1. Ба ақл зиндагӣ кунему бо дил хуш бошем.
2. Барои фикр кардан бояд аввал дилро аз кинаю бадӣ пок кард.
3. Бинои зиндагӣ бар тақлид аст, аммо ҳунарманд бояд аз тақлид бипарҳезад.
4. Танҳо зане, ки озор намерасонад, модар аст.
5. Ақли ноқис аст, ки миёнаи дилҳоро ба ҳам мезанад.
6. Агар ақл комил шуд, дил бад-ў таслим мешавад.
7. Ҳар кас метавонад ҳар рўз худро беҳтар аз дирўз бисозад.
8. Агар бояд рашк бурд, ба касе рашк бибарем, ки хушбахт аст.
9. Ҳар ҷо ду нафар бошанд, яке ҳоким аст, дигаре маҳкум.
10. Ишқ оташ аст, агар набошад, хона сарду торик аст, аммо агар беҷо афтод, хонаву хонумонро месўзад.
11. Он ки некбахтии худро ба дасти дигаре медонад, басе нокомӣ хоҳад кашид.
12. Гоҳ аз як табассум ҳамчу як лабханди офтоб дунёе равшан мешавад.
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ