Қонуни танзим асоси рушди иҷтимоии ҷомеа

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон миллати қадима буда, таърихи бою ғанӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозаистиқлол баҳисоб меравад, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз баҳри пешравию шукуфоии кишварамон заҳмат мекашад, нисбати халқ ғамхории падарона дорад, то ки зиндагии мардум орому осуда бошад. 
 
Солҳои 70-уми асри гузашта замоне, ки сатҳи зиндагии мардум андаке хуб шуд, баргузории тӯю маърака ва ҷашну маросимҳои бошукӯҳ ба ҳукми анъана даромад. Ба ҳамин минвол исрофкорию зиёдаравиҳо, инчунин харҷи аз ҳад  зиёди пулию молӣ ба хотири худнамоӣ ва дороии худро дар ҷомеа ба дигарон нишон додан ва аз дигарон худро воло ҳисобидану баланд гузоштан зиёд гардид.   
    
Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат ороста, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин гуна бидъату сарбориҳои сохта, қабули қонун буд. 
Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, зарурати ташкили сохтори махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт пеш овард. Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, ҳамзамон тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд. 
  
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо гузашти якуним даҳсола маълум гардид, ки он дар роҳи ҳифзи анъанаҳои мардуми ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонуни танзим ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба низом даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
 
Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон намуд, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъана ва расму оин бо умумиятҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибрат шуд.
 
Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид
 
Мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ
Фотимаи Ш. 
Яндекс.Метрика