Ҳикмати шукр ва истиғфор

Рӯзе Ҳасани Басрӣ (раҳмати Худо бод бар ӯ) барои расонидани колояш аз бозор то хона мардеро кироя намуд. Дар тӯли роҳ аз ӯ мешунид, ки ду калимаи муборакро пайваста ба забонаш такрор дорад ва ҳеч чизе ба он изофа наменамояд:
"Алҳамдулиллоҳ"...
"Астағфируллоҳ"...
Замоне ки ба манзил расиданд, аҷри ӯро пардохт ва аз ӯ дар мавриди ин ду калима пурсон шуд.
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
"Ман дар тамоми умрам бо Аллоҳи пок аз ду ҳолат берун нестам:
ë бар ман неъмате додааст, ки бояд дар баробараш Ӯро сипос (الحمد لله) гӯям ва
ё аз ман тақсире сар задааст, ки бояд барои он пеши Парвардгорам узрхоҳӣ (استغفرالله) намоям.

Пас аз дидани ин ҳолат, Ҳасани Басрӣ ҳар ду кафи худро ба ҳам заду гуфт:
"Эй Ҳасан!!! Мардикоре аз ту фақеҳтар аст".

Агар Аллоҳи пок беҳтарин матоъи дунëро бароят ато фармудааст, ин ҳанӯз нишонаи саъодат ва хушбахтӣ нест!
Саъодат эҳсоси муаваққат ҳаст, ки зуд аз ту нопадид мегардад.
Қулла ва арзишмандтарин неъмат ҳамон аст, ки ту дар баробари Парвардгорат ризо ва хушнуд бошӣ!
Худованд нафармуда: "Парвардгорат он қадар ба ту хоҳад дод, ки хушбахт шавӣ", балки фармуда:
"Парвардгорат он қадар ба ту хоҳад дод, ки аз Ӯ розӣ ва хушнуд хоҳӣ гашт".
Худованд дилҳои ҳама моро пур аз ризо ва хушнудӣ гардонад!
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика