Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурруват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гӯйи тавфиқу каромат дар миён афкандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе бар нахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зуҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисӯхт,
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори Илоҳӣ кас намедонад, ҳамуш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?
Ҳофизи Шерозӣ