Хостаи гӯсфанд ва гург

Аз гӯсфанде пурсиданд, ки агар ту гург будӣ чӣ кор мекардӣ?
Гӯсфанд гуфт: ман гургҳоро ба алаф хӯрдан одат медодам то дигар ба гӯсфандони бегуноҳ ҳамла накунанд.
Аз гурге ҳам пурсиданд, ки агар ту гӯсфанд будӣ чӣ кор мекардӣ?
Гуфт: ман ба гӯсфандҳо меомӯхтам, ки чӣ тавр бо ду пойи ақибашон ба сари гургҳо бизананд ва онҳоро бикушанд.

Натиҷа: зоти ҳеҷ ҳайвонеро наметавон иваз кард.

Бознашр аз саҳифаи Ҳ. Ғафурӣ

Баргардон: Ҳ.Ғафурӣ

Яндекс.Метрика