Чаро Исломи муосир худро аз ифрот ҳимоя карда наметавонад?

Қисми 4:
Дар муносибат бо  ислом  ифрот ҳамчун зуҳуроти манфии васлшуда бо ин арзиши олӣ зуҳур менамояд. Аввалин нуктаи ташвишовар ва шубҳаангез назди ақл ин аст, ки чи тавр дине, ки дар оғози ҳар нияту гуфтору амалаш пайравонашро «аз шарри шайтон ба паноҳи Офаридгор»  фаро мехонад, бо номи он даст ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ зада, ба дили мардум ҷойи муҳаббат, тарсу ваҳм ҷо мекунад.
Бо чӣ иллат оине, ки «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон» ба табдили олам даст задааст, ҳама нияту гуфтору рафтори муъминонро тобеи ҳамин Аллоҳи бахшояндаю меҳрубону омурзандаю (41:43) фазлдиҳанда (40:61) намудааст, пайравонаш ба ҷойи  бахшидану меҳурбонӣ ва муҳаббат бо хунсардию бераҳмӣ ба қатли мардумони дигар даст зада, тарконидану хароб кардани бинои маънавию моддии оламро шиори худ қарор додаанд. Чаро ҳиммату неъмату раҳмату бахшоиш ва меҳрубонии  фарогири созанда ва одилонаи Худованди олам, ки  ҳама мавҷудоту махлуқоту ашёи оламро иҳота кардааст (6:54; 7:156; 40:7;) ба ҳама намерасад ё ба ҳарими ҳарами иддае аз муъминон ворид намегардад. 
Дину оине, ки дар баробари инсон меҳру шафқатро ба ҳама ҷонварон аз симати инсони комил дониста, рияои ҳаққи онҳоро аз бандагонаш даъват мекард ва носипосонро ба хотири ҷонваре ба дўзах ҳукм мекард, имрўз бидуни ибо олитарин махлуқоти олам - инсонҳоро мекушад ва метарконад. Ҳадис: “Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Азоб карда шуд зане дар баробари гурбае, ки онро зиндонӣ намуда ва на таъомаш дод ва на серобаш кард ва
нагузошт, ки аз ҳашарот ва хазандагони замин бихўрад, то инки мурд ва дар баробари кайфари он ба дўзах дохил шуд.”  
Чаро рисолати паёмбаре, ки дар оини ростӣ ва адлу инсоф даркшавандаю фаҳмшаванда буда, барои ҳидояти амали нек баҳри муъминон фиристода шуда (21: 107), суханаш аз  хоҳиши нафс набуда,  ба ҷуз аз ростию хирад ва сухани Ҳақ ҳарфе нагуфтааст (53:2-4), ба ҳама пайравонаш асаргузор нест. Чаро дине, ки ба насиҳат ва некӣ намудани муъминон бар якдигар ҳидоят шудааст  пайравони тундраву бадхоҳон пайдо мекунад, оине, ки ба ислоҳи инсон аз нуктаи ният даст зада , ҳамаи амалҳоро тобеи нияти нек карда, роҳи сабукии зиндагиро ба бандагон омўхта , Офаридгораш бо бандагон бо озодии ирода қарордод баста (7:172-173), паёмбараш бо умуматонаш ҷиҳати амали нек байъат намудааст , имрўз рў ба ифроту, террору зиёдаравию тундравиҳо оварда,  дар дили мардуми олам бадбинӣ ва хушунатро тавлид кардааст?   
Ин гуна саволҳо ҳар муъмин ва мусулмони асилро, ки аз дасту забонаш бояд касе озор набинад (ҳадиси паёмбари ислом), дар дилаш нисбат ба дигарон некӣ карданро тарбият намуда,  ҳарчи худро бихоҳад ба дигарон низ орзу намуданашро васият гирифтааст (ҳадиси паёмбари ислом), ба ташвиш овардааст, ки чаро хондаю фаҳмидаю ниятҳояш ба амалкардҳои бародаронаш мувофиқ нестанд.   
Мутафаккире дар минтақае аз ватани худ аснои бозии футбол монеъ гаштани боло шудани парчами давлаташро барои дастгирии кишвараш бо фишори тамошобинон мушоҳида карда гуфтааст: Агар ман дар кишвраи худам парчами давлатии миллатамро боло карда натавонам, пас бо ин давлати ман ҳодисаи мудҳише рух додааст .  Имрўз ҳам ҳолати дини ислом ин ҳолатро мемонад. Исломи таҳаммулгарою ақлгарою адлпарвар дар қиболи чанд тан аз террористону ифротиён симатҳои аслии худро муаррифӣ карда наметавонад  ба муқобили ин тундравони роҳгумзада аз симатҳои аслии инсонгароёнаи худ ҳарфе гуфта наметавонад. Пас воқеан бо ислом чи ҳодисае шудааст. 
Мушкилии аслӣ дар ин радиф дуруст сарфаҳм нарафтани ҳамон арзишҳои бунёдӣ ва равишҳои хамирмоявии ислом ҳамчун дин ва ислом ҳамчун ҷаҳонбинӣ аст, ки на ифротиён онро дуруст фаҳмидан мехоҳанд ва на ҷонибдорони исломи муътадил онҳоро ба сифати яроқи маънавӣ истифода менамоянд. Ислом дар асл ба тарғиби ваҳдати башарӣ дар асоси ваҳдати илоҳӣ даст зада, консепсияи офариниши инсонро ба тариқи таҷрибаи башарӣ ба одамон мефаҳмонад, ки онҳо аз назари биологӣ ва хунӣ ҳама фарзандони одаманд. Як нуктаи муҳими тавҳиди илоҳӣ ба ҳамин усули фаҳми олами атроф ва ягонагии Худованди бузург бо фарогирии ҳама ашёи олам аст, ки ифротиёни бо ном “яктопараст" даст ба ғорату таркиши хонаю идораҳои бародарони ҳамдину аҳли китоб зада, ин ваҳдати аслро аз бунёдаш хароб мекунанд. Афсўс, ки аз ҷонибдорони исломи аслӣ касе нозукиҳои ин навъ дуршавиҳоро на ба онҳо мефаҳмонаду на ба мардуми дигар, ки ин бародарони тундрав дуруғгўёну раҳмгумзадагонанд.
Боиси тассуф аст, ки решаи ин ифроту террор дар фарҳанги исломӣ тавассути фарзандони гумроҳаш аз лаҳзаи сиёсисозии дин ва ба майдони мубориза кашидани он оғоз шуда, дар давараҳои баъдӣ вобаста ба манфиату талаби замону макон таҳаввул ёфтааст. Танҳо дар ҷанбаи ахлоқӣ, динӣ ва биологӣ истодагарии эътиқод ва арзишхои олии инсонӣ-гуманизм, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба муқобили тундравӣ ва ифрот ҳамчун иллати ақли инсонӣ  дар қарнҳои минбаъд дар кунгураи рушди манфиатҳои иқтисодӣ ва табиати муноқишаи давлатҳо ва мазҳабҳо мушкил шуд. Бинобар он, қадр ва манзалати таҳаммулгароию инсондўстӣ  аз доираи танги диндорони ҳирфаӣ ва сўфиёни эътирозгар берун нарафта, ба як шиори хушку холии олимони гуманисту космополит табдил ёфт, «Бани одам аъзои якдигаранд… (Саъдӣ)».  
Аҷиб он аст, ки замоне, ҳамин сўфиёни инсонгарою мутафаккирони гуманист дар ҳалқаи аҳли уламои тундраву мутаассиб маҳкум мешуданд. Сипас, маҳсули заҳмати онҳоро инсоният ба маърази намунаю захираи тиллоии афкори башар ворид сохт ва ба назар чунин мерасид, ки ҳақ ба ҳақдор расида. Вале имрўз иддае аз навбаромадони динии кишвари мо, ки таълими диниро дар ҷойҳои маълуму номаълуми ватан ва берун аз он гирифтаанд, бо таассубу хурофоти гўшношуниду тундрав даст ба домони ин нухбагони илми адабу шеър зада, ба маҳкумкунию таҳқири шахсияти онҳо пардохтаанд. Ин албатта, хиёнат ба ақлу дониш ва миллати худ аст. Ҳол он ки ҷаҳонбинии илмии ин мутафаккирони бузург ҷойи таҳкиру дашном бояд дар ҷодаи илми ахлоқ, инсондўстӣ, тафсир, калом, фалсафаи исломӣ ва ҳуқуқи исломӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, дар самтҳои нав мутобиқ ба талаботи замон бо тамоюли позитив рушд дода шуда, ҷойгоҳи худро дар намоиши мусбати фарҳанги исломӣ ва халқҳои мусулмон ҳамчун мардуми таҳаммулгарою созанда ва оқилу инсондўст дар паҳнои давлатҳои навин пайдо мекард. Мутаасисфона, чунин нашуда истодааст. 
Омили аслии чунин бунбаст гаштани ғояи неки ахлоқӣ дуруст рушд накардани фазои мафкуравӣ дар олами Шарқ буд, ки зери таассубу хурофот илмҳои ҷомеашиносӣ ва дақиқро оғоз аз асрҳои ХIII аз майдони мубориза барои шинохти ҳақиқат ронданд. Ин ҳолат мардумро аз фаҳми дурусти на танҳо меъёрҳои ахлоқӣ, балки арзишҳои дигари башарӣ низ маҳрум сохт. 
Ин буд ки ҷойи гуманизми диниро андешаҳои ифротию тундрави зидди якдигари мазҳабҳои сахтгир ва давлатҳои истилогар дар асрҳои миёна ишғол намуд. Дар чунин шароити вазнини мафкуравӣ ҳатто «Иллиада»-и Гомеру «Этика»-и Арасту бо адами озодии илмӣ аз беқадрии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсию ғояҳои риндонаи Ҳофиз дар замонашон пасттар мешуданд. Имрўз низ бо чи таъсире бошад, ки мо мушоҳида мекунем, ки амалҳои гуманистӣ ба танҳоӣ дар ҷодаи ахлоқ дар фазои мафкураи ҷомеаҳо рушд намекунанд. Барои ин дигар омилҳо, аз ҷумла нақди илмӣ, рақобати озоди ҷахонбиниҳо, озодӣ аз таассубу хурофот, рушди илмҳои дақиқ шарт ва зарур аст. Давлати Тоҷикистон дар ин самт кўшишҳо дорад, Пешвои миллат заҳматҳо кашида истодаанд, аз буҷаи давлат маблағҳо низ ҷудо шуда истодааст, вале натиҷаи амали масъулин ва дарки ҳамин масъулияти бедории фарҳангӣ ва илмии миллат дар умум камранг ба назар мерасад. 
Аммо дар Ғарб мо мебинем, ки масъалаи мазкур, яъне ҷаҳолату тундравӣ, таассубу хурофот, истисмори фикрию ҷисмонӣ ва маҳдудияти ҳаққу озодиҳо то зинаи расидан ба эҳёи фарҳанг ва олами ҳуқуқ, яъне то баровардани онҳо ҳамчун масоилҳои мубрами мафкуравӣ дар ҷодаи ҳуқуқ ва таҳти сиёсати давлатӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионӣ қарор додани онҳо, хеле густариш ёфта буд ва ҷомеаҳои Олами куҳан мушкилиҳои зиёди миллию мазҳабии худро доштанд. 
Замони эҳёи илмҳо ва фарҳанг дар ҳамовозӣ бо ислоҳоти ҷаҳонбинии динӣ нахустин шуда тавассути рушди илми ҳуқуқшиносӣ ва ҷомеашиносӣ пардаи ҷаҳолати асримиёнагиро дарид ва ба ин моҷароҳо хитоб гузошта, аз назари ҳуқуқу озодиҳо наздик шудани фарзандони Одамро, ки якдигарро ба ҳолати ғуломӣ бурда буданд, бо усулҳои нави илмӣ-ҷомеашиносии ташкил кардани муносибатро масъалагузорӣ кард. 
Муҳимтарин нуктаи Замони эҳёи олами Аврупо дар он буд, ки масъулини динӣ дар шакли дастпарварони озоди таълимгоҳҳои динӣ зинаи вазнини буҳрони ҷаҳонбинии диниро дар шакли истибдоди мафкуравӣ дар омезиш бо сиёсату манфиат эҳсос карда, ба равиши озодшавии илму фарҳанг аз таассубу хурофот ҳамчун неруи созанда ҳамроҳу ҳамовоз шуданд. Ин амали қаҳрамононаи Мартин Лютеру Калвин дар кори нақди ҳукумати Попи Рим дарвозаи нави тамаддуни Ғарбро ба самти давлатҳои миллӣ бо хосияти динҳои миллиашон боз намуд. Ин корро амалан барои дини мубини ислом дар замонаш Имоми Аъзаму сипас давлати Сомониён дар амалияи давлатдорӣ иҷро крада буданд. Вале бинобар омилҳои мухталиф ин ҳама ғояҳои олии оғозшуда дар масири таърих бо ҷурми иллатҳои мухталиф ҷое маҳв гардида, ҷое рушд накарда ба шаклҳои дигари равияю мафкураҳо табдил ёфтанд, ки пасманзари он ҳама иддае аз миллатҳои мусулмонро осебпазиру ифротӣ кард. 
 Ғарб формулаҳои нави наздикшавии фарзандони одамро аз олами асотир ба релсҳои нави мафкура гузошта, баробарию бародариро дар доираи талаботи созиши ҷамъиятӣ ва меъёрҳои хуқуқӣ масъалагузорӣ намуд. Ин буд, ки олами Ғарб ба музаффариятҳои нави давлатсозӣ муяссар шуду Шарқ не. Шарқе, ки дар асрҳои IХ ва Х илми Юнону Римро дар чаҳорчўби ҳикмати шарқӣ такмил дод, зери фишори дудмонҳои тундраву ҷоҳили саҳронишин буғӣ гашт. Нахустин намоҳои Академияҳои илмии Гундишопуру Байт-ул-ҳикма (Кохи хирад), ки пояи илми ҷаҳониро ҳамчун пули фикрӣ миёни олами Ғарбу Шарқ бунёд намуданд,  дар тамоми нукоти Олами Шарқ бо мурури замон на танҳо рисолати худро аз даст доданд, балки бештар аз он ҳосили коркардаи худро ҳамчун ғизои илмии тайёр ба Аврупои замони Эҳё бебозгашт туҳфа намуданд. 
 Ҳақ ба ҷониби Ҷаноби Олӣ Э. Раҳмон аст, ки гуфтанд: «Бе ҳеҷ муҳобот гуфтан мумкин аст, ки эҳёи фарҳангӣ (чи юнонӣ ва чи ғайри он) қабл аз Аврупо дар олами ислом ба вуқўъ пайваст. Ин мусулмонон буданд, ки осори илмию фалсафии юнониро ба забони арабӣ тарҷума намуда, барои наслҳои баъдӣ ва барои худи аврупоиён ҳифз намуданд».  
Албатта, тамаддуни шарқию ғарбӣ дар кори пешрафти фарҳанги инсонӣ саҳмҳо ва умумиятҳо доранд, ки эътироф, омўзиш ва қадршиносӣ аз он ба манфиати кор ва рушди ҷомеаҳо аст. Аз ин қарина мо дар эҳёи фарҳангии Аврупо ва Шарқ дар равишу усулҳо ва пасманзари амалкардҳо умумияту вижагиҳоро эҳсос мекунем. Дар ҳар ду равиш мо нияту мароми неки ҳам дини илоҳӣ ва ҳам консепсияи ҷомеасозии илмиро дар самти бунёди ҷомеаи солим ва адолатнок эҳсос мекунем. Вале ихтилофи амалкардҳои қишрҳои мухталиф дар сатҳҳои гуногун тафовут дар пасманзар дод. Тафовут дар он аст, ки яке ба муваффақият расиду дигаре не.  
Ҷаҳонбинии илсомӣ ба муқобили ғояи ифроту террор инсонро ба сони афзали махлуқот гиромӣ дониста (17:70), ҳаёт ва номуси онҳоро дар ҳама ҳолат на танҳо аз дигарон (5:32, 6:151, 17:33) инчунин аз худи онҳо низ дифоъ менамояд (4:29). Умуман барои ҷони инсон Ислом ҷазои абадиро пешбинӣ карда (4:93), ба тариқи истисно дар асосҳои ҳуқуқӣ (17:33) ва ё дар сурати рух додани иштибоҳ имкони аз ҳаёт маҳрум намуданро (4:92) пешбинӣ намуда, ҳолатҳои ғайритабиӣ ва қонунии ин амали зиштро бо мизони адл баҳогузорӣ менамояд. Барои ин навъи муносибати ҳуқуқӣ бо мақому манзалати инсон ҳаргиз куштору тарконданро ҳамчун усули пешбурди ғояҳои сиёсӣ ва амалкардҳои ғаразнок қобили қабул нест. Ин маънои онро дорад, ки даҳшатафканию террор аз ислом нест ва даъвои мусулмонӣ кардани субъектони онҳо асоси эътиқодӣ ва раҳм ва шафқати илоҳӣ дар маркази бунёди инсон ва ҷомеаи инсоние аст, ки Худованд бо эҳтироми озодӣ ва қадру манзалати инсон бо роҳнамоии амалҳои нек бунёди онро бо подошҳои некў хостор аст. Ин равиши бунёди ҷомеаи одили хирадмандона тавассути инсонҳои солеҳ ва ватандўст комилан мухолифи сиёсати зулмзои ифротиёну террористон аст. Офаридгор бо сифатҳои бахшидану авф кардану пазироиии худ бандагонашро ҳамчун неъмати дўстоштатаринаш, ки барояшон тамоми мавҷудоти замину Осмонро офаридааст, симмати меҳр ва шафқаташро баландтар аз ҳар мавҷуди дигар дар олам муаррифӣ менамояд. Худованди мардуми мусулмон, ки сифат ва номи меҳрубон, бахшоянда ва ронандаи неруи бадиро дорад,  чунин сифатҳо ва амалҳои неки аз талаботи инҳо тавлидшавандаро ба бандагонаш низ воҷиб мегардонад. 
Накўкирдории худовандӣ ба мисли кураи истеҳсоли инсони солеҳ образ ва ғояҳои фикриеро устувор ва қатъӣ дар шоҳроҳи зиндагии инсони ислоҳшаванда ва пешорўи озодии ихтиёри ў вогузор намуда, тавассути аҷру савоб ва подоши амалҳо тартиб, доира ва сарҳади истеъмоли ин ҳама ғизои маънавиро зери таъсири рўҳи инсонӣ чунон таъсирбахш масъалагузорӣ кардааст, ки нодида гирифтани нақши он дар масири таърихи тамаддунҳо ва ташаккули инсони муосир номумкин аст.  
Аз ёд бояд набаровард, ки асоси ғоявии эътирофи ҳокимияти илоҳӣ дар Замин, ба қавли И. Кант - ин тантанаи арзиш ва усули некӣ бар бадист.  Ин бар он асос аст, ки ақли худшиноси инсонӣ, фаҳми табиии ў дар масъалаи ташкили муносибати дар заминаи раҳму шафқат тавлидшудаи ба самти оромӣ майлдоштаи саодатовару хайрхоҳонаю раҳмофарона бо кашишҳои дигари иҷтимоияш дар раванди мубориза барои ҳастии арзишманд, инсонро тобеи қонунияти тантанаи адлу инсоф намудааст. Валтер ба ҳамин маъно гуфта буд, ки агар Худованд вуҷуд дошта бошад, пас Ў одил аст. Инсонҳо низ бовар мекунанд, чунки ба адлаш ва раҳматаш умед доранд. Ба ҳамон адлу раҳмате, ки инсон бинобар аз тазодҳои мухталиф ва қонуниятҳои бешумори субъективию объективиаш дар ҳеҷ сурат имкони татбиқи комилу садфоизаи онро надорад. Фаҳм ва дарки ин паҳнои гносеологӣ ва онтологии ҷаҳонбинии динӣ ҳеҷ гоҳ ба ифроту ирҳоб роҳ намедиҳад. 
 
Идома дорад…
 
Холиқзода А.Ғ. 
Ваҳобзода А.В.                                                    
Мирзозода А.Ф.  
Яндекс.Метрика