Хурофот дар анъанаҳои миллӣ ва динии тоҷикон ва халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар тамоми қишр ва табақаҳои ҷомеа ва дар ҳамаи динҳо нуфузу густариш пайдо намуда, мавзӯи доғи рӯз ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар кишвари мо хурофот дар айни замон ҷойи баъзе анъанаҳои миллӣ ва диниро иваз намудааст. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои пешгирӣ ва бартараф кардани пайомадҳои манфии иҷтимоиву иқтисодии ин падидаи номатлуб шароит ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» мафҳуми хурофот чунин тафсир карда шудааст: «Хурофот фикру мафҳумҳои беасос ва боқимондаҳои урфу одати гузаштагон мебошад, ки онҳо дар сохти нави ҷамъиятӣ низ амал карда, дар муносибатҳои иқдисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, миллӣ зоҳир мешаванд».
Хурофот маҷмӯи баварию эътиқодотест, ки решаи ақлонӣ надоранд. Ин бовариву эътиқодот фарогири маҷмӯи ахбор, ақидаҳо, андешаҳо ва одату амалҳои ғайриилмию бемантиқе мебошанд, ки дар робита ба љомеа ва падидаҳои табиию воқеӣ ба вуҷуд меоянд.
Донишмандон хурофотро чунин таъриф додааанд «Мафҳуми хурофот ин падидаи ифодагари амали беақлона, воҳима ё тарси беасосу ғайримантиқӣ аз як чизи номаълум ва пурасрору хаёлӣ, шубҳа ё одате мебошад, ки дар пояи ҷаҳолат ва нодонӣ пайдо шудааст».
Хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна шахсон бовар мекунанд. Дар ин маврид Пешвои миллат дар баромади худ чунин қайд карданд: «… дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст».
Бояд зикр намуд, ки ин гуна падидаҳои номатлуб дар замони муосир низ дар зиндагӣ ва муносибатҳои байни мардум ҷой дорад. Дар солҳои истиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саромади тадбирҳои миллатсозу ваҳдатофарин қарор гирифта, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати дорои таърихи пурғановати тоҷик гузаштаи пурифтихори хешро донад. Ин миллат дар бунёди зиндагии шоиставу озода, эъмори ҷомеаи пешрафта ва орӣ аз хурофоту таассубот, аз пайкору осори бузургони хеш фаровон истифода намояд. «Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад».
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон доштани соли 2009 дар таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа, рафти амиқи маърифати динӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва муколамаи мазҳабҳову фарҳангҳо арзиш ва аҳамияти бузургеро молик аст. «… дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон анҷом додем». Инчунин, бо мақсади истифодаи самаранок ва оммафаҳм гардонидани мазмун ва моҳияти аслии меъёрҳои ислом, поксозии онҳо аз таассубу хурофот Қонун «Дар бораи танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд : «… дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад», ки ба василаи он анъанаҳои миллии таърихӣ, ҳамчунин маросимҳои динӣ таҳти танзим қарор гирифта истодаанд. Дар айни замон дар натиҷаи татбиқи Қонуни танзим, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои меъёру талаботи Қонунҳои амалкунанда, нақш ва таъсири хурофоту хурофотпарастӣ дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа тадриҷан коҳиш меёбад.
Идома дорад …
САҶҶОДИ МУҲАММАДШАРИФЗОДА – САРМУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР