Муҳтарам кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат!
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» соли 2012 дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як санаи хотирмон барои кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ илова гардид, ки ҳамасола 25-уми январ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад.
Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мамлакатро ба иди касбӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва ҷиҳати содиқона ва софдилона татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолӣ барору комёбӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно менамояд.
Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муборак бод!
Роҳбарияти
Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон