Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст:

Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст:

"Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст".

Оре, Муҳаммади Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд.

Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷа­ҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст.

Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ чунин гуфтааст:

Садре, ки зи илми олами аллом аст,
Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст.
Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ,
Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст...

Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика