Терроризм ва ифротгароӣ: усулҳои амалии муқовимат ба онҳо–баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бӯстон

Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи мазкур дар шаҳри Бӯстон як қатор чорабиниҳои ҳадафманди тарғиботию иттилоотӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Аз ҷумла дар доираи тадбирҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯcтон дар ҳамкорӣ бо мақмоти ҳифзи ҳуқуқ 25 августи соли равон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Терроризм ва ифротгароӣ: усулҳои амалии муқовимат ба онҳо” доир гардид.
Дар кори конференсия раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода, Садриддин Ширинбекзода - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода, намояндаи шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Далер Қурбонов, муовини прокурори шаҳри Бӯстон, мушовири адлияи дараҷаи 3 Гулшанбек Муҳаммадзода, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат ва баромад намуданд.
Ҳамзамон дар конференсия, муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, собиқадорони меҳнат, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо, аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва намояндагони васоити ахбори умум иштирок намуданд.
Кори конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оид ба рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, амалӣ гардонидани нақшаву тадбирҳои неку созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, иброз дошт, ки: “маҳз амалӣ гардидани сиёсати инсондӯстонаву дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти андешаи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мост” муттаҳид гардида, баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам пешрафтаву мутамаддин саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму ифротгароӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва амсоли инҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд. Зимни ироаи яке аз Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра ёдовар гардида, иброз доштанд: «Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад».
Роҳбари шаҳр ҳамзамон оид ба нақшаву тадбирҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб аз қабили терроризм ва ифротгароӣ ибрози назар намуда, дар ин ҷода фаъолнокии аҳли ҷомеаро тақозо намуд.
Дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои мафкуравии муқовимат бо терроризм ва ифротгароии динӣ” директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор маърӯза намуда, оид ба хатару таҳдид ва оқибатҳои ногувори терроризм ва ифротгароии динӣ баёни андеша кард. Мавсуф бо дарназардошти таъсири манфии истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сокинон ва бахусус ҷавонон, доман паҳн кардани созмону равияҳои террористиву экстремистии динӣ ва хатару таҳдидҳои он ба амнияту суботи ҷомеа ва дигар омилҳои номатлуб аз иштирокдорон ҷиҳати бурдани муборизаи дастаҷамъона даъват намуд.
Зикр карда шуд, ки мақсади муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд. Ва ин мақсадҳо бояд тариқи амалӣ намудани чорабиниҳои хусусияти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, профилактикӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ амалӣ гардонида шаванд.
Сипас, дар мавзӯи “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як инсони комил” маърӯзаи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон генерал – майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – таҳдид ба оромиву суботи ҷомеа” намояндаи шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далер Қурбонов, дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом ҳеҷ робитае надорад” маърӯзаи имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам Муҳаммадюсуф Қозиев ва дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир” маърӯзаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шунида шуд.
Маърӯзачиён оид ба таъсири манфии зуҳуроти терроризм ва экстремизм ёдовар гардида, аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам гардидани заминаи ҳуқуқии муқовимат бо ин омилҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ибрози назар намуда, бори дигар сокинонро баҳри муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуб даъват намуданд.
Сипас, Абдураҳимов Абдураҳмон – собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳанифа Тоҳирова собиқадори соҳаи маориф ва Суҳроб Мансуров гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои хешро ҷиҳати мубориза бо терроризм ва экстремизм баён намуда, изҳор доштанд, ки сокинони шаҳри Бӯcтон дар кадом шакле набошад чунин зуҳуроти номатлубро, ки ба амнияту суботи кишварҳо таъсири ногувор мерасонад маҳкум менамоянд.
Дар интиҳои кори конфронс аз ҷониби иштирокдорони конференсия муроҷиатнома қабул гардида, лоиҳаи он аз ҷониби омӯзгори ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 Беҳрӯз Назиров қироат карда шуд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки “мо мардуми шарифи Тоҷикистон борҳо шоҳиди сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавриди авф ва бахшоиш қарор додани шаҳрвандон ва бахусус ҷавонони ноогоҳ, ки бо ҳар роҳу восита ба сафҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷ иштирок намуданд ва дар донишгоҳҳои динии хориҷ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шуданд гардидем. Бо амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 апрели соли 2019 тариқи хатсайри махсус аз кишвари ҷангзадаи Ироқ 84 нафар кӯдакони сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки волидони онҳо дар маҳбасҳои ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд ба Ватан ва ҳаёти осоишта баргардонида шуданд. Ҳамзамон 25 июли соли равон бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз онҳо 42 нафар занон ва 104 нафарашон кӯдакон мебошанд аз кишвари Сурия ба Ватан баргардонида шуданд”.
Роҳбари шаҳр ҷиҳати вусъати фаъолият дар самти пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ва пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ масъулинро вазифадор карда, аз ҳамагон зиракиву ҳушёрии сиёсиро тақозо намуд.
Ширинбекзода Садриддин - ҲХДТ

Яндекс.Метрика