Шикаста устухон донад, давои мумиёиро

Рӯзҳои охир дар расонаҳои иттилооти аз ҷониби саркардагони гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ, мисли ТЭТ ҲНИТ, гурӯҳи 24 ва дигарон  оид ба системаи сиёсӣ ҷомеа, сохтори конститутсионии давлат ва сохтори идоракуни давлатӣ андешаҳои бемантиқу бе асос ироа мекунанд.
Дар расонаҳои иттилооти ва суханрониҳои сабти видеоӣ  аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ, созмонҳои ғайрирасмӣ, ҳизбҳои маҳкумшуда, дар нисбати системаи сиёсии ҷомеа, сохти конститутсионии давлат ва сохтори идоракунии он тафаккуру андешаҳои дур аз мантиқ бе далелу бурҳон ироа мегардад. Оиди фаъолият ва амали ин гурӯҳҳову ҳизбҳо дар тамоми расонаҳо ва маҷалаҳои дохилӣ ва берунӣ маълумот нашр гардиданд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа ҳадаф, мақсад ва марому ниятҳои эшонро хуб дарк карданд
Таҳлилҳо ва натиҷаҳо нишон додаанд, ки фаъолияти онҳо на барои давлату миллат, на ба халқу ҷомеа балки танҳо барои ҳадафи шахсии хеш буду халос. Кас ба ҳайрат меафтад, ки дар замони фаъолияташон, ҳам нону намаки давлатро мечашиданду ҳам ба таври пинҳонӣ молу амволи давлатро ғайри расмӣ моли худ мекарданд ва дар айни замон ҳам нақшаи аз байн бурдни давлатро мекашиданд. Аниқан бояд қайд намоем, ки ин тоифа ба таври пурра аз тарафи хоҷагони хориҷиашон дастгирии моддӣ ёфта, ба ҳар амалу рафтори нопок даст хоҳанд зад. Барои онҳо мафҳумҳои модар, ватан, миллат, халқ, кишвар бегона буда, идеали асосии онҳо хоҷагони хориҷиашон аст.
Яке аз сабабҳои дар хориҷи кишвар фаъолият намудани онҳо ин таъсири манфӣ расонидан ба тафаккури ҷавонон аст. Вале эшон боре ҳам андеша накардаанд, ки ҷавонони имрӯза дорои нерӯи баланди ақлонию зеҳнӣ ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба гуфтору амалу нияти нопокашон бовар надоранд. Агар сареҳан ба гуфтору суханашон гӯш андозем, сухан фақат аз бобати дигаргун сохтани фазои орому осоишта, танқиди беасоси қишриҳои мухталифи кишвар, тафриқаандозиву ҷудоиандозӣ миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа ва ҳоказҳо мебошад. Боре ҳам аз ободкориҳову созандагиҳо сухан накардаанд ва намекунанд. Ҳадафи онҳо ин зери амур ливои хоҷагонашон фаъолият намуда, ғараҳои нопоки нопокионҳоро амали сохтан аст. Бо садҳо далел метавон исбот кард, ки ин тоифа ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу кишвар кор нахоҳанд кард, балки ҳадафи нопоки худро амалӣ месозанду халос.
Сухан имрӯз дар хусуси сияҳдилон, беватанон, зархаридон ва умуман душманони ашадии миллати тоҷик меравад, ки  чанд рӯз пеш дар кишвари Олмон нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳурматӣ намуда, амали дур аз ахлоқи инсониро зоҳир намудаанд. Аслан Роҳбарияти Олии кишвар ба ҳурмату эҳтироми ин палидону фосиқон ниёз надорад, вале онҳо бо ин амалу рафтори ношоистаи худ, бори дигар душмани халқи тоҷик будани худро нишон доданд. Аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтем, ки барои ин пастфитратон бори дигар исбот намоем, ки имрӯз Пешвои миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон нақш ва мақоми воло дошта, аз ҷониби сарони кишварҳои ҷаҳон ва шахсиятҳои баҳрӯманди ҷаҳонӣ эътироф ва қадрдонии шоиста гардидааст ва сарварии шоистаи ӯ боиси аҳсану офарин аст.
Ин амали ноҷавонмардона ва пастфитратии ин гуруҳҳо нисбати Пешвои миллат амалӣ гардид, ки боз ҳам душмани миллати тоҷик будани худро иншон доданд. Амалу  рафтори онҳоро тамоми мардуми тоҷик аз оғоз то ба имрӯз маҳкум менамоянд.
 
Қурбоншоев Илҳом н.и.фалсафа - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика