Халқи мо бо вуҷуди бурду бохт дар масири таърих ва фишорҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ-сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ асосҳои пурарзиши зиндагӣ, анъанаҳои фарҳангофариниву тамаддунсозии худро гум накарда, баръакс таърихи навини миллатро бо хиради азалӣ ва бурдбориву таҳаммул боз рушд дода истодаанд. Доир ба нақши арзишҳои фарҳангӣ дар рушди давлатдории миллӣ Пешвои миллат бисёр нишонрас таъкид намудаанд: «...анъанаҳои мо бо воқеияти муосири ҷомеаи демократӣ – гуногунандешӣ, таҳаммул, мавҷудият ва фаъолияти институти бисёрҳизбӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон ва сухан бой гардидаанд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон бо роҳи дуруст равона аст ва асоси онро суботи сиёсӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад» (Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум. – Душанбе: «Ирфон», 2006, 544 с).
Давлат ва ҳар як шаҳрванди онро зарур аст, ки дар чунин вазияити бисёр печидаю мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тавассути ворид намудани арзишҳои бегона тариқи фазои иттилоотӣ, фарҳанги давлатҳои миллиро коста карда истода аст, тақдири худ ва анъанаю суннатҳои миллиашро ба даст гирифта, дар ҷабҳаи сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанг ва риштаҳои дигари ҳаёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад, то бақои давлаташро таъмин намояд. Зеро дар чунини шароити бархурд ва омезиши фарҳангҳо танҳо милллате худро наҷот ва барои насли ояндааш мулки ободу пешрафта ба мерос мегузорад, ки дар таъмини амнияти миллӣ, сулҳу субот, муттаҳидии миллат, рушду инкишофи анъанаву суннатҳои нек ва фарҳанги миллӣ бетараф набошад. Ниёгонамон дар масири таърих бо ҳифзи арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд (Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди шашум. – Душанбе: «Ирфон», 2006. – С. 248).
Дар раванди ҷаҳонишавӣ муборизаҳои иттилоотӣ, тарғиби ҷинояткории байналмилалӣ, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шиддат гирифта истодааст.
Ба ин раванд ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, хариду фуруши одамон, дуздидани технологияҳои нав, таблиғи фаҳшу фуҷури (порнографияи) кӯдакона дар интернет, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ, қонунӣ гардонидани асъор, коррупсия ва ҷиноятҳои экологӣ тобишҳо ва мазумуну маънои нав медиҳанд. Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткорӣ, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти қудратӣ, бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
Дар баробари ин, афзоиши суиистифодабарии интернет ҷиҳати паҳн намудани ғояҳо ва даъватҳои экстремистию террористӣ вазъи муборизаи касбии мақомоти мафкуравиро бо чунин навъи ҷиноятҳо ба маротиб мушкил гардонида фазои иттилотии моро бо фитна ва унсурҳои фарҳанги бегона ғализ менамояд.
Дар вазъияти баамаломода ҳуқуқу озодиҳои инсон, адлу инсоф ва дигар арзишҳои конститутсионии кишвари мо имкон дорад, мисли кишварҳои дигари ҷангзада зери ниқоби ҳаракатҳои бо ном демократӣ ва озодихоҳ суиистифода ва поймол гардида, дар асл мафкураи ҷамъиятӣ ба сӯйи анархия ва беҳокимиятӣ кашида шавад. Мо як маротиба ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудем. Таърих дигар моро нахоҳад бахшид.
Иттилоот, ки бузургтарин неъмат ва дастоварди рушди ҳаёти иҷтимоист, имрӯзҳо ҳадафи нопоки гурӯҳҳои носолими ҷомеа гардидааст. Фазои озоду демократии кишварҳои рӯ ба рушд то ҷое ба ин осебпазирӣ мусоидат менамоянд. Аз ин хотир, вақти он расидааст, ки ба ҷавононамон маданияти истифодаи воситаҳои иттилотиро таълим диҳем, тартиби дурусту самараноки истифодаи воситаҳои алоқаро омӯзонем ва ҷиҳати пешгирии суиистифода аз ин манбаи пурғановати илму маърифат чораандешиҳо намоем.
Мо ба фикру андешаи аксари олимону муҳаққиқон комилан розӣ буда, ногузирии ҳифзи фазои иттилоотиро дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ва шиддат гирифтани муборизаи мафкуравӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи миллӣ (Ниг.: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» (аз 6.08.2001с. № 40)) ва шартномаҳои байналмилалӣ зарур ва муҳим мешуморем.
Дар баробари ин ҳама мо асли табобати ин бемории мафкуравиро дар кашфи авомили решавии ҳодисаи номатлуб дида, усули мубориза бо онро аз ҷанбаи мафкуравӣ дар шаклҳои зерин муҳим арзёбӣ менамоем:
1. Асли таҳдид ба мафкура тавассути интернет сурат мегирад. Аз ин рӯ, агар мафкура солим ва аз ғизои ахлоқу одоб ва қонуният бархӯрдор набошад, неку бадро ҷудо карда наметавонад, пас ҳама амалкардҳои зоҳирии мо дар самти фазои иттилоотӣ натиҷа нахоҳад дод ва онро ҳеҷ як сипари оҳанин ҳимоя натавонад кард.
2. Дар ҳолате, ки ҳуҷуми аслӣ ба мафкура нигаронида шудааст, мо бояд мафкураро қабл аз ҳама барои истодагарӣ бо ин таҳдид омода намоем, ҷанбаҳои нерумандии маънавии онро бо дастовардҳои миллӣ ғанӣ гардонем, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ахлоқӣ ва манънавии ҷомеаро баланд бардорем.
3. Мо бояд хуб донем, ки раванди арзишгароии давлатҳои нав ва ҷомеаи муосир таҳти ливои демократия ва озодиҳо моро фишор бар маҳдудиятҳо менамояд, озодию хостаҳоро бо кашишҳои инсонӣ ба олами рамзӣ мустаор вогузор месозад. Дар ин паҳно танҳо виҷдон ва мафкураи солими аз ақл ғизогирандаи шаҳрванд коршоям аст, на маҳдудияту муборизаҳои ноҷо.
4. Ба назар чунин мерасад, ки селобаи хатару таҳдидҳо ба мафкураи ҷавонон ва фазои эътиқодии шаҳрвандон ду решаи ғизодиҳанда дорад. Якум, сатҳи пасти тафаккур, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқию ахлоқии ҷомеа; дуюм, дарки нодурусти озодиҳои демократӣ.
5. Ду омили номбаршуда паҳнои аслиеанд, ки ҳама таҳдидҳои иттилооотӣ тавассути онҳо вориди мафкураи шаҳрвандон мегарданд. Моро зарур аст, ки тавассути коркарди консепсияи мафкураи солими худҳаракати миллӣ, ки дар доираи талаботу манфиати миллат ва давлат вобаста ба шароит имкони рушд ва тағйирпазиро дорад, сатҳи донишҳои хуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеаро баланд бардорем. Маҳз, ҳамин сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷомеа сипари нахусти таҳоҷуми маънавӣ ва иттилоотӣ мегардад. Ҳамзамон зарур аст, ки корҳои ташкилӣ ва фарҳанги истифодаи интернет бояд тағйир дода шуда, фаъолияти сомонаҳои мақомот ва ниҳоди идеологӣ комилан таҷдиди назар шаванд. Тавсия дода мешавад, ки ҳузури намояндагони гурӯҳҳои зерин дар фазои иттилоотӣ дар чаҳорчӯбаи арзишҳои меҳварӣ ва усулии ташаккули миллати сиёсӣ ва давлати миллӣ (Ниг.: Холиқов А.Ғ. Андешаи давлати миллӣ. – Душанбе: «ЭР-граф», 2013. – 684 с). бештар ва сифатнок карда шавад: а) намояндагони мақомот; б) олимон ва коршиносни варзидаи соҳа; в) намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ; г) рӯзноманигорон ва блогерҳо; д) варзишгарон; е) намояндагони равияҳои асосии динии дар паҳнои манфиати миллат ташаккулёфта ва ҳоказо.
6. Дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз шабакаҳои таблиғотии иҷтимоӣ бо истифода аз технологияи муосир таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқу назаррас мегузоранд. Ҳатто манбаъҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, дар замони муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гаштааст. Мутассифона, бинобар надоштани мафкураи солим, баъзе истифодабарандагон маводи паҳншударо мавриди истифода қарор медиҳанд, ки бар зарари худ онҳо мебошад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки кафолатҳои мафкуравӣ ҷоннок карда шавад, зеро таввасути қонунгузорӣ ба танзим даровардани фазои иттилоотӣ барои шахсони фарҳанги ҳуқуқии поён дошта, нобоварӣ ба фазои сиёсӣ ва фазои ҳуқуқиро ба бор меоварад.
7. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҷангҳои иттилоотии манфиатхоҳон муҳимтарин омили таъмини амнияти иттилоотӣ он аст, ки бояд ВАО-и расмии давлатӣ моҳияти рӯйдодҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбият, саривақт ва фаҳмо ба саҳми ҷомеа расонанд. Дар ин сурат шиддати таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ва ҷонибҳои манфиатхоҳ метавонад камтар гардад. Чунки табиати инсонӣ чунин аст, ки ҳама вақт сарчашмаи аввалро қабул ва онро воқеъият мепиндорад. Вақте, ки ба воситаи иттилоотрасонии расмии давлатӣ ба саҳми ҷомеа хабарҳо расонида мешавад, эътимод ва боварӣ ба иттилооти расонаҳои иттилоотии расмии давлатӣ моҳиятан эътимод ва бовариро ба мақомоти давлатӣ ва Ҳукумат бештар менамояд. Ҳамзамон, расонаҳои расмии давлатӣ бояд хабарҳоро мунсифона таҳлил намуда, ба саҳми бинанда ва шунаванда расонанд.
8. Шояд вақти он расидааст, ки «Стратегияи амнияти иттилоотӣ» бо истифода аз методологияи универсалии фарогирии таҳоҷуми иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти хусусиятҳои анъанавӣ ва фарҳанги миллӣ таҷдиди назар гардад.
Шосаидзода Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ