ҲИКОЯТ

Овардаанд, ки подшоҳ Қубод рӯзе дар шикор аз лашкар ҷудо афтод ва ҳаво гарм шуду ӯ аз ташнагӣ бетоқат гашт. Ҳар тараф менигарист ва сояву сарчашмае металабид. Ногоҳ аз дур сиёҳие намуд ва маркаб бад-он тараф ронд. Хаймаи кӯҳнае дид дар миёни бодия зада ва пиразане бо духтари худ дар сояи он нишаста. Чун Қубод бирасид, он зан аз хайма берун давид ва инони маркабашро гирифта фуруд овард ва моҳазаре, ки дошт, ҳозир кард. Қубод таоме хӯрд ва обе биёшомид. Хоб бар ӯ ғалаба кард ва лаҳзае биёромид.

Чун аз хоб даромад, бегоҳ шуда буд. Шаб ҳамон ҷо иқомат намуд. Намози шом гове аз саҳро даромад. Духтараки зан он говро бидӯшид. Шири бисёр ҳосил шуд, чунончи Қубодро аҷаб омад. Бо худ гуфт: Ин ҷамоат ба ҷиҳати он ба саҳро менишинанд, то касе аз сирри эшон иттилоъ наёбад, ҳар рӯз чандин шир аз гове мегиранд, агар дар ҳафта як рӯз ба султон диҳанд, моли эшонро халале намешаваду хизонаро тавфире (даромад) мешавад. Нийят кард, ки чун ба дорулмулк расад, он мувозаа (қарордод) бар раият ниҳад. Чун сабоҳ шуд, духтарак он говро гирифту бидӯшид. Андаке шир фурӯд омад. Духтар давида пеши модар омад, ки эй модар, имрӯз говро дӯшидам, валекин андаке шир дод. Модараш гуфт: Аҷаб нест ки подшоҳи мо нийяти зулме кардааст.

Қубод тааҷҷуб намуд ва гуфт: Аз чӣ донистӣ? Гуфт: Ҳар бомдод гови мо шири бисёре додӣ, имрӯз ҷузве шир дод. Ҳар гоҳ ки подшоҳ нийяти бад кунад, Ҳақ, субҳонаҳу, баракат бардорад. Қубод гуфт: Рост мегӯӣ. Бас, он нийят аз дил берун кард ва духтаракро гуфт:Боз ба сари гови худ бирав! Чун духтарак дигарбора говро бидӯшид, шири бисёр дод ба тариқи ҳаррӯза.

Боз духтарак пеши модар омад ва муждаи некуии подшоҳ расонид. Ва аз ин ҷо гуфтаанд, ки “Малики одил беҳтар аст аз абри боранда ва офтоби тобанда”.

Байт:

Ҳар он нам, к-аз абри баҳорон бувад,

Дар андешаи шаҳриёрон бувад.

Чу бад гардад андешаи подшо,

Наёбад замин нам ба вақт аз ҳаво.

Чу одил бувад шаҳ зи сахтӣ манол,

Ки адлаш беҳ аст аз фарохии сол.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Гирдоварандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика