Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад.
Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёитаборон аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замонҳои қадими то таърихӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар асри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Митраро дар Эрони қадим ба сифати ҳакими тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то мелод ва аасри дуюми мелодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр– Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар шаҳри Гарни (асри якуми м.) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар шаҳри Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран, Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад.
Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст.
Гузаштагони дури мо–ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо дар даврони қадим ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро – Худои Офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд. Калимаи «бағ» дар порсии қадим ба маънои худоён ва баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил гаштааст. Барои тасдиқи ин фикр муҳаққиқон овардаанд, ки моҳи бобулии «Ташрӣ» - моҳи Шамс, яъне Офтоб будааст. Чуноне ки моҳи тақвими зардуштии «адвор» ҳамон меҳрмоҳро мегуфтаанд ва дар арманҳо номи моҳе, ки муодил (ҳамноми) ин моҳ аст, Маҳкон ном дорад. Дар форсии қадим моҳи иди бағ (ё ба суғдӣ фағ) низ маънои Меҳр – Офтобро доштааст. Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум ва аниқ аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!
Меҳргон, ҷашни он, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Эронинажодон дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст.
Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳро ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст».
Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Дар яке аз онҳо омадааст, ки пас аз солҳои тӯлонӣ (ҳазор сол) ҳукм рондани Заҳҳоки Биюросб (Заҳҳоки Морон) ва бо морони майнаи одамхораш зулми зиёдеро ба халқ раво дидани он, халқ ба дод омадаву тоқат аз даст дода ба муқобили ӯ бармехезад ва вориси тоҷу тахти сулолаи қадимаи Пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият мехонад. Шӯришгаронро Коваи Оҳангар сарварӣ мекард, ки аз дасти Заҳҳок ҷабри бисёре дида буд. Заҳҳок ҳабдаҳ писари ӯро ба қатл расонида, мағзи сари онҳоро ба морони майнахӯраш дода буд. Коваи Оҳангар пешдомани чарминашро ливо карда одамонро барои нобуд сохтани Заҳҳок мебарад. Заҳҳок аз ҳамлаи мардуми озодихоҳу адолатҷӯ мағлуб мегардад. Халқ Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд маҳбас карда, Фаридунро ба тахти меросии аҷдодонаш мешинонад. Аз ҳамон вақт таъбири «дирафши ковиёнӣ» пайдо гаштааст.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ