Эҳтиром, истиқомат, садоқат

Дар саҳеҳи  Бухорӣ ва саҳеҳи  Муслим аз Абу Абдураҳмон Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки ман аз Расулуллоҳ шунидам,  ки фармуд: Дар замонҳои гузашта се нафар равонаи сафар шуданд.  Чун шаб шуд, пас барои шабро рўз кардан дар  ғоре дохил шуданд, пас аз лаҳзае аз сари кўҳ сахраи калоне поин шуд ва дари он ғорро баст. Онҳо хеле парешон шуданд ва барои раҳои хеш афкорҳои зиёде андешиданд, аммо натиҷае ба бор наовард. Билохира ба ин маслиҳат бастанд, ки наҷоти мо аз ин ғор танҳо як сурат дорад ва он ин, ки ба воситаи аъмоли неки худ аз Аллоҳ дуо бихоҳем, пас онҳо инчунин карданд; Яке гуфт:  Парвардигоро. Ту огоҳ ҳастӣ, ки қаблан ман модар ва падари пир доштам, ман шомгоҳ пеш аз ҳама ба онҳо шир менўшонидам, пештар аз онҳо на ба аҳлу аёл ва на ба ходим ва ғуломи худ таом медодам ва рузе, ки  ман дар талоши овардани ҳезум ва ғайра бисёр дур рафтам, чун аз онҷо баргаштам дидам, ки падар ва модарам хоб шудаанд, ман бедор намудани онҳоро муносиб надонистам ва инро низ муносиб надонистам, ки пеш аз онҳо ба ҳамсар, авлод ва ғуломҳои худ шир бидиҳам дар ҳоле, ки  пиёлаи шир дар дастам буд, болои сари онҳо интизор шудам, то вақте, ки онҳо худ бедор шаванд ва ман ба онҳо шир бидиҳам то ин, ки субҳ шуд онҳо худ бедор шуданд ман фавран ҳамон ширро ба онҳо додам ва  онҳоро сер гардондам. Ё Аллоҳ, агар ин амалро ман сирф ба хотири ризои ту анҷом дода бошам,  пас моро аз ин мусибат, ки дучори он шудаем наҷот ато фармо. Расули акрам мефармояд, ки тибқи дуои ин шахс санге, ки даҳони ғорро баста буд, каме дур шуд, аммо на он қадаре, ки берун шудани онҳо имконпазир шавад.
 
Баъдан нафари дуюм дуо намуд, ки ё Аллоҳ ту огоҳ ҳасти ки амакам як духтар дошт, ман бо ў муҳаббати бисёр доштам, он қадар муҳаббати зиёде, ки як мард бо зан дошта бошад, бо ҳамин сабаб рўзе аз ў тақозои пурра кардани хоҳишоти нафсонии худ кардам, лекин ў барои ин амал омода нашуд ва инкор кард, аммо як вақт инчунин пеш омад, ки дар кишвари мо қаҳтӣ ва хушксолӣ бисёр шадид омад дар ин соли қаҳтӣ ин духтари амакам маҷбур шуд, то пеши ман биёяд ва талаби кумак кунад. Ман ўро бо ин шарт як саду бист динор додам, ки ў бо ман ҳамбистар шуда, таалуқоти ҷинси анҷом диҳад. Духтар барои ин амал омода шуд, лекин вакте, ки ман бар он қудрат ёфтам ва у дар ихтиёри ман омад, (алфози ривояти дигар чунин аст:) вакте, ки ман барои такмили хоҳишоти нафсонии худ миёни ҳарду ронҳои ў нишастам, то ман бо он амал зиноро анҷом диҳам, дар ин вақт ў ба ман гуфт: Эй мард аз худованд битарс ва ба таври ноҳақ ин таҷовуз макун, ё Аллоҳ алфози он духтар буд, ки хавф ва ва тарси ту он қадар бар ман ғалаба кард, ки ман аз он дур шуда он корро гузоштам ва амали бадро анҷом надодам, дар ҳоле, ки ман бо он духтар муҳаббати беш аз хад доштам, ў барои ман аз ҳама маҳбубтар буд, эй Парвардигор ту огоҳ ҳастӣ,  ки ман ҳамон як саду бист диноре, ки дар бадали анҷом додани амали бад ба ў дода, будам низ ба у гузоштам ва пас нагирифтам. Эй Парвардигор, агар ман ин амалро воқеан барои ризои ту карда бошам, пас ин мусибат, ки имрўз  бар мо рух додааст, аз мо дур кун. Расулуллоҳ фармуд: Ба баракати дуои ин марди дуюм он санг каме дигар аз даҳони ғор яксу шуд, лекин боз ҳам берун шудани онҳо аз ғор мумкин набуд.
 
Баъдан нафари сеюм дуо кард, ки ё Аллоҳ ту огоҳ ҳастӣ, ки ман чандин муздурҳо дошгтам, ба ҳар яке аз онҳо муздашонро додам, танҳо як муздур бидуни гирифтани муздаш рафт, ман маблағи музди ўро дар кору бори худ сарф кардам, дар натиҷа аз ҳамин маблағ  моли фаровон ба даст омад, баъд аз муддате он муздур омад ва манро гуфт: эй бандаи Худо, ҳамон музди манро ба ман таслим кун, ман ба ў гуфтам: ин шутур, гов, гўсфанд ва ғулом, ки ту мебинӣ,  ҳама самараи музди туст, ў ба ман  гуфт; Эй мард бо ман мазоқ накун, ман барояш гуфтам, бародар ман бо ту мазоқ намекунам, балки ҳақиқатро мегўям, ба ростӣ ин ҳама аз ту аст, зеро ман бо маблағи ту корро шуруъ кардам, пас аз он фоидаи зиёд ба даст омад, ин ҳама чизҳо, ки дар пеши рўи ту аст ман бо ҳамон пул харидаам, билохира ҳамин буд, ки ҳамон шахс тамоми ин чизҳоро бардошт ва ҳеҷ чизеро нагузошт. Эй Парвардигор, агар ман ин амалро сирф ба хотири ризои ту карда бошам, пас ин мусбате, ки мо дар он мубтало ҳастем аз мо дур кун. Расулуллоҳ фармуд: баъд аз ин он сахра ба таври комил дур шуд, даҳони ғор комилан боз шуд, он се нафар, ки дар он банд монда буданд аз он раҳо ёфтанд.
 
Ончи барои мо гуфта шуд; Аз эҳтироми падару модар, истиқомат ва бурдборӣ, садоқатмандӣ дар рафтору кирдор, омўзаҳое ҳастанд, ки ҳар касе онҳоро анҷом дод, самараи онҳоро дарёфт хоҳад  кард.
 
Шоирони гузаштагони мо гуфтаанд:
Гандум аз гандум бируяд ҷав зи ҷав,
Аз мукофоти амал ғофил машав.
 
Инчунин гуфтаанд:  
 
Ту неки куну дар Даҷла андоз, 
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
 
Сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.
Яндекс.Метрика