ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Мо дар шахсияти мардони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем ва қадршиносӣ мекунем.

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 110 – солагии зодрӯзи Шириншоҳ Шоҳтемур, 20 октябри соли 2009, ш. Душанбе).

Нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи рӯзноманигор ва муҳаққиқи таърих, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоевро таҳти унвони “Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон” аз чоп баровард. Ин савумин китоби муаллиф дар бораи ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Барои китоби нахуст “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам” Қ. Аламшоев сазовори Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (соли 2001) шуда буд. Асари мазкур аз ду китоби қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки комилан рисолаи илмист.

Дигаргуниҳои куллии дар ду даҳсолаи охир рухдода тақозо мекунанд, ки ба гузаштаи халқамон бо мафкураи ҷадид нигариста, арзишҳои мавҷудаи таърихиро бо чашми дигар бубинем. Омӯзиши ҷараёни эҳёи миллӣ, таҷдиди ҳаёти маънавии халқ, ифшои “доғҳои сафед”-и таърих аз ҳар муҳаққиқ таҳлили мӯшикофонаи гузаштаро талаб карда, дар ҳаёти имрӯзаамон маънои васеъ ва макони фарохтаре пайдо мекунад. Дар робита ба ин, хизматҳои таърихии ходими сиёсӣ ва давлатии тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва рушду таҳкими давлатдории тоҷикон, бешак, аҳамияти бузург дорад. Китоб ба яке аз мавзӯъҳои муҳим ва ба дараҷаи кофӣ омӯхтанашудаи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо унвони баландтарин - Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидани фарзандони вафодори миллат доираҳои илмӣ ва рӯзноманигориву адабии мамлакатро водор месозад, то барои беҳтар нишон додани чеҳраи аслӣ ва таърихии чунин афрод кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Зеро таҳлили роҳи таърихии паймудаи онҳо, таҷрибаи бойи ин афрод дар роҳи ҳалли масоили мушкилтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон метавонад барои насли ҷавони ҷумҳурӣ мактаби хуб ва ибрати нек бошад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистони соҳибистиқлол олимону нависандагонро ба он ҳидоят мекунад, ки таърихи миллат ва фарзандони онро ба ҷаҳониён шиносонанд.
Бахусус, таърихи солҳои 20 - 30 - юми қарни гузашта барои омӯзиш ва ба ҳамагон пешниҳод кардан хеле ҷолиб аст. Зеро ин давраест, ки баъд аз ҳазорсолаи парокандагӣ давлати тоҷиконро ба вуҷуд овард, дар ташаккули миллати тоҷик ҳамчун як воҳиди этникӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ нақши бузург бозид.

Китоби муҳаққиқ Қурбон Аламшоев “Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон” ба омӯзиши илмии ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шӯравӣ Шириншоҳ Шоҳтемур (маҳз бо ҳамин тасниф ба Энсиклопедияи Бузурги Советӣ ворид гаштааст) бахшида шудааст. Номбурда аз зумраи он фарзандони диловари тоҷик аст, ки дар ҳамин давраи сарнавиштсоз зиста, тамоми неруи ҷисмонӣ ва ақлонии худро ба бунёд ва таҳкими давлати миллии тоҷикон бахшида буд.
Дастоварди илмии асар ин аст, ки бори аввал ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди таҳлили амиқ ва ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Муаллиф аксари факту далелҳои нави таърихиро зимни ҷустуҷӯ ва ковишҳои илмии худ дар бойгониҳои давлативу ҳизбии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия дар давраҳои гуногун пайдо кардааст. Қариб бист дарсади истинодҳои муаллиф бар асоси манобеи нави бойгонӣ аст, ки ин қимати илмии асарро боло мебарад. Аз ҷумлаи муваффақиятҳои китоб инро низ унвон кардан мумкин аст, ки он нахустин тадқиқоти илмии васеъ роҷеъ ба пешвоёни миллати тоҷики солҳои 20 – 30 - юми қарни ХХ аст. Пас аз мутолиаи китоб хонанда ба хулоса меояд, ки то чӣ андоза ин давраи кӯтоҳи таърихӣ дар қисмати мардуми тоҷик нақши пурҷилое доштааст ва то чӣ андоза идомаи омӯзиши амиқтари он барои муҳаққиқон ҳанӯз ҳам муҳим аст.

Мо медонем, ки дар баробари соҳиб шудан ба давлати миллии сотсиалистӣ ва муваффақ шудан ба комёбиҳои беназири иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ин давра барои тоҷикон як давраи пуршӯру шаре буд, ки дар он беҳтарин фарзандони миллат қурбони туҳматҳои беасос ва дасисабозиҳои сиёсӣ шуданд. Поягузорони давлати Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов ва даҳҳо вазирону котибони ҳизбиву мансабдорони давлатӣ туъмаи террори сиёсӣ гардиданд.

Чаҳорчӯби хронологии таҳқиқоти асари Қ. Аламшоев аз соли 1895, замони ба Русия ҳамроҳ шудани Помир, то соли 1937 - охирин соли фаъолияти Ш. Шоҳтемур (замони маҳкум кардан ба ҳабс ва қатлаш)-ро дарбар мегирад. Мантиқист, ки муаллиф вазъи Помир ва Бухорои Шарқиро баъди ғалабаи Инқилоби Октябр мавриди таҳлил қарор дода, дар чи гуна муҳит ба воя расидани Ш. Шоҳтемурро ба қалам меорад. Таҳқиқгар ҳамчунин ғалабаи сохти шӯравӣ дар минтақа ва дар кадом замина ташаккул ёфтани ҷаҳонбинии сиёсии Шоҳтемурро нишон медиҳад.

Дар боби дувум фаъолияти бевоситаи Ш. Шоҳтемур зимни эҳёи давлатдории тоҷикон мавриди пажӯҳиш қарор ёфтааст. Бар асоси далелҳои расмӣ, ки аз бойгониҳо ба даст омадаанд, муаллиф ширкати бевосита ва бавоситаи Ш. Шоҳтемурро дар таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1924) ва ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил додани он (соли 1929) нишон додааст. Муҳаққиқ дар ин боб ҳамчунин дар бораи фаъолияти сиёсиву маъмурии Ш. Шоҳтемур дар тӯли солҳои 20 – 30 маълумоти пурқимат овардааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи фарзандони содиқи Ватан буд, ки шабу рӯз барои ободию рушди бемайлони он фикр мекард. Ҳарчанд дар тӯли фаъолияти хеш мавсуф дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ ва давлатӣ кор мекард, вале ҳеҷ гоҳ аз таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фосила намегирифт. Бо ибтикори бевоситаи ӯ дар нуқоти гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои маданӣ - равшаннамоӣ, фарҳангиву таҳсилотӣ, илмиву пажӯҳишӣ, интишори рӯзномаҳо ба роҳ монда шудааст. Ӯ яке аз ташаббускорони истифодаи захоири табиии Тоҷикистон ва бештар ба кор ҷалб кардани кадрҳои маҳаллӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ буд.

Боби савум ба таҳлили нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар дигарсозии ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷумҳурӣ бахшида шудааст.

Дар ин боб бори аввал сабабҳои доман паҳн кардани фишор ва тазъйиқи солҳои сиюм дар Тоҷикистон, ки то кунун дар адабиёти илмӣ ҳалли худро наёфтааст, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллиф тавонистааст баъзе сабабҳо ва хусусиятҳои хоси ин раванди номатлуб дар Тоҷикистонро дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин нишон бидиҳад.
Қурбон Аламшоев зимни таҳқиқот адабиёти мавҷуда, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро таҳлил карда, ба таври васеъ мавриди истифода қарор додааст.

Аз тарафи дигар, бартарии назарраси китоб дар он аст, ки он аз ҳар гуна идеология ва васфу ҳамд дур буда, бо назари воқеӣ нигошта шудааст. Дар китоб ҳамчунин муаллиф дар бораи бисёр ҳаммаслакони Ш. Шоҳтемур, ки дар дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии солҳои 20 – 30 нақши боризе доштанд, маълумоти возеҳу мухтасар овардааст, ки бо ин мазмуни асарро пурра ва нақши бевоситаи Шоҳтемурро пурҷилотар гардондааст.

Муаллиф тавонистааст тавлид ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мисоли ҳаёт ва фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур ба қалам диҳад. Вай бо арқом ва далелҳои зиёд нишон додааст, ки дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ - аз соли 1924 (замони таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон) то соли 1937 (давраи нобудсозии роҳбарони вақт), ки ҳамагӣ сездаҳ солро ташкил мекард, тоҷикон дар давлати бунёдкардаашон ба бузургтарин комёбиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ даст ёфтанд.
Яке аз чунин родмардон Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки пайваста баҳри ободии мамлакат мубориза мебурд. “Ман бо ин ҳуҷҷат соати сеи шаб шинос шудам” омадааст аз номи Шоҳтемур дар китоб, ки манбаъаш як тунднавис (стенограмма) дар пленуми ҳизбист. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ ба хотири эъмори ҷомеаи навини тоҷикон пайваста талош мекард.

Китоби “Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон” барои муҳаққиқон, донишҷӯён, кормандони давлатӣ, адибону рӯзноманигорон манбаи боэътимоди илмист.

Ҳайдаршо ПИРУМШОЕВ,
доктори илмҳои таърих, профессор

Гирдоварандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика