Забон падидаи иҷтимоест, ки инсониятро аз дигар махлуқоти зинда фарқ мегузорад. Маҳз тавассути забон инсоният дар ҷомеа бо ҳам муошират намуда, афкори худро баён мекунад. Миллати тоҷик низ аз қадимулайём бо забон ва фарҳанги волои худ дар ҷомеа мақоми хосса доштанд ва доранд. Маҳз кўшишу заҳматҳои абармардони ин миллат буд, ки забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои маҳаллӣ то кунун арзи ҳастӣ карда, рўз то рўз ташаккулу таҳаввул намуда истодаанд.
Новобаста аз он ки баъди ҳуҷуми арабҳо ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ва интишори дини Ислом дар ин минтақа забони давлатӣ забони арабӣ қабул гардиду аксарияти осори илмӣ ба забони арабӣ навишта мешуд, бузургони ин миллат тавонистанд забони тоҷикиро пойдор нигоҳ доранд. Бузургони ин миллат аз Рўдакию Фирдавсӣ то Донишу Айнӣ барои пойдории ин забон заҳматҳои зиёд кашидаанд. Аксарияти донишмандон бо ду сабаб, яке аз тарси ҳукумати замон ва дигар ба хотири интишори асар дар саросари минтақа бо забони арабӣ асар эҷод мекарданд. Дар чунин шароит бузургони форсу тоҷик ба хотири ҳифзи бузургтарин арзиши миллиашон-забони модарӣ заҳматҳои зиёде кашида, қисмате аз осори худро бо забони тоҷикӣ навиштаанд. Аз ин қабил донишмандони посдорандаи забону фарҳанги миллати худ Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ ва дигаронро метавон ном бурд.
Вобаста ба таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар сарчашмаҳои исломӣ бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ нақши бориз гузошта, барои пойдор мондани фарҳанги исломӣ ва густариш додани он ба дигар манотиқи олам хизматҳо кардааст. Агар ба сарчашмаҳои муътамади исломӣ нигарем, албатта, сараввал Қуръони кариму ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) пеши назар меояд, ки дар онҳо баъзе вожаҳои забони тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, дар Қуръони карим ба назари бархе аз донишмандон баъзе аз вожаҳои тоҷикӣ дида мешавад, ки бо таѓйири ҳуруф шакли арабӣ гирифта, аммо решаи аслиашон форсӣ-тоҷикист, ба монанди: اَباریق (абориқ), بِیَع (бияъ), تَنّور (таннур), جَهَنّم (ҷаҳаннам), دینار (динор), اَلرَّس (ар-рас), زَنجبیل (занҷабил), اَلسِّجِلِّ (ас-сиҷҷил), سُرادِق (суродиқ), سُندُس (сундус), قُفل (қуфл), کافُور (коффур), کَنز (канз), مِشک (мишк), مَقالید (мақолид), یاقُوت (ёқут) ва ѓ.
Мусаллам аст, ки баъди интишори дини ислом дар сарзамини тоҷикон таълифи осори илмӣ-фалсафӣ қариб, ки ҳамагӣ ба забони арабӣ рўи кор мебаромадаанд. Вале, дар чунин шароит забони тоҷикӣ асолати худро гум накарда, ҳамчун оинаи осори ниёконамон баромад кардааст.
Аз он ҷо, ки масъала ба ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ дар сарчашмаҳои исломӣ равона гардидааст, ин ҷо зикри баъзе аз суханони Паёмбари ислом (с)-ро, ки дар онҳо вожаҳои забони тоҷикӣ ба назар мерасад, зарур мешуморем. Шефтагӣ ва ширинии забони тоҷикӣ буд, ки Паёмбари ислом (с) дар баъзе ҳадисҳояш вожаҳои тоҷикиро истифода кардаанд. Чуноне ки Икрима аз Ибни Аббос ривоят мекунад, рўзе Салмони Форс ба назди Паёмбар омад, он ҳазрат ба забони тоҷикӣ ба вай гуфт: «درسته و سادته (дурусте ва содате)». Ба назари баъзе муҳақкиқон мафҳуми ин ибора «ба тандурустӣ ва шодӣ» аст, ки тарҷумаи он «اهلاً و سهلاً» (аҳлан ва саҳлан)-и арабӣ мебошад. Дар ривояти дигаре омадааст, ки дар китоби "Саҳеҳ Бухорӣ" дар боби «من تكلم بالفارسية والرطانة» рақами 2907, аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Ҳасан ибни Алӣ ҳангоми хурдсолӣ хурмоеро аз хурмоҳои садақа барои хўрдан гирифт, вақте хурморо ба даҳон андохт, Паёмбар (с) бо забони тоҷикӣ ба ў гуфт: «کخ کخ» (ких-ких). Ин мафҳум дар забони мардумӣ ба хотири боз доштани тифле аз хўрдани чизе истифода мешавад. Ин амали анҷомдодаи Паёмбари ислом ба хотири манъ будани хўрдани садақа ба ў ва хонаводааш буд. Инчунин Паёбари ислом аз таҷрибаҳои ҷангии яке аз саҳобагони бузурги форснажод Салмони Форс истифода кардааст ва дар натиҷа баъзе истилоҳоти тоҷикӣ ба забони арабӣ ворид шудаанд. Яке аз ин вожаҳо "хандақ" мебошад, ки Салмони Форс дар яке аз ҷангҳо ба тарафдорони Паёмбар кандани хандақро тавсия дод ва он ҷанг дар таърихи ислом бо номи "Ҷанги хандақ" машҳур гардид. Истилоҳи "хандақ" вожаи форсӣ-тоҷикӣ буда, аз он замон ба забони арабӣ ворид гаштааст.
Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии Салмони Форс, Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дигар шахсиятҳо, ки дар рушди фарҳанги исломӣ таъсири беандоза доранд, нишон дод, ки онҳо аз ҳувият ва арзишҳои миллии худ ҳимоят карда, баъзеи онро бо арзишҳои исломӣ омезиш додаанд. Чун аз таҷрибаи Салмони Форс дар умури ҷангӣ дар боло зикр кардем, аммо таъкид кардан зарур аст, ки ў аввалин бор баъзе оятҳои Қуръони каримро ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума намуданд. Ў нахустин бор таъбири маъмул “بسم الله الرحمن الرحيم”- ро “Ба номи Яздони бахшоянда” тарҷума кардааст. Дар баъзе сарчашмаҳо навиштаанд, ки амиралмуъминин Алӣ ибни Абутолиб (р) бо Салмони Форс дар баъзе вақтҳо байни якдигар доир ба масъалаҳои гуногун бо забони тоҷикӣ муколама мекардаанд. Рўзе Алӣ ибни Абутолиб чунин гуфт: "امزوت اهمين وس", яъне "имрузат ҳамин қадар бас аст". Ба назари баъзе донишмандон Салмони Форс нахустинбор сураи Фотиҳаро ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума намудааст. Дар ин хусус, гуфтан ба маврид аст, ки забони тоҷикӣ аввалин ва қадимтарин забонест, ки Қуръон ба он тарҷума шуд. Нахустин тарҷумаро тарҷумаи оёте аз Қуръон дар номаи Паёмбари ислом ба Хусрави Парвиз ва қадимтарин мутарҷимро Салмони Форс медонанд. Баъдан қарнҳо тўл кашид, то Қуръон ба забонҳои дигар тарҷума шавад. Маълум аст, ки халқиятҳои эронинажод ё касоне, ки таҳти таъсири фарҳанги гузаштаи мо забони форсӣ-тоҷикиро омўхта буданд, тавассути ин забон аз Қуръон бештар баҳра мебурданд, зеро омўхтани забони арабӣ нисбат ба забони форсӣ-тоҷикӣ душвор буд.
Чун дар доираи тарҷума фаҳми Қуръон душвор гардид, донишмандон ба навиштани тафсир пардохтанд. Агар аввалин тафсири Қуръони карим ба забони арабӣ бошад ҳам, аммо нависандаи он донишманди бузурги эронитабор Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мебошад. Аввалин тафсир баъд аз забони арабӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ бо номи "Тафсири Ҳусайнӣ" аз ҷониби Ҳусайн Воизи Кошифӣ навишта шуд, ки Кошифӣ дар тарҷума ва шарҳи оятҳои Қуръони карим аз масалу ашъори орифони бузург мисолҳои зиёд овардааст.
Поягузори мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит нияти намозро ба забони тоҷикӣ ҷоиз шуморид. Ин буд, ки мусулмонони ҳанафимазҳаби дигар қавму миллатҳои ѓайриараб, аз қабили урдуҳо, паштуҳо, курдҳо, узбекҳо ва дигарон, ки пайрави мазҳаби ҳанафиянд, нияти намозро ба забони тоҷикӣ мехонданд. Ин амали Абуҳанифа нишонаи эҳтироми ў ба забони модарӣ аст.
Қобили зикр аст, ки аввалин осори фиқҳӣ низ баъд аз забони арабӣ бо забони тоҷикӣ навишта шудааст. Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз ҷумлаи фақеҳони машҳури замони Сомониён мебошад, ки аввалин шуда дар доираи фиқҳи исломӣ китоби "ас-Савод-ул-аъзам"-и худро бо забони форсӣ-тоҷикӣ китобат кардааст.
Аз тарафи дигар густариши Ислом ба гузаштагони бумии эронитабор вобаста аст. Баъд аз паҳн шудани Ислом дар сарзамини эрониён, гузаштагони мо ин фарҳангро бо забони форсӣ-тоҷикӣ то кишвари Муѓулистон густариш доданд. Онҳо ба ин сарзаминҳо сафар карда, Исломро паҳн карданд. Дар Ҳинди қадим, ки имрўз бахши ѓарбиаш ба номи Покистон машҳур аст, Абулҳасан Алӣ ибни Усмони Ҳаҷвирӣ, ки аз орифони эронитабор аст, Исломро ривоҷ додааст. Орифони дигаре дар ин давра то дуртарин нуқтаи ҷаҳон аз ҷумла Ҳинди Шарқӣ, ки Бангладеши имрўза аст, рафтаанд ва мардуми онҷоро мусулмон кардаанд. Ҳамин тавр, қисме аз мардумони Ҳинду Чин, Малайзия, Камбуҷия, Филипин ва Индонезия низ тавассути орифони мо бо Ислом ошно шуданд. Ба ҳамин хотир забони форсӣ-тоҷикӣ барои онҳо ҳукми забони диниро дошт. Имрўзҳо ҳам дар баъзе масҷидҳои кишварҳои зикршуда катибаҳои бо ашъори форсӣ-тоҷикиро мушоҳида кардан мумкин аст [3]. Тавре ки дар боло гуфтем, онҳо дар асоси фатвои Абўҳанифа нияти намозашонро низ бо забони форсӣ-тоҷикӣ баён мекунанд. Бисёре аз истилоҳоти тоҷикӣ дар забонҳои ин минтақаҳо ба сурати иқтибос вуҷуд дорад, ки нишон аз таъсири фарҳанги эронии исломӣ дар ин манотиқ аст.
Абдулҳайи Лакнавӣ муҷаддид ва донишманди бузурги ҳанафимазҳаби нимаи дуюми асри XVII қораи Ҳинд асари фиқҳие бо номи "Аҳкому-н-нафоис фӣ адои-л-азкор би лисони-л-форис" таълиф кард, ки дар он масъалаҳои зикр, дуъо ва дигар ибодатҳо бо забони форсӣ-тоҷикӣ баён шудааст.
Дар натиҷаи омўзишҳо маълум гашт, ки бисёре аз донишҳои динӣ низ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба риштаи таҳқиқ даромада буд. Забони форсӣ-тоҷикӣ тавонист дар таҳким ва тарвиҷи маорифи исломӣ дар байни касоне, ки ё форсизабон буданд ва ё форсиро медонистанд, нақши худро гузорад. Аз ин рў, ин забон дар байни кишварҳои дурдасти тамаддуни исломӣ пас аз забони арабӣ дуюмин забони мазҳабӣ маҳсуб мешавад, ба хусус дар минтақаҳои туркзабон ва Ҳинд. Ин алоқа ба забони форсӣ-тоҷикӣ то он ҷо буд, ки туркҳои мусулмон ҳар куҷо, ки ҳукумат ташкил карданд, забони форсӣ-тоҷикиро забони расмӣ эълон карданд. Инро ҳам дар сулолаҳои Шайбониён ва Темуриён мушоҳида кардан мумкин аст, ки забони расмияшон забони форсӣ-тоҷикӣ буд.
Дар давлати Усмониҳо, ки минтақаҳои зиёдро дар ихтиёр доштанд, муддатҳо забони форсӣ-тоҷикӣ забони расмӣ буд. Ҳатто дар Босня ва Герцоговина, ки дар зери тобеияти Усмониҳо буданд ва аксари мардумонашон мусулмон буданд, забони форсӣ-тоҷикӣ он қадар ривоҷ дошт, ки дар байни донишмандон ва адибони онҳо ба шахсиятҳои зиёде бармехўрем, ки шарҳи "Маснавӣ", "девон"-и Ҳофиз ва осори дигари бузургони ниёгони моро аз худашон ба мерос гузоштаанд. Шарҳи "Девони Ҳофизи Шерозӣ", "Шарҳи Гулистон ва Бўстони Саъдии Шерозӣ"-и Аҳмад Судии Боснягӣ аз ин қабиланд [3].
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, забони мардуми Хуросону Мовароуннаҳр пеш аз интишори дини ислом дар ин сарзамин забони дарӣ (тоҷикӣ) буда, забони паҳлавӣ забони мардуми Эрон буд, ки баъди ҳуҷуми араб ба ин минтақа ин ду забон бо забони арабӣ омезиш ёфта, дар маҷлису маҳфилҳо баробар истифода мегардиданд. Дар ин росто таҳқиқи густурдаи Пешвои миллатро зикр кардан ба маврид аст, ки дар асараш "Забони миллат - ҳастии миллат" чунин нигоштааст: "Макони пайдоишу густариши забони адабиву китобии тоҷик Хуросону Мовароуннаҳр аст" [2, 128]. Муаллиф ба сарчашмаи нисбатан қадимтар, яъне «Таърихӣ Бухоро»-и Абубакри Наршахӣ руҷўъ мекунад, ки дар он омадааст: аҳли Бухоро дар масҷиди ҷомеи Бухоро, ки соли 713 Қутайба ибни Муслим онро дар ҷойи бутхона бино карда буд, дар намоз Қуръонро ба форсӣ мехондаанд «дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ [1, 67]», [2, 175-176].
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ташаккулу такомули забони тоҷикӣ дар сарчашмаҳои исломӣ баъди интишори дини ислом ва омезиши фарҳангу анъанаҳои динӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллии мардуми бумии Мовароуннаҳру Хуросон бештар рушд намуд. Чун дар фарҳанги қадимаи тоҷик баъзе анъанаҳои динӣ аз қабили, намоз ва рўза вуҷуд дошт, дар фарҳанги исломӣ вожаи "салот" ба "намоз" ва вожаи "савм" ба "рўза" тарҷума гашт. То ин замон мардуми мусулмони туркнажод ва қафқоз ду аркони бузурги динӣ на бо истилоҳи арабӣ, балки бо вожаҳои тоҷикӣ истифода мешаванд. Зеро мардуми ориёнажоди мо пеш аз ислом дар зери таълимотҳои дини Зардуштия намоз ва рўза мегирифтанд.
Дар умум, забони тоҷикӣ аз аввалҳои пайдоиши ислом дар симои Салмони Форс, баъдан дар партави осори бузургони форснажод аз қабили, Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит, Исмоил ибни Аҳмади Бухорӣ, Ҳакими Самарқандӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон дар рушду нумўи фарҳанги исломӣ нақши бориз гузошт. Ин абармардони таърих ба хотири ҳифзи бузургтарин арзиши миллӣ забони тоҷикӣ талошҳои беандоза кардаанд. Маҳз хизматҳои эшон буд, ки забони тоҷикӣ ба забони дуюми дини ислом ва ҳатто дар баъзе минтақаҳо ба забони омўзиши фарҳанги исломӣ машҳур гашт.
Рўйхати адабиёт:
1. Абубакри Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Тасҳеҳ ва таҳияи Мударриси Разавӣ. - Теҳрон, 1363//1984, - С. 67.
2. Раҳмон, Э. Забони миллат - ҳастии миллат. Китоби якум. Душанбе, "Эр-граф", 2016. - 516 с.
3. https://farsi.khamenei.ir/others-dialog?id=24911
Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ