Марде дар соҳили баҳр гардиш мекард. Нохост косахонаи сари одамеро дид, ки дар соҳил хобидааст ва бо таассуф гуфт:
"Ин каллаи кадом бечораи ҷабрдида аст. Туро кӣ ин ҷо партофта бошад?"
Ғайричашмдошт, нохост калла ба сухан омада гуфт:
"Забонам!"
Мард аз ин ҳол ҳайрон шуд. Вақте, ки ба шаҳр расид ба одамон муъҷизаи дидаашро ҳикоят кард. Мардум дар ҳайрат афтоданд, ки каллаи пӯсида чӣ тавр сухан мегӯяд?
Он мард гуфт, ки ҳар касе ба ман 10 танга диҳад, каллаи сухангӯро ба ӯ нишон меди ҳам.
Мардуми зиёде иштиёқманди дидани муъҷиза шуданд ва тангаҳои заррин ҷамъ оварда ба мард супориданд ва аз қафои ӯ равона шуданд.
Чун ба назди калла расиданд аз ӯ тақозои сухан карданд. Аммо калла хомӯш буд.
Мард ҳар чанд кӯшиш кард, аммо калла ба сухан наомад.
Мардум ба ғазаб омада ба шоҳ аз фиребгарии мард шикоят бурданд.
Шоҳ ба сипоҳиёнаш фармон дод, ки бори дигар рафта ҳақиқати корро бисанҷанд. Агар дурӯғи мард ошкор шавад, худи ҳамонҷо сарашро аз тан ҷудо кунанд.
Ин дафъа ҳам ба зориву нолаи мард нигоҳ накарда калла чун пештара хомӯш монд.
Дар ниҳоят ҳукми шоҳ иҷро шуду каллаи мардро ҳамон ҷо аз тан ҷудо карданд.
Иттифоқан ин калла ҳам дар паҳлуи каллаи пӯсида афтод.
Он гаҳ каллаи пӯсида дубора ба сухан омада гуфт:
"Туро кӣ ба ин ҷо партофт?"
Ҷавоб ночор ҳамон буд: " Забонам..."
-----------------------
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ!
Мавлоно
Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ