⚡Қарори шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Тибқи ин қарор, ба иштирокдорони 19-умин Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023, ки дар Чин баргузор гардида истодааст, барои касби мақоми аввал – хонаи сеҳуҷрадор, мақоми дуюм – хонаи дуҳуҷрадор ва мақоми сеюм – хонаи якҳуҷрадор аз ҳисоби моликияти шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ тақдим мешавад.
Ҳадафи ин иқдом ҳавасманд гардонидани варзишгарон барои дастёбӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди варзиш дар Тоҷикистон унвон шудааст.
Шаҳрдори Душанбе Муассисаи давлатии "Маркази баҳисобгирӣ ва идораи бунёди манзил"-ро муваззаф кард, ки ба ғолибон асноди лозимаи «Манзили шахсӣ»-ро тақдим кунад.
Бояд гуфт, ки то кунун варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар риштаи ҷудо се медал - 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда, интизор аст, ки имшаб соати 23:30 дақиқа аз Ҳангжоу ба Душанбе баргарданд.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нишони тилло 150 ҳазор сомонӣ, нишони нуқра – 100 ҳазор сомонӣ ва нишони биринҷӣ – 50 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2023 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.
Аз саҳифаи ТВ "Вазиш"