ШОҲИ ОДИЛ

Анӯшервон яке аз шоҳони Эрони бостонӣ буда, ҳар сол дар рӯзи Наврӯз барои мардум зиёфат ташкил мекард. Таомҳо ба зарфҳои қимматбаҳо пешкаш мешуданд.

Дар байни онҳое, ки ба зиёфат омада буданд, як камбағале низ буд, ки дар зиндагӣ душворӣ мекашид.

Ба худ гуфт:
— Агар як табақро аз ин ҷо бурда фурӯшам, аз эҳтиёҷоти зиёд халос мешавам. Умедворам, ки шоҳ ин гуноҳи аз ноумедӣ содиркардаамро мебахшад. Вай яке аз зарфҳои қиматбаҳоро миёни либосаш печонд.

Анӯшервон хомӯш буд, ҳарчанд ӯ меҳмонро назорат мекард.

Зиёфат ба охир расид ва издиҳом барои пароканда шудан омода шуданд. Хизматгоре, ки ба зарфҳо масъул буд, зарфҳоро ҳисоб кард ва дид, ки як донаи гаронбаҳояш нест. Дар ин бора фавран ба Анӯшервон шикоят кард ва гуфт, ки ҳамаро тафтиш кунанд.

Анӯшервон ба ӯ:
— Санҷ, лекин касеро шарманда накун, агар онро марди ниёзманд гирифта бошад. Ва ҳар кӣ дидааст, бигзор онро қабул накунад.

Марде, ки зарфро гирифта буд, онро фурӯхта, барои рӯзғораш сарф кард, барои худ либосҳои нав дӯхт ва соли дигар ба зиёфат либосҳои нав пӯшида омад. Баъди зиёфат Анӯшервон ба ӯ ишора кард:

— Магар ин либоси нав бар зимми он зарфи қимматбаҳо наомадааст? — бо ханда пурсид ӯ.

Вай сурх шуда гуфт:
- Ин либосҳоро дар сояи шумо гирифтам. Қашшоқӣ маро маҷбур кард, ки ба ин гуноҳ даст занам, маро бубахшед. Ман аз кори кардаам пушаймонам, - гуфт ӯ ва узр пурсид.

Анӯшервон ӯро тасаллӣ дод:
- Баъд аз ин чизеро напурсӣ нагир, агар лозим бошад, биё, ба ман бигӯ, ман ба ту кӯмак мерасонам, - гуфт ва ӯро шод кард.

ЭҲТИЁТКОР БОШЕМ!

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика