Ҳикоя дар боби ҳаққи намак

Боре як гурӯҳи роҳзанҳо аз пайи ғоратгарӣ, шабона ба хонаи давлатманде ворид мешаванд. Дар торикӣ яке аз онҳо халтаеро пур аз хокаи сафед мебинад.
Барои чӣ будани онро муқаррар кардан, ангушташро олонида ба забон мебарад ва фавран фарёд мезанад:
---Даст нигоҳ доред!
Ҳама меистанд.
---Дар ин халта намак будааст! Ман надониста аз он андак чашидам, акнун мо аз соҳибхона қарздор шудем. Ӯ моро ҳаққи намак кард. Агар мо намакро пешпо занем гуноҳи азиме содир мекунем.
Ҳама молу ашёҳои гаронбаҳои ғундоштаашонро гузошта аз хона баромада мераванд.
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат

Гирдоваранда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика