
Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22- юми октябри соли равон, ба шанбегии умумӣ баромада, барои тозаю озода намудани гирду атрофи Оромгоҳи Лучоб ҷалб карда шуданд.
Чунин тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва зиёратгоҳҳои бузургон ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусни дигар зам менамояд. Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардонидани кишварамомн саҳми арзандаи хешро гузорад.
Ёдовар мешавем, ки чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта аз ҷониби кормандони Маркази исломшиносӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир