
Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз адибон ва олимони шинохтаи форсу тоҷик аст, ки дар асрҳои ХV- ХVI дар Мовароуннаҳру Хуросон зиндагӣ кардааст ва ҳамчун воизи беҳамто ва нотакрор шуҳрат ёфта буд. Номи Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар радифи машҳуртарин чеҳраҳои илму адаби форсии садаи ХV чун Ҷомӣ, Котибии Нишопурӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Исмати Бухороӣ ва дигарон русух доштааст. Мақоми ӯ махсусан дар воизиву тарғибгарии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ шоистаи таваҷҷуҳ ва ангуштнамои барозандаи ҳамагон гардидааст. Аз Кошифӣ мероси бузурги илмию адабӣ боқӣ мондааст. Миқдори асарҳои ӯро беш аз 40 адад медонанд, ки онҳо дар панду ахлоқ, ҳадис, нуҷум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воъизӣ, адабиётшиносӣ, тафсир ва ғайра таълиф шудаанд. Аз ҷумла, «Кашф-ул-асрор» (доир ба тасаввуф), «Махзан-ул-иншо» (доир ба санъати иншонависӣ), рисолаи «Ҳотамия» (нақлу ривоятҳо доир ба Ҳотами Тойӣ), «Анвори Суҳайлӣ» («Калилаву Димна»), «Футуватномаи султонӣ» ва «Ахлоқи Муҳсинӣ» (доир ба ахлоқ). Тафсири Ҳусайнӣ (тафмири Қуръон) ва ғайра. Китоби «Футуватномаи султонӣ» аз ҷумлаи асарҳои пурарзиши Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба шумор меравад. «Футувватномаи Султонӣ» асари панду ахлоқии буда, дар заминаи футувватномаҳои қаблӣ таълиф шудааст. Асар аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, аз ҷиҳати дар бар гирифтарин асосҳои футувват (ҷавонмардӣ) ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғиботӣ дар таърихи адабиётамон ба ҳисоб меравад, зеро Ҳусайн Воиз дар тадқиқу баёни ин масъала ба тамоми ҷузъиёт аҳамият додааст. Дар зер намунае аз китоби «Футуватномаи султонӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар мавзӯи одоби «салом ва сухан гуфтан» пешкаш мегардад.
ДАР ОДОБИ САЛОМ КАРДАН
Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом бояд кард, бигӯй, дар ҳафт мавзеъ.
Аввал, чун бародари мусалмонро бинӣ, салом, бояд кард.
Дуюм, чун дар роҳравӣ, ба одамон салом бояд кард.
Сеюм, чун ба дари хонаи бародар равӣ, салом бояд кард. Ва инро саломи истиъзон (иҷозат хостан) гӯянд.
Чаҳорум, чун ба ҷамъе дароӣ, салом бояд кард.
Панҷум, чун аз мавзее, ки нишастӣ бархезӣ ва ҷамъе онҷо бошанд, салом бояд кард ва инро саломи видоъ гӯянд.
Шашум, чун ба мақбарае расид салом бояд кард.
Ҳафтум, чун ба хонаи худ дарояд, бар аҳли байти худ салом кунад.
Агар пурсанд, ки дар чанд мавзеъ салом набояд кард, бигӯй дар шаш мавзеъ.
Аввал, дар ҳаммом.
Дуюм, бар касе, ки ба қазои ҳоҷат машғул бошад.
Сеюм, ба қуръон баланд мехонад.
Чаҳорум, ба намозгузор.
Панҷум, бар занони номаҳрам. Ва агар дар ин мавзеъҳо касе салом кунад ҷавоб надиҳанд, осӣ (гунаҳкор) набошанд.
Агар пурсанд. ки одоби салом кардан чанд аст, бигӯй, ҳафт:
Аввал, пок бошад.
Дуюм, савора бар пиёда салом кунад, истода бар нишаста ва нишаста бар такязада.
Сеюм, он ки хурдтар аст, бояд ки бар бузургтар салом кунад ва аққал бар аксар салом кунанд.
Чаҳорум, дар салом кардан рӯй хандон ва пешонӣ кушода дорад.
Панҷум, ба ишорат салом накунад, балки ба лафз бигӯяд, ки «Ассалому алайк» ё «салому алайк» ва агар ҷамоате бошанд, «ассалому алайкум».
Ҳафтум, чун ду ба якдигар расанд ва мусофаҳа (вохӯрӣ) кунанд.
Агар пурсанд, ки одоби ҷавоб додан чанд аст, бигӯй, ҳафт:
Аввал, он ки ба тозарӯӣ ҷавоб диҳад.
Дуюм, он ки ба зиёда ҷавоб гӯяд.
Сеюм, агар касе бошад, ки хориҷи миллати ислом бошад ва бар ин кас салом кунад дар ҷавоб «алейк» гӯяд.
Чаҳорум, бояд ки бар таҳорат (тозаву озода) бошад.
Панҷум, агар гурӯҳе истода бошанд як нафар ҷавоби салом диҳад, басандааст.
Шашум, ҷавоби савол бо лафз диҳанд на ба ишорат.
Ҳафтум бояд, ки чунон ҷавоб диҳанд, ки саломкунанда шунавад.
Агар пурсанд, ки фазилати салом дар чист, бигӯй, дар он ки тақдим кунанд ва зудтар салом гӯянд.
Таҳияи М.Шодиев
-Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Футувватномаи султонӣ. Ахлоқи Муҳсинӣ. Рисолаи Ҳотамия. Д., Адиб, 1991.
-Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифии Сабзаворӣ. Футувватномаи султонӣ.бунёди фарҳанги Эрон.Б/т).