ҲИКОЯТ АЗ "НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК"- МУҲАММАД ҒАЗЗОЛӢ

Ба рӯзгори Нӯшервони одил марде аз марде замине харид. Ва андар он ҷо ганҷе ёфт. Зуд ба наздики фурӯшанда шуду ӯро хабар дод. Гуфт: «Ман туро замин фурӯхтам ва аз ганҷ хабар надораму надонам. Он чи ёфти туро муборак бод». Гуфто: «Нахоҳам ва дар моли касон тамаъ накунам». Ва бад-ин маъни доварӣ миёни эшон дароз бибуд ва пеши малики одил Нӯшервон рафтанд ва ҳол боз гуфтанд. Нӯшервонро хуш омад. Гуфт: «Шуморо фарзандон ҳастанд?». Яке гуфт: «Ман писаре дорам». Ва дигаре гуфт «Ман духтаре дорам». Нӯшервон гуфт: «Бо якдигар хешиву пайванд кунед ва духтар ба писар диҳеду ин ганҷ бар эшон хазина кунед, то ҳам шуморо
бувад, ҳам фарзандони шуморо».
Ҳамчунон карданд ва аз якдигар хушнуд гаштанд.

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика