Такмили ихтисоси ходимони дин

Имрӯз тибқи барномаи тасдиқгардидаи курсҳои бозомӯзии ходимони динӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносон ва олимон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дарси навбатӣ дар мавзӯи «Инъикоси шаклҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» баргузор гардид.

 Дар рафти суханронӣ  котиби илмии Маркази исломшиносӣ таъкид карданд, ки  аз рафти таҳлили сомонаҳои шабакаи иҷтимоии интернет маълум мегардад, ки дар айни замон дар фазои иттилоотии кишвар тарғиби идеяи «хилофати ис¬ломӣ» нисбат ба дигарон хеле зиёдтар буда, шаҳрван¬до¬ни кишвар аз онҳо истифода мебаранд ва ё дар саҳифаи интернетии худ «Одноклассники», «Фейсбук» онро ҷамъ намуда, бо илова кардани шарҳу тафсири худашон онҳоро паҳн мекунанд. Вақте ки андешаҳои муаллифону мубаллиғони гурӯҳҳои сиёсию ифротгароиро ба ҳам муқоиса менамоем, дар байни онҳо аз нигоҳи такя ба манбаҳои асосӣ фарқияти куллӣ ба мушоҳида намерасад. Зеро ҳамаи онҳо аз Қуръону ҳадис далел меоваранд. Вале пайравони ҳар як мактаби динӣ-сиёсӣ гуфтору навиштаҷоти роҳбарони худро асос қарор медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сомонаи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон https://mvd.tj/index.php/ru/ фаъолияти зиёда аз 80 со¬мо¬на¬ҳои интернетӣ барои тарғиботи андешаҳои экстре¬мистӣ ва террористӣ дар қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар фазои иттилоотии кишвар бошад фаъо¬лия¬ти мубаллиғони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ то ҳол фаъол ҳастанд. Бинобар ин, номгӯи со¬мо¬наҳое, ки ба ташкилотҳои мазкур мансу¬банд барои тар¬ғиботи экстремизм ва терроризм дар кишвар фаъолияти онҳо манъ карда шудааст.

Яндекс.Метрика