Хушхабар!

24 МАЙ БО ҚАРОРИ НИҲОДИ ИҶРОИЯИ ЮНЕСКО КУЛЛИЁТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ҲАМЧУН МЕРОСИ ҲУҶҶАТӢ РАСМАН БА ФЕҲРИСТИ ХОТИРОТИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ВОРИД КАРДА ШУД. Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон - собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд. Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ҳоло ба расми армуғон ғазале аз Мавоно тақдими зеҳни зарифи шумо!

Ҳало, эй Зуҳраи заҳро, бикаш он гӯши заҳроро,
Тақозое ниҳодастӣ дар ин ҷазба дили моро.
Манам нокоми коми ту, барои сайду доми ту
Гаҳе бар рукни боми ту, гаҳе бигрифта саҳроро.
Чи донад доми бечора фиреби мурғи овора?
Чи донад Юсуфи мисрӣ натиҷа-й шӯру ғавғоро?
Гиребон гиру ин ҷо каш, касеро, ки ту хоҳӣ х(в)аш,
Ки ман домам, ту сайёдӣ, чи пинҳонсанъатӣ, ёро.
Чу шаҳри Лут вайронам, чу чашми Лут ҳайронам,
Сабаб хоҳам, ки вопурсам, надорам заҳраву ёро.
Агар Аттор ошиқ буд, Саноӣ шоҳу фоиқ буд,
На инам ман, на онам ман, ки гум кардам сару поро.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика