СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР КУРСИ “ЗАН-САРВАР” ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ

Санаи 30 - уми октябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳо) шаҳри Душанбе курси ғайринақшавии такмили ихтисос аз рўйи барномаи “Зан – сарвар” оғоз гардид.

Дар курси мазкур директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуд. Профессор, Холиқзода Абдураҳим вобаста ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумати кишвар ба қишри занон ибрози андеша намуд.

У қайд кард, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд ва дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Сарвари давлат дар суханрониҳои хеш пайваста иброз медоранд, ки зан - модари тоҷик неруи бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар буда, баробари мардон дар эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нақши боризе дорад. Бинобар ин, масъалаи беҳбудии зиндагии занону духтарон ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Директори Маркази дар бораи ду қонуни миллӣ Қонуни ҶТ " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва Қонуни ҶТ " Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд " ба муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳо) шаҳри Душанбе курси ғайринақшавии такмили ихтисос аз рўйи барномаи “Зан – сарвар” ба таври муфассал баромад намуд.

Дар фарҷом байни иштирокчиёни курс, саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика