Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини заминаҳои ҳуқуқии рушди босуръати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таваҷҷўҳи зиёде зоҳир менамояд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба МО ҶТ (соли 2019) суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ ва аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат ба шахсони мансабдор таъкид карданд, ки ҳангоми қабули қарорҳо ба масъалаи таъмини рушди истеҳсолоти саноатӣ афзалият дода шавад. Тибқи дастури Сарвари давлат, то соли 2030 бояд ҳиссаи саноат дар ММД аз 17% то 22,3% зиёд карда шавад. Барои ноил шудан ба ин мақсад ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро барои ҷалби сармояи мустақим, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор даровардани корхонаҳои ғайрифаъол ва ташкили ҷойҳои корӣ тақвият бахшанд.
Яке аз омилҳои муҳиме, ки барои ноил шудан ба рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад, навсозӣ ва такмилу таҳкими тамоми самтҳо ва ниҳодҳои фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки тиҷорати хурд дар рушди иқтисоди бозорӣ ва таъмини тавозуни байни самаранокии бозор ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рў, барои ташкили фаъолияти пурсамари соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, илова бар тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки дар сатҳи давлатӣ андешида шудаанд, омўзиш ва татбиқи асосҳои илмию назариявӣ ва усулу таҷрибаҳои амалии рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар хеле муҳим мебошад.
Муҳимтарин шарти ташаккули шароити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳар кишвар - кафолати конститутсинӣ ва қонунии ҳуқуқ ба моликият мебошад. Ҳуқуқ ба моликият дар моддави 32 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода ёфтааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос мебошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад…» . Дар айни замон ҳукумати кишвар барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ѓамхорӣ ва таваҷҷўҳ зоҳир намуда, ба ин мақсад барои гурўҳи муайяни субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурде, ки ба истеҳсол ва коркарди саноатии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ машѓуланд, инчунин, барои корхонаҳо ва ширкатҳое, ки молҳои мавриди ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон, маводи доруворӣ истеҳсол мекунанд, як қатор имтиёзҳо ва сабукиҳоро муқаррар кардааст.
Чуноне, ки аз таҳлили адабиёти илмӣ - тахассусии марбут ба мавзўи соҳибкорӣ бармеояд, фазои соҳибкорӣ муҳимтарин категорияеро муайян мекунад, ки он дараҷаи шароити мусоидро барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ инъикос мекунад.
Вуҷуди фазои мусоиди соҳибкорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар навбати худ барои функсияҳои асосии иҷтимоии худро дуруст ва бомуваффақият анҷом додани соҳибкорӣ, афзоиши ҳаҷми пардохти андоз ба буҷаи кишвар, рафъи камбизоатӣ, зиёд шудани даромади меҳнатии аҳолӣ, фаровонии молу маҳсулоти ватанӣ, умуман, барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат мекунад.
[1]Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: «Нашриёти Ганҷ», 2016. –С. 18.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.