Хурофот бо маросими динӣ омезиш ёфта буд

Қисми дуввум:
 
Миллату халқиятҳо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму ойин ва анъанаҳои писандидаро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додаанд. Бинобар ин, дастовардҳои маънавию ахлоқӣ, илмиву динии наслҳои гузашта ва халқҳои гуногун, имкон медиҳад, ки инсон ба худогоҳӣ бирасад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин таъкид доштанд, ки манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кӯмак намоянд [1].
 
Абармардони хирад низ дар гузашта ростиву парҳезгориро шарти ҳатмӣ дар зиндагӣ ҳисобида, хештанро хор доштану мағруриву худписандиро инкор кардаанд. Ба ақидаи файласуфи Юнони қадим Суқроти ҳаким (469 то милод – 399 то милод) панҷ чиз мардумро табоҳ кунад: яке бо дӯстон фиреб кардан, дигар аз худованди дониш рӯй бигардондан, сеюм хештанро хор доштан, чаҳорум кибри носазовор кашидан, панҷум аз паси ҳавои дил рафтан [2].
 
Хурофоту таассуб дар ҳар давру замон дар баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум садди роҳ гаштааст. Аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ хурофот бо маросими динӣ чунон омезиш ёфта буд, ки онҳоро ҳамчун фармудаи дини ислом арзёбӣ менамуданд ва садсолаҳо инҷониб ташаккул ёфта, бори гарони мардум шуда буданд. 
 
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ (1878-1954) гузаронидани маросими дафну азодории қиблагоҳашро дар «Ёддоштҳо»-и худ чунин баён намудааст, ки барои бегоҳи душанбе, ҷумъа ва хатми Қуръон ҳам 25 танга лозим шуд, ки мо ин маблағро аз одамони гуногун ба тарзи қарзи майда гирифта сарф намудем. Ҳамин тариқа шуда ман мурдаи падарро 150 танга харҷ карда бардоштам [3]. 
 
Инчунин, ӯ дар ёддоштҳои хеш хурофотпарастии он замонро ба тарзи зайл ёдовар шудааст. Ман аз домуллои худ – Мулло Абдусалом пурсидам: Аҳмади Дониш гирифтани моҳро чӣ гуна пешакӣ фаҳмидааст? Ӯ ҷавоб дод: Аз ғайб хабардиҳандагон ду қисманд: якум валӣ, дуюм коҳин (фолбин): валӣ ҳар чиро, ки аз ғайб хабар медиҳад, бо илҳоми илоҳӣ ва бо талқини малоикаҳои ӯ хабар медиҳад. Коҳин (фолбин) бошад, ҳар чизе, ки аз ғайб мегӯяд, бо талқин ва бо хабардиҳии ҷинҳо ва париҳо мегӯяд. Аҳмади Дониш аз ҷумлаи коҳинон ва дӯсти шайтон аст ва ҳар касе ҳам, ки ба гапи ӯ гӯш диҳад, гумроҳ ва дӯcти шайтон мешавад. ...Соли 1890 воқеа рӯй дод, ки ман ба донишманди бузург будани Аҳмади Дониш ақида пайдо кардам [4]. 
 
Вобаста ба боварии кӯркӯронаи замон ҳолати зеринро ёдовар шудаст. Мулло Туроб аз Самарқанд як кафши дастакчарми қазонидӯхт харидааст, ки ҳангоми ҳаракат ғарч-ғарч садо мебарорад. Муллоҳое, ки ба сабаби бесадо будани калӯш соҳибашро ба «шабравӣ» дуздӣ айбдор карда буданд, акнун дар пайи он афтоданд, ки сабаби ғарч-ғарч карда садо баровардани ин кашфро дарёбанд, то ки ба он восита ба соҳибаш тӯҳмате баста тавонанд. Муллоҳо эълон карданд, ки кафши Мулло Туроб дӯхти урусҳост, ки дар мағзаш мӯйлаби хук гузошта шудааст. Бинобар ин, ӯро бо кафшаш аз мадрасаи Мири Араб бардошта бароварда, ба рӯйи ҳавлии мадраса ҳаво доданд [5].  
 
Аз дарёфту таҳлили таърихнигорон ва этнографҳо бармеояд, ки ҳараҷу мараҷи зиёд дар ташкил ва баргузории маросими тӯйи домодию арӯсӣ ва дафну азодорӣ дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои гузашта хеле равнақ ёфтааст. 
 
Мувофиқи маълумоти шарқшинос ва этнографи рус М.С. Андреев (1873-1948) дар охири солҳои 1890 дар водии Вахё барои барпо намудани оилаи ҷавон вобаста ба вазъи оилавии одамон харҷи зиёд лозим мешуд. Шахсони сарватманд ба хонадони арӯсшаванда 4 асп, 2 барзагови хушзот, 4 гов, 4 гусола, 3 гӯсфанд, 2 яроқи шикорӣ, 20 либосворӣ, 24 пуд ғалла, 1 уқоби шикорӣ, шахсони миёнаҳол бошад 2 асп, 2 барзагови хушзот, 2 гов, 2 гусола, 1 гӯсфанд, 1 яроқи шикорӣ, 9 либосворӣ, 16 пуд ғалла ва шахсони нодор 1 асп, 1 барзагов, 1 гов, 1 гусола, 1 яроқи шикорӣ, 7 либосворӣ, 8 пуд ғалла мебурданд [6]. 
 
Академик Аҳрор Мухторов харҷи тӯйи одамони бодавлати водии Ҳисорро ба тарзи зайл нишон додааст: рӯймоли шол-10 адад, салла-10 адад, кафшу маҳсӣ-10 адад, рӯймолча-25 сӯм, беқасаб-25 сӯм, чит-16 сӯм, чой-30 сум, равғани зард-20 сӯм, мавиз-60 сӯм, беда-40 банд, майдачуйда-100 сӯм, така-60 сар, серка-60 сар, солим (гӯсфанд)-200 сар. Ҷамъи харҷи тӯй 716 сӯм. Барои ибтидои асри XX (тахминан соли 1908) ин маблағ пул харҷи кам набуд [7]. 
 
Ба қавли этнографи рус Шишов А.П (1860-1936) тоҷикон баъди дафни майит дар хонадон то се рӯз ба қавле то мустаҳкамшавии қабр чароғ месӯзонданд. Дар сари манзил додани хӯрокаву ҷанозапулӣ ва гузаронидани панҷшанбегӣ дар давоми як сол дар хонадони мусибатдор анъана буд [8]. 
 
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Афзалов аз хотираҳои сафари худ ҳамчун тарҷумони русӣ-форсӣ солҳои 1973-1976 дар Эрон доир ба урфу одат ва расму ойинҳои ин кишвар ёдовар мешавад, ки хароҷоти тӯйҳои домодиву арӯсии эрониҳо бештар ба зиммаи тарафи писар аст. Эрониҳо писаронашонро дар рӯҳияе тарбия менамоянд, ки ҳаққи маҳрияи арӯс, пайдо намудани манзили зиндагӣ ба уҳдаи онҳост. Писарон ҳамаи ин маблағро бо заҳмати худ пайдо карда, баъдан издивоҷ мекунанд. Эрониҳо мисли арабҳо хатнаи писаронашонро ҳангоми таваллуди фарзанд ба воситаи табибон дар бемористон мегузаронанд. Дар Эрон ҳангоми ҷаноза додани ҷанозапулӣ ва пулпартоӣ вуҷуд надорад. Фотиҳа ва ёдбуди ҳафт, чил ва соли марҳум дар масҷидҳо бо ширкати соҳиби мотам, қавму ақрабо, ёру дӯстон баргузор мегардад. Барои пос доштани хотираи марҳум дар назди хонаашон се рӯз чароғи барқӣ месӯзонанд [9]. 
 
Таърих шоҳиди он аст, ки бо дигаргуншавии сохти давлатдорӣ баргузории расму ойинҳо низ ба талаботи замон мувофиқ карда мешавад. Баъди инқилоби октябр мақомоти расмии шӯравӣ ба қонунмандии оила меъёрҳои нав ворид намуданд. Декрети Кумитаи Марказии иҷроияи Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон аз 14 июни соли 1917 дар асоси қонун маҳр (заре, ки ба ҳангоми никоҳ ба зиммаи мард муқаррар кунанд), серзанӣ, никоҳи қабл аз мӯҳлат ва монанди инҳоро манъ кард. Бақайдгирии дақиқи санадҳои ҳаёти инсон: таваллуд, никоҳ, фавт дар муассисаҳои давлатӣ ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, ташкил ва гузаронидани баъзе маросим, ба мисли ҷаноза, никоҳи мусулмонӣ, хатна ба таври ғайрирасмӣ мамнӯъ гардид [10]. 
 
Бо мақсади тараққӣ додан ва ҷорӣ намудани маросими нав дар замони Шӯравӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 1972 № 342 Низомномаи «Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва комиссияҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи Шӯрои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии депутатҳои меҳнаткашон оид ба тартиб додан ва дар маишат ҷорӣ кардани маросими нави шаҳрвандӣ» тасдиқ гардида, дар асоси он фаъолият мекарданд [11]. 
 
Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба тартиб додан ва дар маишат ҷорӣ кардани маросими нави шаҳрвандӣ аз намояндагони вазорату идораҳо, Шӯрои депутатҳои меҳнаткашон, иттифоқҳои касаба, ҷавонон (комсомол), ташкилотҳои илмӣ, эҷодӣ ва ғайра ташкил карда, дар асосҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекарданд.
 
Ҳамзамон, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 1973 № 37 Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба ҷорӣ намудани расму ойинҳои нави шаҳрвандӣ дар корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва колхозу совхозҳо қабул гардид [12].
 
Дар солҳои Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон анъанаҳои бо ҳам омехтаи халқу миллатҳо ба таври васеъ паҳн гардида буд. Расму ойинҳои нав - қайди рӯзи таваллуд, рӯзи аввали мактабравӣ, табрики пионерӣ,  супурдани билети комсомолӣ, гирифтани номаи камол, супурдани шиноснома, ба сафи Армияи Шӯравӣ гусел кардани ҷавонон, аз сафи Армия баргаштани онҳо, ақди никоҳ, саршавии фаъолияти меҳнатӣ, ҷашнҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, гуселкунӣ ба нафақа, идҳои кӯчаву ҳавлӣ, деҳа, хоҷагӣ, муассисаву корхона, заводу фабрика ва ғайра мақоми арзандаро ишғол менамуданд.  
Давом дорад …
 
Адабиёт:
 
1.Эмомалӣ Раҳмон. Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. Душанбе, 2009, с.34.
2.Муҳаммад Ғазолӣ. Насиҳат-ул-мулук. Душанбе, «Ирфон», 2011, с.139.
3.Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо, қисми якум, Душанбе, «Адабиёти бачагона», 2017, с.186.  
4.Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо, қисми дуюм, Душанбе, «Адабиёти бачагона», 2018, с.82. 
5.Садриддин Айнӣ. Ёддоштҳо, қисми дуюм, Душанбе, «Адабиёти бачагона», 2018, с.72.  
6.Андреев М.С. Вахиё. “Турк. Вед.”, 1899, №93.
7.Мухторов Аҳрор. Ҳисор. Душанбе, 1999, с.71.
8.Шишов А.П. Таджики (Этнографическое исследование). Ташкент, 1910, с.308.
9.Афзалов Хайрулло. Эрони паҳлавӣ. Душанбе. «Нашриёти Деваштич»,  2005, с.70.
10.Файзуллоев М., Абдуқодиров А. Маросиму маъракаҳои Хуҷанд. Хуҷанд, 2008, с.52.
11.Расму ойинҳои нав. Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон. Душанбе, «Ирфон» 1984. саҳ. 7.
12.Расму ойинҳои нав. Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон. Душанбе, «Ирфон» 1984. саҳ. 12.
 
 
Вализода Одинашоҳ - сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, номзади илмҳои педагогӣ
Яндекс.Метрика