Даъват ба ислоҳоти бузурги дуюми маънавиро Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рисолати шукргузорӣ аз истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллӣ ва динӣ оғоз намуданд. Дар муроҷиат ба аҳли нишаст ва мардуми Тоҷикистон, ишора шуд, ки шукрона аз он мекунем, ки аз «баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд».
Воқеан истиқлоли давлатӣ дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии халқ хизмати таърихӣ намуд. Ҳазорҳо ҳазор китобу адабиёти динию миллӣ рўи нашрро дид. Номи садҳо нафар фарзандони қаҳрамони адабӣ, илмӣ ва динии миллат зинда шуда, солгарду ҷашнвораҳои онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мутантан баргузор шуданд. Номҳои таърихии шаҳру ноҳияҳо аз нав эҳё гаштанд. Расму оинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ: ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё шуданд. Тоҷикистони демократию ҳуқуқбунёду дунявӣ бо либоси хосаи миллии фархангӣ рў ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оварда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун миллати решабатаърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ мавқеи устуворро касб кард.
Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки халқи тоҷик асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои худ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собитро шиносад ва ба аҳли илми ҷаҳонӣ аз тоҷик будани ин абармарди ақлу хирад хабар расонад. Итиқлолият рўҳу равони бузургони илмӣ ва динии моро аз қабили Имом Бухорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бурҳониддини Марғелонӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигаронро аз нав бо ҳашамоти миллӣ зинда кард. Дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлоли сиёсӣ корҳои мушаххаси ташкили маъмурӣ, дар шакли ташаккули ниҳодҳои давлатӣ дар самти дин, сиёсӣ –меъёрӣ бо муайян кардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии озодии виҷдон ва эътиқод, қабули қонунҳои соҳавии ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба анҷом расонида шуд.
Истиқлоли давлатӣ бо намои давлати дунявӣ дар партави талаботи моддаҳои 1 ва 26 Конститутсия барои қонеъ кардани талаботи эътиқодии шаҳрвандон тамоми шароитҳоро муҳайё кард. Имрўз дар кишвар беш 4 ҳазор масҷидҳо озодона фаъолият карда, ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра роҳандозӣ шудааст. Дар Тоҷикистон ба «2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад» . Тайи беш аз 30 соли соҳибихтиёрӣ бештар аз 250 ҳазор нафар шаҳрвандон сафари ҳаҷ намуда, тақрибан 450 ҳазор нафар зиёрати умра кардаанд. Ин ҳама аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва намои дунявӣ будани он аст, «пас мо чӣ гуна аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатиамон шукрона накунем?», гуфтанд дар ин мулоқот Пешвои миллат.
Усули нишон додани дастоварду музаффариятҳои халқ тайи солҳои соҳибихтиёрӣ ва васли онҳо бо истиқлоли сиёсӣ ва намои давлати демократию дунявӣ аз назари илмӣ далели қавии қадршиносии неъматҳост. Маҳз қадршиносӣ аз неъматҳо калиди устуворию ваҳдати миллӣ аст. Таҷриба ва назарияи илмӣ собит кардааст, ки «Шукри неъмат неъматат афзун кунад, куфри неъмат аз кафат берун кунад» (Мавлонои Балхӣ). Роҳбари давлат ба дарки ин ҳақиқат ба халқи Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки мо дар роҳи худшиносӣ нахуст неъматҳои маънавию милии ба дастовардаамонро қадр намоем, дар кори дастрасӣ ба дигар арзишҳои эътиқодӣ зиёдаравӣ накунем. Зеро ҳар арзиш ва ҳар неъмат дар кадом шакли маънавие набошад, худ дар маҷмуи муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи муайяншуда ва сарҳади иҷозатдодашударо доро аст, ки гузариш аз хатти истеъмолшавандаи он дар ҳама ҳолат номумкин аст. Маҳз васатият ва эътидол ҳам ба мафҳумҳо, ҳам ба расму оинҳо ва ҳам ба амалкардҳо мазмуни низомнокӣ ва адлу инсофи табиӣ, илмӣ ва иҷтимоиро зам менамояд.
Калиди саодати инсон ҳамчун ҳодисаи сотсиобиоравонии дорои ақлу хирад маҳз шинохтани неъмат ва имконҳои аклонию неруи дар дастдоштаи ўст. Худшиносӣ аз шинохти мавқеъ ва мақоми худ бо қадршиносии неъмат ва тамизи ҳаводиси неку бади рўзгор дар муносибат ба манфиату талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ оғоз мегардад. Инсоне, ки неъматҳо ва имконҳои мавҷударо дуруст мешиносад, ба қадри онҳо ба таври шоиста мерасад ва онҳоро мақсаднок истифода бурда, барои тавсеаи онҳо заҳмат мекашад, нақши фаъол дар иртиботи ваҳдати иҷтимоъ ва рушди ҷомеа мебозад. Замони муосир зери фишори манфиатҳои мухталиф, эҳтиёҷ ба инсонҳои созандаю эҷодкор ва худшиносу фаъолро аз ҳарвақта дида бештар эҳсос мекунад. Зеро фишори аз ҳад зиёди ҷаҳонишавии манфиатҳо, рушди инқилобҳои илмию техногенӣ, инқилобҳои биологию иттилооти рақамӣ ба ҳарими ҳарами озодиҳои шахсӣ ва паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ ворид шуда, саодати халқу миллатҳо ва инсонҳои ҷудогонаро халалдор месозанд. Ин раванди инқилобии олам дар самти ҳимояи манфиатҳои миллии давлатҳои миллӣ ду усули ҳимоя дорад: якум, давлати миллӣ бояд мутобиқ ба ҳамон дастовардҳои илмию техногенӣ рушд намояд ва инқилобҳои илмии дақиқро анҷом диҳад; ё дуюм, рушди бонизоми худро дар самти истифодаи дурусти он дастовардҳои инқилобӣ такмил дода, сипари маънавии истиқлоли маънавию фарҳангии худро устувор ва қатъӣ намояд. Бинобар мушкилиҳои муайяни илмию ресурсҳои маҳдуди ҷуғрофию бунёдӣ ба мо роҳи дуюмаш имконпазир буд.
Чунин селобаи фишори техногению иттилоотӣ тавассути фазои озодиҳои демократӣ дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо таъсири манфии худро ба фазои мафкуравии ҷомеаҳо ва давлатҳои миллӣ гузоштааст. Иттилооти рақамию сомонаҳои интернетӣ бо тарғиби андешаҳои носолиму тарғиби амалҳои номатлуб зарбаи асосиро ба ақлу хиради инсонӣ ва ахлоқӣ башарӣ равона кардааст. Инсони муосирро зери таъсири кашишҳои савқи табиӣ ба олами рамзӣ кашида, сарҳади ҳамагуна озодию ҳуқуқ ва меъёрҳои иҷтимоиро шикаст дода, фардро аз иртиботи иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷомеаҳо бегона карда, латма ба ҳастии дастаҷамъонаи халқу миллатҳо мерасонад. Ин равиш ҳамагуна арзишу неъматҳоро бо мақсадҳои ғаразнок сўистифода карда, алоқаи инсонро ҳамчун махлуқи хирадманд аз қонуниятҳои иҷтимоӣ ва ҳамзистӣ, ки намои равшану манфиатовари он паҳнои давлатҳои мустақили миллист, тадриҷан дур менамояд. Илму дониш, бовару эътиқод, дастоварду муваффақиятҳо, технологияю кашфиётҳоро бо мақсадҳои ғаразнок ва манфиатҳои гурўҳӣ, имкондорони давру замон сўистифода менамоянд. Ин аст, ки давлату ҷомеаҳои ҷавони олам бинобар аз камтаҷрибагию қафомонии илмию ақлонӣ осон ба чунин чолишҳои маънавию моддӣ гирифтор мегарданд.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баҳромбеков Вафобек Амадбекович
Мирзозода Азизуло Файз