Воқеан, то вақте ки насли худогоҳу худшиноси миллат дар ҷомеа тарбият карда нашавад, рушди босуботи давлату миллат таъмин карда намешавад. Ҳар давлати соҳибистиқлол ба шаҳрвандоне эҳтиёҷ дорад, ки нисбати давлату миллат, арзишҳои фарҳангиву муқаддасоти миллии худ фидоӣ бошад, пайваста пайи арҷгузорӣ бо ин муқаддасот ва дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият додани онҳо саъй намояд, ватану миллати худро дӯст дошта,содиқона пайи таҳкими истиқлолияти давлатии сарзамини хеш, инчунин рушди муназзами тамоми бахшҳои ҷомеа камари ҳимат баста бошад. Танҳо ҳамин гуна шахсонро метавон шахсоне номид, ки соҳиби худшиносии миллиянд. Маҳз чунин шахсон ҳак доранд, ки ворисони ҳақиқии гузаштагони соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни гузаштаи миллат бошанд ва имрўз миллату давлатро соҳибӣ намоянд.
Яке аз роҳҳои тарбия намудани шахсияти созандаи миллат ин тарғибу ташвиқи масоили марбут ба худшиносӣ аст. Пеш аз ҳама барои ташаккул ва таҳкими худшиносити миллӣ тарбияи эҳсоси меҳру муҳаббат ба марзу буми кишвар, арљгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, огоҳӣ аз таърихи миллат, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ зарур ва аввалиндараља мебошад. Инсоне, ки дар руҳияи худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳо ва муқаддасоти миллат тарбия карда мешавад, чунин инсон барои рушду пешрафти миллат, баланд бардоштани парчами миллӣ, соҳибнуфузу соҳибэҳтиром гардидани миллат аз ҳељ навъи душворӣ намеҳаросад ва барои татбиқи ҳадафҳои зикршуда тамоми нерўи љимонию ақлонии худро сафарбар менамояд. Чунин шахс метавонад, ки воқеан ҳам нигоҳдоранда ва ҳомии фарҳанги ғанию созандаи ниёгони хеш бошад. Шахсе, ки дар худ худшиносии миллиро ташаккул медиҳад ва онро таҳким мебахшад, пайваста масъулияти худро назди миллату давлати хеш дарк намуда, дар љомеа сазовори ҷойгоҳ ва мақоми воло хоҳад гардид.
Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурат ва аҳамияти ташаккул ва таҳкими худшиносии миллиро дар таъмини истиқлолу суботи кишвар хеле бамаврид, воқеӣ ва дақиқ муайян намудааст: ”То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираи таърихӣ, ифтихор ва мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме ки ҳар як кадоми мо манфиати миллатро ҳамчун қарзи шахрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Ҳақ ба љониби Пешвои муаззами миллат аст. Давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз ашхоси миллатдўст, меҳанпараст, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва пурмасъулият дар назди фарҳанги ғании аљдодон, дар назди миллату давлати хеш ташкил мегардад. То вақте чунин ашхосро тарбия накунем, дар хусуси соҳибистиқлолии давлати миллӣ сухан гуфтан душвор аст. Бояд таъкид намуд, ки суханони хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат махсусан имрўз, ки абарқудратҳо бо бозиҳои геополитикии худ мунтазам ба рушди фарҳанги миллию соҳибистиқлолии давлатҳои љавон ва рў ба тараққӣ таҳдид менамоянд, шомили аҳамияти бузург мебошад.
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки ҳамагон ҷиҳати рушди худшиносии миллии насли навраси миллат кӯшиш намоем, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия созем, ҳамчун нафарони худшиносу худогоҳ ва созандагони ҷомеа ба камол расонем.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.