ТЭТ ҲНИТ- вабои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои амну осоиш ва сулҳу суботи комил ҳукмфармост. Барои  кулли шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, вазъи сиёсӣ ва эътиқоди диниву мазҳабӣ, шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ин ҳама ба туфайли Истиқлолияти сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.

 

ТЭТ ҲНИТ, ки соли 2015 бо қарори Додгоҳи Олии мамлакат ташкилоти экстремистӣ - террористӣ эълон гардид ва фаъолияти он қатъ гардонида шуд. Аммо ин гурӯҳи ҷиноӣ фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагони худ саҳм гузорад.

 

Мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИТ бохабар гаштанд. Бинобар ин, ба дасисаву иғвоҳои беасоси онҳо дигар бовар намекунанд. Мутмаинам, ки аҳли зиёии мамлакат, аз рӯи виҷдон ва ҳисси шаҳрвандӣ амал карда, даъватҳои муғризонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯй, моҷароангез ва хиёнаткорро сарфи назар менамоянд ва ба номуси баланди ватандориву ватанпарастӣ иснод намеоранд.

 

ТЭТ ҲНИТ аз замоне,  ки таъсис ёфт ва ба фаъолият шурўъ намуд, ба ҷузъ ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷўӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зўроварӣ дигар кори “ хайру савобе” накардааст. Оқибати майдоннишинӣ, қонуншиканӣ, муқовимати сиёсӣ ба чӣ овард, ҳама медонанд. Вале муассисону сарварон, аъзои ин ҳизб, фаъолони он таърихро зуд фаромўш намуда, худро “мусичаи бегуноҳ”, ҳатто «ҷабрдида», «бечораву» «оҷиз» мешуморанд.

Мутаассифона, чунин шароитҳои хуби фазои маънавиро баъзе аз аъзоёни мамнўъ гаштаи Ҳизби наҳзати исломи Точикистон нодида мегиранд. Онҳо берун аз кишвар дар манотиқи гуногун бо дастгирии молиявии хоҷагони худ бо ҳар роҳ тафриқаандозӣ  дар байни диндорон мекунанд. Бо ҳаргуна роҳу усулҳо дар фаъолияти худ кўшиш доранд мардумро ба роҳи  ғафлат ва гумрохӣ андозанд.  Дар ин ҷода мақоми иттиҳодияхои динии кишвар бояд бештар  бошад. Онҳо дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дӯши ходимони дин ва аҳли уламои кишвар вогузошта шудааст. Мавриди дидани аломатҳои ихтилофӣ бояд чораҷўӣ намоянд. Онҳо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Куръон, ҳадис ва мазҳаби ҳанафия  ба дигарон намунаи ибрат бошанд. То мардум аз онҳо омӯзанд ва ёд бигиранд.

 

Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон афкору ақидаҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ аз ҷумла, ТЭТ ҲНИТ-ро маҳкум менамоянд. Зеро роҳу равиши онҳо бар зидди арзишҳои милливу давлатӣ равона гардидааст.

 

Билохира Ҳукумати Федеретсияи Россия дар асоси як қарори Суди олии худ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ кард.

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика