ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ!

Санаи 10- уми феврали соли равон дар толори Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ вохӯрии донишҷӯён бо муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва терроризму экстремизм имрӯз ба як мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус таъкид намудаанд, ки «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки бо истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорон, ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд» ва илова намуданд, ки «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайрави аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».
Ҳоло барои ҷалби ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаровон истифода мешавад. Гурӯҳҳои чидагири ифротӣ бо сохтани аккаунтҳои дуруғин бо ҷавонон шинос шуда батадриҷ онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Бештар ҷавононе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шомили гурӯҳҳои мазҳабӣ ҳастанд ё дар мавзӯҳои динию мазҳабӣ баҳсҳои тунду гоҳе холӣ аз мантиқ доир мекунанд мавриди «ҳадаф»-и чидагирон ё афроди мағзшӯйи ифротгаро қарор мегиранд.
        Дар охири вохӯрӣ филми таҳиянамудаи коргардони тоҷик Бақо Содиқ намоиш дода шуд, ки маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Донишҷӯён ба саволҳои сершумори хеш посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.
https://www.tajmedun.tj/tj/akhbor/donishgoh/khurofot-a-olat-ast/

Яндекс.Метрика