СУХАНОНИ БЕНАЗИРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!

Халқи бузургвору қаҳрамони ман!
Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру Давлати пирӣ орзумандам.
Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати Миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем. Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми Тоҷик осудаву обод аст. Бигзор, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд. Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад. Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати Миллӣ, азми ватансозиву ватандорӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат бошад. Пояндаву ҷовидон бод истиқлолу озодии халқи Тоҷик ва Давлати Тоҷикон. Ҷовидон бод дастовардҳои бузурги замони истиқлол – сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати Миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон. Зиндаву ҷовид бод Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикон. Поянда бод Миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ва соҳибмаърифату фарҳангсолори Тоҷик!
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ – ба сӯи қуллаҳои боз ҳам баланди пешрафту тараққиёт!

Яндекс.Метрика