Усули мухолифат бо ифротгароии динӣ

Таҳлилҳои илмӣ ва муносибати оқилона бо сарчашамаҳои исломӣ (Қуръон, ҳадисҳо, иҷмоъ, иҷтиҳод ва қиёс) аз як ҷониб ва таърихи рушди фарҳанги исломӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ, аз ҷониби дигар гувоҳи он аст, ки беҳтарин воситаи мубориза бо андешаҳои ифротӣ дар худи сарчашмаҳои исломӣ нуҳуфта шудааст. Ин андеша аз назари усули илмӣ низ дар таҷрибаи амалӣ ҳаққонияти худро пайдо кардааст. Таърихшинос, таърихнавис ва ҳолдони таърихи башар, олими англис Арнолд Тойнбӣ тақдири тамаддунҳоро дар пешгоҳи додгоҳи таърихӣ таҳлил намуда, дуруст хулоса кардааст, ки «тамаддунҳои муваффақ бо душман бо яроқи худаш ҷангидаанд»  ва мутафаккирони бузург Г. Гегел ва Оноре де Балзак низ борҳо таълим додаанд, ки «бо андешаҳои носолим андешаҳои солим муқовимат карда метавонанд».
 
Аммо хиради инсонӣ низ эҳтиёҷ ба донишу эътиқод ва боварӣ дорад, агар ин унсурҳо ва воситаҳо барои хирад хизмат нанамоянд, хирад дар танҳоӣ мисли инсони бедасту поро мемонад. Ф.Бекон қайд мекунад, ки «Дасти танҳо ва ақлу хиради ба ихтиёри худаш вогузоршуда қувваи калон надоранд. Амал (ё кору пайкор А.В) ба воситаи олатҳо ва маводи ёрирасон анҷом дода мешавад, ки онҳо ба хирад заруранд, ҳамон тавре ки ба даст. Ва мисли олоти корӣ, дастон ҳаракатро амалӣ менамоянд, олоти ақлӣ низ хирадро роҳнамоӣ мекунанд ё боз медоранд». 
 
Дуруст аст, ки Ф. Бекон бо ҳукми худ ҳамчун усул ба манбаъҳои дониши эмпирикӣ ва ратсионалистӣ такя мезанад. Вале ин усул ҳамчун қонунияти воқеӣ то ҷудошавии манбаъҳои дониш ва ҷавҳари ҳастии фикр имкони хизмат намуданро ҳам ба моддигароёну ҳам ба ғоягароён доро аст. Зеро яроқу воситаи аслии дониши инсонӣ танҳо донишҳои таҷрибавӣ ва ақлӣ набуда, имон, эътиқоду боварӣ, эътимод ва ахлоқи инсонӣ низ дар он ҳамчун унсури муҳим ва омили наҷот хизмат менамояд. Таҷрибаи имрўзи олам собит менамояд, ки донишу хирад яке бо қудраташ, дигаре бо худбовариаш бо истифодаи таҷрибаи гузашта дар асорати комили нафсу ғанимат монда, шоҳроҳи зиндагии инсонро печида гардонидааст. Вақти он аст, ки нерўҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ин ақли худбоварро ба хештаншиносӣ водор намоянд. Ислом ба василаи яроқи маънавӣ ғояи нек, рафтори шоиста, амалҳои хайрхоҳона, некӣ ба падару модар, ҳамсоя ва мардумони оламро муқаррар кардааст, ки онҳо ҳамагӣ хиради моро идора менамоянд. 
 
Бузургии дин ва хосатан ислом дар он аст, ки заминаи рушди инсонро ҳамчун ҳодисаи моддӣ ва маънавӣ дар мизони адолат ва инсоф дуруст роҳандозӣ намудааст. Бадтарин хислати тундравони моддигаро  ва ифротиёни дингаро дар он аст, ки онҳо ҷавҳари маънавӣ ва ғоявии инсонро, ки то ба олитарин нуктаи боварӣ ва эътимод қавӣ мегардад, дидан намехоҳанд. Онҳо аз ибтидо дар роҳи баста ва кандашуда қарор доранд, ки марг ҳама буду дороӣ ва қудрату тавоноии онҳоро мисли ғояашон ба боди нестӣ мезанад ва аз инсон бузургтарин маҳаки ҳаракатдиҳандаи розу ниёз ва восили рўҳаш имон ва бовариро ба фардо «вал-явмал-охирӣ вал қадари хайриҳӣ ва шарриҳи минал-лоҳи таъоло вал баъси баъдал мавт, ҳаққун» аз байн гирифта, ҳама рафтору кирдорҳои ўро беназорат ва бепасованд вогузор намуда, вуҷуди мизони адлу инсофро аз решаи маънавӣ ва имониаш вайрон менамояд. Айнан бо чунин усул ифротиёни тундрав аз дигар ҷониб тавассути воситаю усулҳо мақсади ниҳоии динро саодати дорайни инсонро инкор менамоянд. Ин ҳолат мақсад ва ҳадафи зиндагии рўҳ ва вуҷуди онро дар тани хокӣ беранг менамояд. 
Ҳол он ки давлати озоди демократӣ ва дунявӣ бояд дар баробари дигар дидгоҳҳои моддигарою атеистӣ ба ҷаҳонбинии динию ғайри он ҳамчун бовари инсонҳо арҷ гузошта, кўшиш намояд, ки ҳеҷ яки онҳо ҳамчун мафкура ва дидгоҳ бар дигаре мақоми ҳукмронро касб нанамояд ва кўшиши ба сифати идеологияи расмӣ табдил ёфтанашро имкон надиҳад. Дар гуногунии мафкураю боварҳо гуногунии мақсаду саодати инсонҳо нуҳуфта шудааст. Зиндагӣ бидуни мақсад ва ҳадафҳо дар пасманзари худ саодати доимии алвонҷёбанда дошта наметавонад.
 
Истифодаи ин қонунияти мантиқӣ ва таърихан санҷидашуда ҳам аз назари усулӣ, ҳам мазмунӣ ва ҳам ахлоқӣ дар кори пешгирии ифроту террори динӣ дар шароити муосир аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст. Бо ин мақсад дар ин қисмати мавзуъ мо масъалаи имкони муқовимати назариявию амалии худи исломро дар мисоли қисмати аҳкоми шариат мухолифи ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод. Муҳаққиқони шинохтаи фарҳанги исломию хориҷиёни исломшинос низ таҳти ҳамин мавзуъ ба мухолифи ифрот ва рафторҳои ношоистаи ба ислом васлшаванда дар таърих ва замони нав андешаҳо рондаанд.  
 
Ҳар нафаре, ки бо таърихи ислом шинос аст, ҳар нафаре, ки илми шариатро омўхтааст ва бо сифатҳои инсондўстии ислому сарчашмаҳои он дар ҳамбастагии онҳо бо паёмбари исломӣ ошноӣ дорад, ҳар нафаре, ки аз ақлгароию манфиатҳимоянамоии Имоми Аъзам, аз донишпарварию илмситоии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, аз ғояи инсонгароӣ ва муҳаббатварзии Мавлонои Балхӣ, аз ашъори баландмазмуну сар то ба по хирадмандонаю илмию инсонпарастонаи Форобию Сино, Муҳаммади Хуҷандию Берунӣ, Саноию Аттор, Абуҳасани Харақонию Аҳмади Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хисраву Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо ситораҳои дигари илму адаб ва фарҳанги ниёгонамонро, ки дар паҳнои фарҳанг ва шариати исломӣ роҷеъ ба муҳаббат, дўстӣ, раҳм, шафқат, таҳаммул, ҳамзистӣ ва волоияти мақоми инсон ба ҷаҳониён дарси ибрат додаанд, хабар дорад, ин амвоҷи ифроту терроризмро бо шиорҳои исломӣ дар замони муосир мушоҳида карда, на танҳо худро дар ҳолати нороҳатӣ ва мушкилии сарчашмашиносӣ эҳсос мекунад, инчунин то ҷое нисбат ба хондаю фаҳмкардаҳои худ ба шубҳа менигарад. Бале ба шубҳаҳо меафтад. 
Шояд мо ҷое ба нуктаҳои нозуки сарчашмаҳо таваҷҷуҳ накардаем, табиати меъёрҳои он, рамузи танзими муносибатҳо, зарурати баёни гуманизм, муносибати нек ва гузаштҳои паёмбари исломро ба муъминон ва ғайримуъминон, ба табиати меъёрҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нодуруст фаҳм кардаем, дар сатҳи фаҳми худамон ва имондории шахсиамон ба зиёдаравии абзорофарӣ машғул шуда, камбуду норасиҳоро нодида ва ё дидаю эътибор надода, танҳо неку адлу инсофро ҷустуҷў карда, ба онҳо иктифо кардаем?   
 
Чаро аз ҳамон як китоб, аз ҳамон як ҳадис, аз ҳамон як равиши худошиносӣ иддае аламбардори илму дониш, ситояндаи хираду ақл, арҷгузори қадру манзалати инсонӣ ва тарғибгари амалҳои шоиста гардиданду иддае имрўз дар такя ба ҳамон мабонӣ даст ба куштор, террор, фитна, носуботӣ ва даҳшатафканӣ мезананд. Чаро аз ҳамон як модар муддатҳо қаҳрамонҳо, олимон, мутафаккирон ва шоирони оламшумул ба дунё омоданду имрўз террористу ифротию фитнагарон. Шояд ин ҳамон далолати ҳикмати «Оҳану фулод аз кура меояд бурун, Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст» ва исботи сухани ҳақиқатнигоронаи устод Лоиқ аст: Модари тоҷик хоки қадамҳои ту ман, Бачаат бисёр (шуд-А.Х.) аммо бачаи хубат кам аст». Ба ҳар ҳол моро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи шубҳаҳо ба чанд масъалаҳои муҳими баҳс ва тазодҳо рўшноӣ афканем, сипас назари худро нисбат ба таърих ва   воқеияти зуҳури намои ҷаҳонбинии динӣ дар паҳнои арзишҳои мусбат ва манфӣ хулосабардорӣ кунем. 
 
Нахустин манбаи нооромии рўҳии мо аз ҳолати ба миёномада шубҳа ба донишҳои дошта ва сарчашмаҳои омўхта мепартояд. Ба назар чунин мерасад, ки мушкилии табдили назар бо иловаи табдили арзиш ва қиммати эътимоднокиаш дар шароите, ки байни донишҳои андухташуда ва воқеоти мушоҳидашаванда ба маротиб афзоиш меёбад, тафаккури ҳақиқатҷў тамоюли иродаи моро дар самти шинохти дурусти рафторҳои ифротиёну террористон ба таҳлили иловагии мабонии такяшаванда ва қиёси такрории ҳолатҳои омўхташуда мекашонад. Ин аст, ки мутафаккирон дар роҳи фаҳми ин аксуламалҳо ба мабдаъҳои аввалия мегарданд, барои далел ва ё радди онҳо асосҳо меҷўянд. Ё баъзе такрор ба такрор дуршавии таҷрибавии адёнро аз мазмуну муҳтавои рўзгори аввали асосгузоронашон дар доираи манфиату ғаразҳо мушоҳида карда, воситаи асосии даромади «ходимони он муллову охунду попҳо» (Ш. Абдуллозода) шуданашонро дар маҷмуъ чун иллати ирсӣ ва бемории ин ҷаҳонбинӣ донистаанд . 
Ин гардиш танҳо ба хотири исботи вуҷуд ва ё инкори якҷонибаи зуҳуроти манфӣ ва ё мусбат дар сарчашмаҳои идеалӣ тафсиршаванда нест, ҳарчанд, ки ин масъала низ муҳим аст. Балки ба хотири кўшиши ҷавоб додан ба масъалаи илмиест, ки ислом ҳамчун дин ва ҷаҳонбинии динӣ дар таркиби ҳастии худ ифроту террорро дорад ё не, агар дошта бошад, дар кадом шакл ва сурат ин зуҳуроти манфӣ дар ҷаҳонбинии динӣ васлият дорад. Равшан аст, ки аксари онҳое, ки ба амалҳои ифротӣ ва террор даст мезананд, ба замми он ки дар фазои иттилоотӣ худро бо эътирозҳои исломӣ муаррифӣ менамоянд, такя ба ояту аҳкоми ҷудогонаи шариатӣ намуда, номи Худованди бузургро истифода мебаранд. 
Омўзиши аҳкоми қуръонӣ ва ҳидоятхои ахлоқию гуманистии аҳодиси набавӣ ва зуҳуру вуҷуди шахсиятҳои оламшумули фарҳангию илмӣ дар ислом бо таърихи пурғановати илмию ахлоқӣ гувоҳи он аст, ки дини мубини ислом дини таҳаммул, дини инсонгаро ва дини ақлпараст. Мақсад ва ҳадафи марказии он тарбияи инсони солеҳ ва оқил аст, ки худ ва Худованди хешро бишносад. Аз ин хотир ифрот аз ислом буда наметавонад ва ҳар нафаре, ки дар ин шароити рушди илму техника ва давлату ҷомеаҳо ба ифроту террор роҳ мардуми бегуноҳро ранҷ медиҳад, метарсонад ва ба қатл маҳкум мекунад, вай аллакай аз сарҳади ислом убур кардааст.    
Хулосаи калом он аст, ки беҳтарин мубориза бо андешаи ифротии дар хаймаи агндешаҳои динӣ зуҳур карда, талаботи инсондўстӣ ва таҳаммулгароёнаи худи ислом ҳамчну андешаи солими инсонсоз аст. Душман дини моро сўистифода менамояд ҳамчун яроқ, дини мо дар асл воситаю олоти маънавию муҳофизатии зиёд дорад, ки нияти бади душманонро ба осонӣ хунсо менамояд. 
 
Холиқзода А.Ғ. 
Ваҳобзода А.В.                                                   
Баромбеков В.А.  
Яндекс.Метрика