Яке аз масъалаҳои муҳими дар Паём зикргардида, ҷавонон ва муносибати онҳо ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ оиди ин масъала дар каломашон чунин гуфтанд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб мегардад».
Ин сатрҳоро хонда, беихтиёр пеши назар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар меояд, ки дар дохили як хайма аз тарафи роҳбари давлат фармони таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба тасвиб расида буду ин сохтор чизе дар ихтиёр надошт. Бо шарофати сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар як давраи кутоҳи таърихӣ, ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфта, тамоми шароити муносиб барои хизмат ва буду боши афсарону сарбозон муҳайё шудааст. Соли гузашта, дар доираи нақшаи муштарки ташкилоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳайати гуруҳи корӣ дар аксарияти қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе мулоқоту вохўриҳо баргузор гардида буд, иштирок намуда, аз буду боши сарбозону афсарон аз наздик ошноӣ пайдо намудем. Воқеан имрўзҳо Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо тамоми лавозимоти ҳарбии ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, сарбозону афсарон бо либосҳои ҳарбии ҳозиразамон таъминанд. Онҳо дар казармаҳои барҳавову гарму нарм зиндагӣ карда, машқгоҳҳои мудерн дар ихтиёр доранд. Дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ҳаммому, сартарошхона мавҷуд аст, ки бо оби гарм таъминанд. Хўроки онҳо рангоранг ва захираи маводи ғизояшон барои моҳҳо кифоят мекунад. Буд замоне, ки қисме аз ҷавонон аз хизмат ба ватан худдорӣ мекарданд, имрўзҳо аксарияти ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба хизмат ҳозир шуда, вазифаи имониашонро иҷро карда истодаанд. Дар ин маврид дини мубини Ислом низ хизмат ба ватанро сахт таъкид карда мегуяд, ки «Дуст доштани ватан аз гўшаи имон аст». Махсусан дар ин солҳои охир бо муташаниҷ гардидани вазъи сиёсии минтақа, хатарҳое ватани азизи моро думбол дорад ва масъалаи ҳифзу ҳимояи ҳар ваҷаб хоки ватан вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб дониста мешавад.
Дар идомаи суҳбат Ҷаноби Олӣ таъкид карданд, ки:«Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем».
Ҳар фарди худогоҳу ватандўсти ҷомеаро дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ зарур аст, аз ҳарвақта бештар дар атрофи сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат сарҷамъ бошем ва баҳри амалӣ намудани орзуҳои ормонии миллати тоҷик тамоми қувваву ғайратамонро сарф намоем.
Корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ А.Мирзозода