «ғолиб» маънои «фашшос» ҳосил мешавад ва зимни талаффузи калимаи «алим» ба ҷои ҳарфи «айн" боз «а»-и оддӣ талаффуз кунем, маънои «дарддиҳанда ҳосил мешавад. Дар натиҷа ба ҷои «Худои ғолиби доно» «Худои фашшоси дарддиҳанда» ҳосил менамоем. Магар ҳолати мазкур ба ҷои ҳамду санои Худо таҳқири Худо ҳисоб намешавад? Ҳамчунин зимни зикри номи пайғамбари ислом Муҳаммад, ки аслан бо ҳарфи «ҳо»- ҳуттӣ (гулўгӣ)  талаффуз мешаваду дар чанд ҷои Қуръон меояд, агар ба ҷойи он ҳарфи «ҳо» (ҳаввас)-и оддӣ талаффуз намоем, маънои  «хасташуда»-ро ҳосил менамоем. Чуноне дар ояи 40 аз сураи Аҳзоб меояд: «Муҳаммад падари ҳеҷ яке аз Шумо набуд». Зимни талаффузи нодурусти ҳарф мо мегўем: «Хасташуда падари ҳеҷ яке аз Шумо набуд». Магар ҳолати мазкур таҳқири Пайғамбари ислом ва таҳрифи ояти Қуръон нахоҳад буд? Инчунин истифодаи овози «те» ба ҷои «утқе»  дар ояти 12 аз сураи «Муъминун» «Ва ба дурустӣ, ки одамиро аз хулосаи гил офаридем», ояти 11 аз сураи «Соффот» «Ба ростӣ, ки мо онҳоро аз гили часпанда офаридем», мо маънои «Одамиро аз анҷир офаридем»-ро ҳосил менамоем. Имкон дорад, ки чунин ҳолатҳо зимни талаффузи ҳарфҳои «Сод», «Зод», «Сеи мусаллас», «узғе» ва ғайра зиёд дучор гарданд. Дар ҳар ҳолати нодуруст талаффуз намудани овозҳои зикршуда имкони тағйир ва таҳрифи маънои ояти Қуръон ба миён меояд. Магар чунин ҳолат ибодаткунандаро гунаҳгор намесозад? Магар чунин амал, ки дар нисбати зиёда аз 95 дар сади мусулмонони тоҷик сурат гирифтанаш мумкин аст, ба ҳукми ояти «Ба Худо барбастани дурўғ» дучор намегардад? 
Сониян, вақте намозгузоранда дар намозаш чӣ мегўяд, намефаҳмад, чӣ тавр ҳукми ояти 45 аз сураи «Бақара» «Ва бо шикебоию намоз мадад талабед» амалӣ шавад? Намозгузор дар намоз чӣ мегўяд, худаш намефаҳмад, магар метавонад вай бо намозаш аз Худованд кўмак талаб намояд?  Ё ҳукми оятҳои 1-2 аз сураи «Муъминун» «Ба дурустӣ, ки муъминон растагор шуданд, ҳамонҳое, ки дар намозҳои хеш ниёишкунандаанд» чӣ тавр метавонад амалӣ шавад, дар ҳолате, ки намозгузор ба маънои ниёиши худ сарфаҳм намеравад? Магар кўр-кўрона гуфтани калимоте бидуни фаҳми маънӣ метавонад ниёиш бошад? Албатта, не! 
Саввум, чунин хатокунандагонро, ки маънии оятро тағйиру таҳриф менамоянд, магар ҳукми оятҳои 4-5 аз сураи «Моун» «Вой бар он намозгузорон, ки дар нисбати намози худ бепарвоӣ мекунанд.» таҳдид наменамояд? Дар тафсири ояти мазкур Ибни Касир дар зери мафҳуми «соҳун» таъхиркунандагон, тибқи шартҳояш ё бо хушуъ адонакунандагонро зикр намудааст. Дар робита ба ҳукми ояти мазкур савол пайдо мешавад: вақте барои бепарвоӣ ҷазои мудҳише пешбинӣ мешавад, пас ҳоли онҳое, ки маънии қуръониро тағйир медиҳанд, чӣ мешуда бошад? 
Акнун хонанда бояд худ дарёбад, ки хондани намоз ба забони арабӣ барои аксари ҷомеа дорои чӣ гуна қабоҳатҳо аст?!
- Аввалан, намоз ҳадафи таъиншударо иҷро карда наметавонад. Ба қавли баъзе донишмандон намоз сурат нагирифтааст. 
- Сониян, имкони аз тарафи намозгузор сурат гирифтани таҳрифи маънои ояти Қуръон – Каломуллоҳ пайдо мешавад.
- Саввум, вақте намоз бидуни дарки маънӣ кўр-кўрона сурат мегирад, намозгузор фикраш ба дигар тараф парвоз мекунаду ба ҷойи як рукни намоз рукни дигари намозро иҷро мекунад. Ин ҳолат ҳатто бо имомхатибон низ сурат мегирад. 
- Ахиран, тибқи ҳукми оятҳои 4-5 аз сураи «Моун» намозгузорони саҳвкунандаро уқубути мудҳише интизор аст. 
Акнун агар дар хусуси ҳусни адои намоз ба забони арабӣ андеша намоем, ин ҷониб танҳо ҳамин «ҳусн» - ро мебинам, ки ҳаракати намозгузорон зимни адои намоз бар он ишора менамояд, ки онҳо якдигарро тақлид намуда, мусулмонии худро собит кардан мехоҳанд.  Мутаассифона, бовар кунед, хеле тааммул кардам, дарёфти дигар ҳусн зимни адои намоз ба забони арабӣ бароям муяссар нагардид. 
Мантиқан мо баъд аз андеша ба чунин хулоса хоҳем расид, ки барои дурӣ гирифтан аз қабоҳатҳои адои намоз ба забони арабӣ адои намоз ба забони тоҷикӣ афзалтар аст. Савол пайдо мешавад, ки дар адои намоз ба забони тоҷикӣ чӣ ҳусну қубҳе ниҳон аст?
Моро андеша чунин аст, ки хондани намоз ба забони тоҷикӣ ҳамагӣ ҳусн асту ўро қубҳе аст. 
Ҳусни он дар чӣ ифода меёбад? 
- Хондани намоз ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, иҷрои ҳукми ояти 286 аз сураи «Бақара» «Аллоҳ ҳеҷ касро зиёда аз имконияташ вазифадор намекунад» ва ҳадиси мазкур: «Ҳар гоҳ шуморо ба чизе дастур додам, онро ба ҳамон гунае, ки метавонед, анҷом диҳед» мебошад. Дар шарҳи ояти зикршуда Ибни Касир менависад, ки Аллоҳ инсонро ба чизе, ки иҷро карда наметавонад, водор намекунад. Дар ин ҳукм зуҳуроти меҳрубонӣ, ҳалимӣ ва эҳсони Аллоҳ дар нисбати бандагонаш ифода меёбад; 
- Ҳангоме намоз ба забони тоҷикӣ адо мегардад, ибодат воқеӣ сурат мегирад, яъне бошуурона, ба қавле бо дилу ҷон;
- Маънои қуръонӣ на тағйир меёбад ва на таҳриф мегардад;
- Дониши шахс ҳам дар бораи дин ва ҳам дар бораи Қуръон ҳамчун сарчашмаи таълимоти дин зиёдтар мегардад. Вақте як андеша дар забони шахси намозгузор чандин маротиба такрор мегардад, вай ахиран ба маънои он таваҷҷуҳ менамояд;  
- Ҳангоме шахси намозгузор  маънои гуфтаҳояшро фаҳмид, вай барои идомаи ибодат такя ба ақлаш мекунад. Хоҳад ибодат мекунад, нахоҳад намекунад;
- Ба тақлиди кўр-кўрона хотима бахшида мешавад, яъне дар зеҳни намозгузор на андешаи «Сарамро як ба замин занам», балки ибодати маъбуд пайдо мешавад;
- Адо намудани намоз ба забони тоҷикӣ имконият фароҳам меоварад, ки арҷгузорӣ ба забони модарӣ - миллӣ нерў гирад;
- Ба бегонапарастӣ зарбаи шадид расонида мешавад;
- Имкон пайдо мегардад, ки покии забон ҳифз гардад ва пеши роҳи махлутшавии он бо забони ғайр гирифта шавад;
- Ба ҷайби қишри бегонапарасти ҷомеа – муллою нимчамуллоҳои ҷомеа, ки аслан забони арабиро намедонанду барои гарм кардани бозори пулкоркунияшон қасдан ба забони арабӣ ҳамчун гўё шакли мақбули робита бо ғайб дуо мекунанд, зарбаи сахт расонида мешавад;
- Барои рушди забон тоҷикӣ ва васеътар гардидани фазои истифодаи он имкониятҳои иловагӣ пайдо мешавад;  
- Имкон пайдо мегардад, ки намозгузори воқеӣ аз намозгузори зоҳирӣ, яъне тақлидкор ҷудо карда шавад. 
Қубҳ (агар онро қубҳ гуфтан мумкин бошад) –и хондани намоз ба забони тоҷикӣ ба андешаи мо дар он ифода меёбад, ки шумори намозгузор эҳтимол камтар шавад, зеро он чӣ ба тоҷикӣ хонда мешавад, барои намозгузор маъмулӣ ба назар мерасад. Зеро намозгузор дар он чӣ ба забони ў фаҳмо мехонад, қудсиятеро намебинад. Чун мусаллам аст, ки унсури муқаддас дар дин чизе аст, ки моҳияти ҳақиқии онро намедонем. Ҳаргоҳ моҳият ошкор гардид, ба қавли дигар номаълум маълум гардид, қудсият нопадид мегардад. Нестии қудсият нестии дин аст. Дар робита ба ин раванд донишманде бисёр хуб гуфтааст, ки объекти эътиқод дар маконҳои аз тарафи илм маърифатнашуда ҳастӣ дорад. 
Албатта, дар атрофи масъалаи баёнгардида боли андеша пар задан мегирад. Нуктаҳои иброзшуда ба таври кифоя ба забони тоҷикӣ хондани намозро ҳам аз лиҳози шаръӣ (сурат гирифтани ибодати воқеӣ) ва ҳам аз лиҳози дунявӣ (ҳифзу доманфарох гардонидани истифодаи забон) ҳамчун амали нек (ҳусн) ва хондани онро ба забони арабӣ чун иҷрои қубҳ ба маъраз мегузорад.   
 
Абдухалилзода К.А. 
Баҳромбеков Д.
 
Яндекс.Метрика