Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамаи ҷавонони кишварро самимона табрику таҳният гуфта, амалишавии некӯтарин орзуҳоро таманно менамояд.
Ҷавонон насли ояндасози миллатанд ва саҳми онҳо дар пешрафт ва инкишофи ҷомеа бениҳоят муҳим аст. Омӯзгорони ҷавон, ки бо ҳавасу умед ва азму иродаи қавӣ ба соҳаи маориф ворид мешаванд, нерӯ ва илҳоми навро ба соҳаи таълиму табрия меоранд. Онҳо на танҳо дониш ва малакаҳои худ, балки ғуруру муҳаббати худро ба ҷавонони насли навин интиқол медиҳанд ва дар ташаккули шахсият ва ҳувияти миллӣ нақши муассир мебозанд.
Дар ин рӯзи фархунда, мо ҳамаи ҷавонони ҷумҳуриро, ки бо меҳнати ҳалолу худфидоёнаи худ дар рушди давлат саҳм мегузоранд, табрик мегӯем. Ҷавонони мо бо ихлосу иродаи қавӣ ва муҳаббат ба Ватан роҳи ояндаи худро муайян мекунанд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Мо, боварӣ дорем, ки ҷавонон бо масъулияти баланд ва заҳмати худ дар рушд ва пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Аз фурсати муносибат истифода бурда, ҳамаи ҷавонони кишварро бо иди Рӯзи ҷавонон табрик мегӯем ва барояшон дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳои беназир, тандурустӣ ва сарбаландиро орзумандем. Ба онҳо муваффақиятҳои навин, пешравӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таманно дорем.
Барои ҷавонон, ки равшангари роҳи ояндаи миллатанд, мо орзу дорем, ки ҳар яки онҳо дар зиндагӣ ва кор ба муваффақиятҳои баланд ноил гарданд ва дар ободии Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон