Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае

❗Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае,
Гуфт - ё об аст, ё хок аст, ё парвонае!
Гуфтамаш аҳволи умрамро бигӯ, ин умр чист?
Гуфт - ё барқ аст, ё бод аст, ё афсонае!
Гуфтамаш инҳо, ки мебинӣ чаро дилбастаанд?
Гуфт - ё хобанд, ё мастанд, ё девонае!
Гуфтамаш аҳволи ҷонамро пас аз мурдан бигӯ,
Гуфт - ё боғ аст, ё нор аст, ё вайронае!
✍️Абӯсаиди Абулхайр.

Бознашр аз саҳифаи Марвориди форсӣ - тоҷикӣ

Яндекс.Метрика