Таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил шуда, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он вобастагии зич пайдо кардааст. Дар шароити муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад.
Чолишҳои замони муосир, технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба авҷи тараққиёти худ расид, интернет ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гашта, сомонаҳои интернетӣ ба фазои озоди муоширату мубоҳиса табдил ёфтааст. Акнун муайян сохтани мавқеи ин падидаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа басо мушкил гаштааст. Ин аст, ки дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳмияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд.
Дар заминаи инкишофи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар олами сиёсии Ғарб мавзӯи ниҳоят муҳим ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад.Мавзӯи мазкур бо ёрии иттилоот ташаккул меёбад. Зеро имрӯз, фазои иттилоотӣ на танҳо қурбонии ҷангҳои иттилоотӣ гаштааст, балки бо вуҷуд надоштани назорат дар он фазо ҳамарӯза иттилоотҳои гуногуни муғризона ворид мегарданд, ки таъсири манфии худро ба афкор ва ҳаёти ҷомеа хоҳанд расонд. Моҳияти мафкурасозӣ тавассути унсурҳои иттилоотӣ ин, пеш аз ҳама, идоракунии ҷомеа бо мақсадҳои гуногун ба ҳисоб меравад.
Дар даҳсолаи охир олимону муҳаққиқон ба омӯзиш ва таҳқиқи амнияти иттилоотӣ ба таври ҷиддӣ машғул гардида истодаанд. Сабабҳои чунин таваҷҷуҳи хос дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити муосир дар баробари дигар омилҳо инчунин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шабакаи интернет бо суръати хеле баланд рушд намуда, ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ расонида истодаанд. Пеш аз баррасии масъала бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи таркибии амнияти миллии кишвар мебошад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.
Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Дар шароити муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми хеле калон мегузоранд. Соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба амал омадани хизматрасониҳои электронӣ ва махсусан, ташаккулдиҳии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ маҳз дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ имконпазир мегарданд. Инчунин технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии доираи васеи одамон ба иттилоот имкони хубтару беҳтар ташаккул додани ниҳодҳои демократии ҷомеаро фароҳам овардааст. Аммо дар баробари ин, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад.
Дар баробари оне, ки истифодаи иттилоот фарогир аст ва ҳар фард ва ё гӯруҳ метавонад онро ба сифати абзори мафкурасозӣ истифода намояд, ба як мушкилоти асосӣ дар замони муосир табдил гаштааст. Зеро ворид гаштани иттилоот ба фазои сиёсии ҷомеа ҳаммоно таҳаввулотеро дар пай хоҳад дошт. Масъалаи муҳим ин муайян сохтани оқибатҳои таъсири иттилоот ба мафкураи ҷомеа ва бартараф сохтани таъсирҳои манфӣ, ки дар ин ҷараён ба миён меоянд, мебошад. Лозим аст то давлат дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дошта, ба ин васила ҷараёни мафкурасозиро роҳандозӣ намояд. Мафкураи миллӣ дар ташаккули халқиятҳо нақши барҷаста дорад. Он аз маҷмӯи ғоя, арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ иборат буда, баҳри таъмини амният ва пешрафту тараққиёт хизмат менамояд. Аммо имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо мафкураи миллӣ аҳмияти сиёсиро касб намудааст.
Омилҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуда ҷиҳати ба роҳ мондани рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аҳмияти муҳим дорад. Муҳимияти амнияти иттилоотӣ барои як давлат дар заминаи ташаккули техналогияи иттилоотӣ пайдо шуда он аҳмияти умумимиллиро ба худ ксб намудаст. Зеро дарёфти роҳҳое, ки аз он хатар ба амнияти миллӣ ворид мегардад маҳз аз воситаҳои иттилоотӣ сарчашма мегиранд. Ин аст, ки таъмини амнияти иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ нақши калиди дорад. Дигар ҷиҳате, ки нишон медиҳад, таъмини амнияти иттилоотӣ аҳмияти умумимилли дорад ин масъалаи мафкурасозӣ, ки дар боло зикр намудем мебошад. Чун тавассути роҳ ёфтани воситаҳои иттилоотӣ ба мафкураи ҷомеа манбаи хатарот падид омада, аз ин мафкураи бунёдсӯз хатар ба амнияти миллӣ сарозер мегардад.
Аз ин рӯ, моҳияти аслии амнияти иттилоотӣ маҳдуд сохтани манбаи ин таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа буда, дар баробари ин ҳифз аз манфиатҳои миллию давлатӣ дар фазои иттилоотӣ мебошад. Дар натиҷаи корбурди ин услубҳо амнияти иттилоотӣ ва амнияти миллӣ низ таъмин мегардад.
Қурбоншоев Илҳом Ҷумаъхонович